Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ҳамлаҳо “аз сӯйи Афғонистон” дар ду ноҳияи наздимарзиро “амалҳои ғайриқонунӣ ва иғвоангез” номида, шадидан маҳкум кардааст. Дар ин ҳамлаҳо дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳини вилояти Хатлон ва Дарвози вилояти Бадахшон панҷ шаҳрванди Чин кушта ва панҷ тани дигар захмӣ шуданд.
Раисҷумҳури Тоҷикистон рӯзи якуми декабр дар машварат бо масъулони ниҳодҳои қудратӣ хостааст, нагузоранд, ки чунин ҳодисаҳо такрор шаванд. Дар ин машварат, ба иттилои дафтари раёсати ҷумҳурӣ, “вазъи кунунӣ дар сарҳади давлатӣ миёни Тоҷикистону Афғонистон ва роҳҳои тақвияти ҳифзи он баррасӣ шуд.”
Дар ҷаласа гуфта шудааст, ки “давоми як ҳафтаи охир ду ҳодисаи тирандозӣ ба хоки Тоҷикистон аз он сӯйи сарҳад рух дод, ки дар натиҷа панҷ кас фавтида ва панҷ каси дигар захмӣ шуданд.”
Бар асоси баёнияи расмӣ, Эмомалӣ Раҳмон ба масъулон дастур додааст, ки “доир ба ҳалли масъала ва пешгирӣ аз такрори чунин ҳодисаҳои нохуш аз чораю тадбирҳои муассир кор бигиранд.”
Шаби 26-уми ноябр дар як ҳамла ба қароргоҳи як корхонаи заршӯйӣ дар ноҳияи Шамсиддини Шоҳини вилояти Хатлон, ки аз кишвари ҳамсоя анҷом шуд, 3 шаҳрванди Чин кушта шуда, як корманди дигари чинӣ дар ҷараёни тирандозӣ сахт захмӣ шуданд.
Рӯзи 30-юми ноябр дар ҳамла аз самти Афғонистон ду роҳсози чинӣ дар ҳудуди ноҳияи Дарвози Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон кушта шудаанд. Захмиҳо низ ҳастанд.
Ба гузориши хабаргузории “Рейтерс”, Чин аз шаҳрвандонаш хостааст, аз минтақаҳои марзӣ дар сарҳади Тоҷикистону Афғонистон берун шаванд.
Чанде аз кишварҳо, аз ҷумла Эрону Покистон, ҳамлаи аввалро дар марзи Тоҷикистон ва Афғонистон теpрористӣ хонда, шадидан маҳкум карданд.
“Толибон”, гурӯҳи ҳоким дар Афғонистон, дар пайванд ба ҳодисаи аввал гуфт, дар ин рӯйдод доираҳое “даст доранд, ки барои эҷоди ошӯб, бесуботӣ ва доман задан ба беэътимодӣ миёни кишварҳои минтақа талош мекунанд.” Дар ин баёния аз ҳеч гурӯҳ ё ҳалқае ном бурда нашудааст.
Баъди ба сари қудрат омадани "Толибон" заршӯӣ ва истихроҷи тило дар соҳили дарёи Панҷ зиёд шуд. Дар баробари шаҳрвандони Афғонистон чиниҳо ҳам дар он ҷо тило меҷӯянд ва гурӯҳе аз онҳоро ба далели убури ғайриқонунии марз боздошт ҳам кардаанд.