Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сарнавишти норӯшани фарзандони ҷангҷӯёни "Давлати исломӣ" дар Тоҷикистон. ВИДЕО


Бо гузашти се сол сарнавишти кӯдакони бозгашта аз Ироқу Сурия норӯшан аст
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:41 0:00

Бо гузашти се сол сарнавишти кӯдакони бозгашта аз Ироқу Сурия норӯшан аст

Мақомоти тоҷик мегӯянд, кӯдаконе, ки аз Ироқу Сурия оварда шудаанд, дар шароити хуб нигоҳдорӣ мешаванд, аммо муҳлати бозгардондани онҳо ба наздиконашон маълум нест.

Як масъули ваколатдор гуфт, ин кӯдакон “пурра ба муҳити ҷомеаи мо омода ҳастанд.” Мақомот дар ду марҳила ҳудуди 190 кӯдаку наврасро аз Ироқу Сурия ба Тоҷикистон оварданд, вале то ҳол онҳоро аз ҷомеа пинҳон нигоҳ медоранд.

“Ба мо гуфтанд, ки ба касе чизе нагӯед”

Миҷгона Бобоҷонзода, ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак, рӯзи 1-уми август зимни нишасти хабарӣ гуфт, равоншиносон бо кӯдакони аз Ироқу Сурия оварда кор мекунанд. “Ҳама шарту шароит барои онҳо муҳайё карда шудааст. Мавриди ҳимоя ва ғамхории давлат қарор доранд. Барои ба ҳаёти осоишта баргардондани онҳо дар оянда низ мутахассисон корбарӣ мекунанд,"-афзуд ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак.

Миҷгона Бобоҷонзода ва дигар масъулини Ваколатдор аз гуфтани макони нигоҳдории кӯдакон худдорӣ мекунанд. Соли 2019 даҳҳо кӯдаку наврасро баъди овардан аз Ироқ дар осоишгоҳе дар ноҳияи Варзоб ҷой доданд. Дар ин муддат ба рӯзноманигорон иҷозаи суҳбат бо наврасонро надоданд. Хешу таборашон ҳам онҳоро бо мушкилӣ мебинанд.

Волидайни яке аз ин кӯдакон бо шарти зикр нашудани номаш ба Радиои Озодӣ гуфт, ҳар моҳ як бор ва баъзан дар ду моҳ азизонашонро мебинанд. “Аҳволашон хуб аст. Лекин ба мо гуфтанд, ки дар бораи ҷойи кӯдакон бо рӯзноманигорон гап назанед. Вақте пурсидем, ки кай онҳоро ба мо медиҳед, чизи аниқ намегӯянд,”-афзуд ин ҳамсуҳбати мо.

Кӯдакон ба муҳит омода шудаанд?

Мавзӯи ба волидонашон надодани кӯдакону наврасони аз Ховари Миён оварда пештар низ баҳсҳоеро ба миён оварда буд. Ҳоло мақомот аз бозгашти тадриҷии кӯдакон ба ҳаёти муқаррарӣ суҳбат мекунанд.

Суҳайлӣ Қодирӣ, як масъули Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак рӯзи 1-уми август гуфт, борҳо бо кӯдакону наврасон вохӯрӣ карда, аз аҳволашон бохабаранд. Ҷаноби Қодирӣ гуфт, “аллакай он вазъ ва руҳияе ки онҳо доштанд, дида намешавад. Аллакай пурра онҳо ба муҳити ҷомеаи мо омода ҳастанд.”

Сарфи назар аз ин, мақомот мегӯянд, кӯдакон ба “муҳити ҷомеа” омода шудаанд, вале маълум нест, ки чаро онҳоро ба пайвандонашон намедиҳанд. Ба гуфтаи Суҳайлӣ Қодирӣ, барои бозгардонии кӯдакону наврасон ба ҳаёти муқаррарӣ аз сӯи раиси ҷумҳур нақшае қабул шудааст. “Ин нақша се марҳиларо дарбар мегирад. Дар марҳилаҳои муайяни ин нақша чорабиниҳои муайян аз тарафи мақомоти давлатӣ роҳандозӣ мешаванд. Шуруъ аз мушаххас намудани шахсияташон, ҳуҷҷатугузории онҳо, илова ба ин пайдо намудани хешу табори онҳо, ки тавонанд онҳоро дар оянда соҳибӣ кунанд. Илова ба ин бартараф намудани ҳолати мураккаби равонӣ, саломатӣ, бисёр ҷанбаҳои дур мондан аз фарҳангу забону ин чизҳо аст. Ин масъалаҳо пурра бартараф карда мешаванд,”-таъкид кард Суҳайлӣ Қодирӣ.

Шарҳи Вазири тандурустӣ

Тақдири кӯдаконе, ки аз минтақаҳои ҷангзада оварда шуданд, ҳафтаи гузашта дар нишасти хабарии Вазорати тандурустӣ ҳам баҳс шуд. Хабарнигорон аз вазир пурсиданд, ки кӯдакон дар куҷо нигоҳдорӣ мешаванд.

Ҷамолиддин Абдуллозода, вазири тандурустии Тоҷикистон, рӯзи 27-уми июл зимни нишасти хабарии нимсолааш дар посух ба саволи журналистон гуфт, "кӯдаконе, ки ба синни 7 мерасанд, барои таҳсил ба ихтиёри Вазорати маориф вогузор мешаванд." Вақте ин наврасон ба 16-солагӣ баробар мешаванд, ба гуфтаи вазири тандурустӣ, барои касбомӯзӣ ба ихтиёри Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ пешниҳод мешаванд.

Абдуллозода ҳам мушаххас нагуфт, ки ин наврасон дар куҷо нигаҳдорӣ мешаванд ва ҳам бо чӣ сабаб онҳоро дур аз хешовандонашон нигоҳ медоранд.

Нигаронӣ аз ин кӯдакону наврасон аз онҷо маншаъ мегирад, ки онҳо солҳо дар зери назари гуруҳи тундрави “Давлати исломӣ” зиндагӣ кардаанд. Шояд ба ин хотир аст, ки мақомот дар додани онҳо ба дасти наздиконашон шитоб надоранд. Аммо дар ин бора тафсилот дода намешавад.

Бино ба омори расмӣ аз соли 2014 баъди зуҳури ДОИШ ва ишғол шудани қаламравҳои васеи Ироқу Сурия аз тарафи ҷангҷӯёни он тақрибан 2 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон ба сафи ин созмон ва дигар гуруҳҳои тундраву террористӣ дар ин ду кишвар пайвастанд. Аксари мардон кушта шуда, қисме аз занон дар зиндон ва боқӣ дар урдугоҳҳо ҳастанд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG