Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кадом кишвар ба Тоҷикистон бештар сармоягузорӣ кардааст? ВИДЕО


Сармоягузории кишварҳои ғарбӣ дар Тоҷикистон афзоиш ёфтааст
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:13 0:00

Сармоягузории кишварҳои ғарбӣ дар Тоҷикистон афзоиш ёфтааст

Саъдӣ Қодирзода, раиси Кумитаи сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон сабаби коҳиши сармоягузориҳои Русия ба кишварро ба анҷоми тарҳҳои бузурги ин кишар рабт дод.

Ӯ, рӯзи якуми август ҳангоми як нишасти хабарӣ дар Душанбе гуфт, "ҷалби сармоя аз Русия ба иқтисоди кишвар дар семоҳаи имсол 2 миллион доллари амрикоиро ташкил додааст". Вале ба ин пурсиш посухи дақиқ надод, ки таҳримҳои кишварҳои ғарб ба раванди сармоягузориҳои Русия ба Тоҷикистон то куҷо таъсир гузоштааст.

"Мепурсанд, ки барои чӣ Федератсияи Русия солҳои пеш сармоягузории бисёртар мекард, ҳозир камтар шудааст. Барои он ки якчанд лоиҳаҳое буданд, ки сохтмони онҳо ба итмом расидааст, аз қабили "Сангтуда", бинои "Созидание", меҳмонхонаи "Ҳайт реҷенсӣ". Барои ҳамин сармоягузорӣ камтар шудааст. Моҳи сентябри соли ҷорӣ як форуми сармоягузории Тоҷикистону Русияро ба нақша гирифтаем ва барои ҷалби сармоя корбарӣ рафта истодааст"-афзуд, ӯ.

Баъзе иқтисоддонҳо ба оморҳои Кумитаи сармоягузорӣ дар мавриди ҳаҷми вуруди сармоя ба Тоҷикистон ба назари шубҳа менигаранд.

Аюб Эгамов, иқтисоддони тоҷик, рӯзи 2-юми август дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, бо таваҷҷӯҳ ба таҳримҳои кившарҳои ғарб нисбати Русия ва ҷангҳо дар Украина ин кишвар феълан дар шароите нест, ки битавонад ба кишварҳое чун Тоҷикистон сармоягузорӣ кунад. Вай таъкид намуд, ки дар умум Русия ба Тоҷикистон ҳамеша ваъдаи сармоягузории бузург мекард, вале дар амал иҷро намекард.

Чизе ки масъулини Кумитаи сармоягузорӣ қобили қабул намедонанд ва бар он таъкид мекунанд, ки Русия сармоягузорияшро ба иқтисоди Тоҷикистон бештар хоҳад кард.

Дар нишасти рӯзи якуми август раиси Кумитаи сармоягузорӣ, ки аз натиҷаи кори 6 моҳаи ниҳоди зери раҳбарияш маълумот медод, аз гуфтани ҳаҷми сармоягузориҳо дар ин нимсола худдорӣ кард. Таъкид намуд, ки чунин оморро дар моҳи август натиҷагирӣ мекунанд.

Ба иттилои Кумитаи сармоягузорӣ Чин, Люксембург, Швейтсария, Британияи Кабир аз кишварҳои сармоягузори асосӣ ба иқтисоди Тоҷикистон будаанд. Тибқи иттилои ин ниҳод, дар маҷмӯъ воридоти сармояи хориҷӣ ба иқтисоди Тоҷикистон дар 3 моҳи аввали имсол бештар аз 170 миллион долларро ташкил дода, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта ҳудуди 60 миллион доллар зиёд аст.

Бахши аъзами сармояягузории хориҷӣ ба Чин рост меояд ва он ҳам асосан барои истихроҷи канданиҳои фоиданоки Тоҷикистон пешбинӣ шудаанд.

"Сармояи мустақим ба Тоҷикистон аз ҳама бештар ба соҳаи истихроҷи маъдан 51,2 фоиз ё 88,9 миллион доллар, истеҳсол ва коркард 38,4 фоиз ё 66,7 миллион доллар ва дигар соҳаҳо 10,4 фоиз ё 18,1 миллион доллар равона гардидааст"-гуфт, раиси Кумитаи сармоягузорӣ.

Ба назари Зулфиқори Исмоилиён, коршиноси масоили иқтисодӣ сармоягузориҳои бузурги Чин дар бахши канданиҳои фоиданоки Тоҷикистон пеш аз ҳама ба нафъи ин кишвар аст. Ӯ, рӯзи 2-юми август дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, "Чин дар Тоҷикистон ба гушаҳои дурдаст роҳ месозад, аммо на бо мақсади равуои мардум бо мерседерсҳояшон, балки зербинову роҳҳо барои худаш лозим, барои бурдани канданиҳои фоиданок. Чин бисёр дурнаморо нигоҳ мекунад."

Чин, ки дар истихроҷи конҳои фоиданоки кишвар саҳми намоён дорад, солҳои охир ба яке аз сармоягузорони бузурги иқтисоди Тоҷикистон табдил шудааст. Соли гузашта сатҳи гардиши тиҷорати хориҷии ду кишвар аз марзи 1,5 миллиард доллар гузашта буд. Бахши асосии қарзии хориҷии Тоҷикистон низ аз Чин аст. Бо таваҷҷӯҳ ба қарзу сармоягузориҳои бузурги ин кишвар бархе коршиносон аз пойбандии иқтисоди кишвар аз сармояи Чин изҳорӣ нигаронӣ мекунанд.

Дар ҳамин ҳол, намояндагони Кумитаи сармоягузорӣ мегӯянд, Тоҷикистон бо роҳандозии раванди "диверсификатсия"- и ҷуғрофияи сармоя аз кишварҳои дигар, аз ҷумла аврупоӣ ҳам сармоя ҷалб дорад. "Масалан дар 5 соли охир воридоти сармоя аз ҷониби кишварҳои Иттиҳоди Аврупо ба иқтисоди Тоҷикистон беш аз 700 миллион долларро ташкил додааст. Аз Австрия 239,3 миллион доллар, Люксенбург 166, Фаронса 84,6, Белгия 68,7 миллион доллар сармоя ворид шудааст"-гуфт, Саъдӣ Қодирзода, раиси Кумитаи сармоягузорӣ.

Ӯ афзӯд, масъалаи ҷалби сармоя ба иқтисоди кишвар онҳоро қонеъ намекунад ва талош доранд ба кишвар сармояи бештар ворид гардад.

Тоҷикистон яке аз кишварҳои пасошӯравӣ аст, ки бо гузашти сӣ сол аз замони ба даст овардани истиқлол барои фазои номусоиди сармоягузорӣ ва монеагузориҳо ба фаъолияти озоди соҳибкорӣ интиқод мешавад.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG