Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вокунишҳо ба кушта шудани раҳбари "Ал-Қоида" дар Кобул. ВИДЕО


Вокунишҳо ба маҳви раҳбари шабакаи террористии Ал-Қоида Айман аз-Завоҳирӣ
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:28 0:00

Бархе раҳбарони кишварҳои ҷаҳон ба кушта шудани раҳбари "Ал-Қоида" вокуниш карданд.

Ҷо Байден, президенти ИМА рӯзи 1-уми август дар бораи натиҷаҳои амалиёти рӯзи якшанбе хабар дод ва гуфт, ки дар шаҳри Кобул раҳбари гурӯҳи "Ал-Қоида" Айман Аз-Завоҳирӣ кушта шуд.

Ба иттилои мақомоти иктишофии амрикоӣ, раҳбари гурӯҳе, ки соли 2001 ба Амрико ҳамлаи мудҳишу пурқурбоние ташкил кардааст, бо истифода аз дрон ё ҳавопаймои бесарнишин ҳадафмандона ва бидуни осебе ба аъзои оилааш кушта шуд. Завоҳирӣ, ки зодаи Миср ва 71-сола буд, баъди дар соли 2011 дар Покистон кушта шудани Усома Бин Лоден, муассиси Ал-Қоида, раҳбарии ин созмони террористиро ба ӯҳда гирифт.

"Куштори Завоҳирӣ зарбаи сангине ба ин ташаккул аст,"-- гуфт президент Ҷо Байден. Ба қавли ӯ, “адолат барқарор шуд ва ин раҳбари террорист дигар вуҷуд надорад”.

Котиби давлатии ИМА Энтони Блинкен гуфт, “дар шароите, ки Толибон хоҳиш ё имкони иҷрои ӯҳдадориҳои байналмилалиро надоранд”, ИМА аз роҳи дифоъ аз ҳуқуқи мардуми одӣ, бахусус занону духтарон, кӯмакрасонӣ ба мардуми Афғонистонро идома хоҳад дод.”

Куштори Завоҳирӣ вокунишҳои байналмилалиро ба бор овард. Вазорати корҳои хориҷии Арабистони Саудӣ гуфт, ки “Завоҳирӣ раҳбари терроризм арзёбӣ мешуд ва дар андешаи ташкили амалиёти террористӣ дар ИМА ва Арабистони Саудӣ буд."

Нахуствазири Канада Ҷастин Трюдо дар Twitter навишт, ки куштори Завоҳирӣ як қадам ба сӯи эҷоди ҷаҳони амнтар мебошад.

Дар ҳамин ҳол Забеҳуллоҳ Муҷоҳид, сухангӯи ҳукумати Толибон ҳамлаи бесарнишин ба як манзил дар шаҳри Кобулро тасдиқ кард, вале гуфт, дар он касе иқомат надошт. Ӯ дар хабарномае ин ҳамларо маҳкум ва амалкарди Амрикоро "нақзи қоидаҳои байналмилалӣ" донистааст.

Собиқ президенти ИМА Барак Обама ҳам тавассути Twitter аз ин хабар истиқбол кард ва гуфт, ки “хабари ахир собит кард, ки мубориза бо решаҳои терроризм ҳатто бе он ки дар ҳолати ҷанг дар Афғонистон қарор дошта бошӣ, имконпазир аст”.

Обама гуфт, қатли Завоҳирӣ метавонад як каме дили наздикони қурбониёни ҳамлаҳои "Ал-Қоида"-ро таскин бахшад.

Айман Аз-Завоҳирӣ, табиб ва ҷарроҳи мисрӣ дар ҳамоҳанг кардани ҳамлаҳои 11-и сентябри соли 2001 нақш дошт, ки дар ҷараёни он чаҳор ҳавопаймои ғайринизомии рабудашуда ба бурҷҳои Маркази тиҷорати ҷаҳонӣ дар Ню-Йорк ва Пентагон дар наздикии Вашингтон кӯбида шуданд. Дар ин ҳодиса ҳудуди 3 ҳазор нафар кушта шуда буд.

Гуфтугӯ

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG