Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷабҳаи Муқовимат эълон кард, ки мубориза бо Толибонро идома медиҳад


Аҳмад Масъуд, раҳбари Ҷабҳаи Муқовимати Миллӣ дар Афғонистон.
Аҳмад Масъуд, раҳбари Ҷабҳаи Муқовимати Миллӣ дар Афғонистон.

Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон бо нашри эъломияе мавқеи аслиашро дар баробари ҳукумати Толибон эълон кард.

Ин Ҷабҳа дар эъломияи худ гуфтааст, ки бо чунин шеваи ҳукмронӣ Толибонро қабул надорад ва мубориза дар баробари онро идома хоҳад дод.

Толибон соле пеш дар ҳамин рӯз, 15-уми август, Афғонистонро тасарруф карданд ва Ҷабҳаи Муқовимати Миллӣ бо раҳбарии Аҳмад Масъуд, писари Аҳмадшоҳ Масъуд, ягона нерӯи зиддитолибонӣ буд, ки дар дохили Афғонистон боқӣ монд.

Дар эъломияи ин Ҷабҳа аз Толибон "боғиён ва ғосибони қудрат" ном бурда шудааст, ҳарфҳое, ки Толибон онро нисбат ба мухолифони худ истифода мебаранд.

Ҷабҳаи муқовимат гуфтааст, бо Толибон танҳо бо дар назар гирифтани фикри ҳама қавмҳои Афғонистон дар якҷоягӣ бояд мубориза кард.

Толибон ба эъломияи ин Ҷабҳа вокуниш накарданд, вале пештар Забеҳуллоҳи Муҷоҳид, сухангӯи ин гурӯҳ гуфта буд, ки дар Афғонистон ҳеҷ муқовимати мусаллаҳонае вуҷуд надорад.

Дар бахшҳое аз эъломияи Ҷабҳаи муқовимат гуфта мешавад, ки онҳо танҳо аз ҳукумате ҳимоят хоҳанд кард, ки онро мардум интихоб карда бошад. Толибон интихоботро қабул надоранд ва бо шеваи худ ҳукумат эълон кардаанд.

Шукрия Борикзай, дипломати ҳукумати пешини Афғонистон низ мӯътақид аст, ки танҳо низоме дар Афғонистон пойдор хоҳад монд, ки онро мардум интихоб карда бошанд.

Ӯ аз тарафдорони низоми федеролӣ дар Афғонистон аст. Бар асоси ин низом, ҳар вилоят ҳуқуқи озодона фаъолият кардан дорад. Ба гуфтаи ӯ, бо баҳонае, ки чунин низом Афғонистонро таҷзия мекунад, ба ин пешниҳод ҳамеша мухолифат мекунанд.

“Агар чунин низом шавад, фикр намекунам, ки кадом гурӯҳе Афғонистонро пора кунад. Агар Афғонистон пора мешуд, кайҳо шуда буд,”—гуфт ӯ.

Ҷабҳаи Муқовимати Миллии Афғонистон дар ҳоле хатти асосии фаъолияти худро эълон кард, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ интиқодҳо нисбати раҳбарони он афзоиш ёфтааст. Корбарон наивштаанд, ки ин Ҷабҳа вобасати як гурӯҳи хурд аст ва наметавонад чизеро тағйир диҳад.

Ин интиқодҳо пас аз он пайдо шуданд, ки Аҳмад Валӣ Масъуд, амаки Аҳмад Масъуд, ба унвони раиси иҷроияи Ҷабҳаи Муқовимати Миллӣ дар расонаҳо матраҳ шуд.

Ноҷӣ Бекзод, яке аз корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ дар саҳифаи Фейсбуки худ навишт, ки “Ҷабҳаи Муқовимати миллӣ, ки дар номи худ пасванди “миллӣ” дорад, магар каси дигареро пайдо накард, ки раиси иҷроия муаррифӣ кунад, ки Аҳмад Валӣ Масъудро пешниҳод кардааст.”

Радиои Озодӣ дар бораи ин интиқодҳо талош кард бо Аҳмад Валӣ Масъуд суҳбат кунад, аммо ӯ ба суолҳои мо посух надод.

Хонум Борикзай инҳисори қудратро дар миёни гурӯҳҳои мухталифи Афғонистон гапи нав намедонад. Ба гуфтаи ӯ, мутаасифона ҳар гурӯҳе, ки қудрате ба даст меорад, талош мекунад, бештар наздикони худро ҷойгоҳ диҳад.

Бархеҳо дар Афғонистон мегӯянд, аз ҷанг хаста шудаанд ва Толибон бояд бо Ҷабҳаи Муқовимат забон ёбад, то аз бузургтар шудани доманаи ҷанг ҷилавгирӣ кунанд.

Ҷабҳаи Муқовимат борҳо эълон кардааст, ки омодаи созиш бо Толибон аст, вале Толибон шартҳои онҳоро барои ташкили ҳукумати фарогир намепазиранд.

Шартҳое, ки Ҷабҳаи муқовимати миллӣ дар миён гузоштааст, айни ҳамон шартҳоест, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ барои ба расмият шинохтани ҳукумати Толибон пешниҳод кардаанд.

Толибон рӯзи 15-уми август Афғонистонро тасарруф карданд, вале то кунун ҳеҷ кишваре ҳукумати онҳоро ба расмият нашинохтааст. Иҷозаи таҳсили занону духтарон ба кору таҳсил, ташкили ҳукумати фарогир, пойгоҳ надодан ба террористон аз шартҳои ба расмият шинохтани ҳукумати ин гурӯҳ аст. Шартҳое, ки бо гузашти як сол Толибон онҳоро зоҳиран напазируфтаанд.

Ҷабҳаи Муқовимати Миллӣ бо раҳбарии Аҳмад Масъуд як сол боз дар дараҳои Панҷшер, қисматҳое аз вилояти Кописо ва Бағлон муқобили ин гурӯҳ меҷангад.

Соли гузашта Амирхон Мутаққӣ, вазири корҳои хориҷии ҳукумати Толибон гуфт, ки бо Аҳмад Масъуд дар Эрон вохӯрдааст, вале баъдан маълум шуд, ки ин гуфтугӯ ҳеч натиҷае надодааст.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG