Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Пули футболро дуздидааст". Парвандаи нави мансабдори собиқи Панҷакент. ВИДЕО


Афзалшоҳ Дӯстзода мегӯяд, гуноҳе накардааст.
Афзалшоҳ Дӯстзода мегӯяд, гуноҳе накардааст.

Як мансабдори cобиқи шаҳри Панҷакент, ки чанд моҳ қабл ба қаллобӣ гумонбар шуд, вале худро бегуноҳ мешуморад, ҳоло ба ҷинояти дигаре муттаҳам мешавад.

Додситонии шаҳр ҳоло Афзалшоҳ Дӯстзода, мудири собиқи шуъбаи ҷавонон ва варзиши ҳукумати Панҷакентро ба аз худ кардани пули давлат ҳам гумонбар медонад. Додситонии вилояти Суғд ҷузъиёти айбномаҳои расмии Афзалшоҳ Дӯстзодаро шарҳ дод.

Фаррух Алиҷонзода, намояндаи додситонӣ чанде пеш дар як нишасти хабарӣ гуфт: “Дар якум ҳолат номбурда (Афзалшоҳ Дӯстзода) бо истифодаи мақоми хизматии худ аз падари яке аз даъватшаванда бо роҳи қаллобӣ пули зиёд гирифта, ваъда додааст, ки фарзандашро ба хизмати алтернативӣ равона мекунад, лекин ваъдаашро иҷро накарда маблағро азони худ кардааст. Дар дуюм ҳолат аз ҳисоби маблағҳое, ки барои тими футболи шаҳри Панҷакент пешбинӣ шуда буд, бо истифодаи мақоми хизматии худ, як қисмати маблағи онро аз они худ кардааст”.

Афзалшоҳ Дӯстзода ҳоло бар асоси моддаҳои 245, яъне “азонихудкунӣ ё исрофкорӣ” ва моддаи 247, яъне “қаллобӣ” муттаҳам мешавад ва таҳқиқи парвандааш идома дорад. Дар сурати собит шудани ин иттиҳомот мумкин аст, мансабдори собиқ ба пардохти ҷаримаи бузург ва ё зиндон маҳкум шавад.

Айбномаи нави мансабдори собиқи Панҷакент
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:15 0:00

Афзалшоҳ Дӯстзода баҳори имсол ба қаллобӣ муттаҳам шуд ва мақомоти додситонӣ гуфтанд, ки ӯ моҳҳои феврал марти ҳамин сол аз як сокини Панҷакент пули зиёд гирифта ва ваъда додааст, ки писари ӯро аз хидмати ҳарбӣ “халос” мекунад. Бар зидди Дӯстзода, як сокини ҷамоати деҳоти Саразм ба мақомот шикоят бурда ва гуфтааст, ки гумонбаршуда барои омода кардани «билети ҳарбӣ» тақрибан 28 ҳазор сомонӣ гирифтааст.

Афзалшоҳ Дӯстзода ин иттиҳомотро рад мекунад. Дӯстзода афзуд, онҳое, ки аз ӯ ба додситонӣ шикоят бурдаанд, пайвандонаш ҳастанд ва байни мақомоту онҳо нофаҳмие рух додааст: “Ман тибқи қонуни қабулшуда барои аз хидмати ҳарбӣ озод шудан, онҳоро раҳнамоӣ кардам. Азбаски онҳо аз деҳот омада буданд ва хоҳиш карданд, ки ман барои ҳуҷҷатгузорӣ ба онҳо кумак кунам ва пулро ба бонк супоранд. Бар асоси қонун пулро барои ба аскарӣ нарафтан месупоранд ва баъд як моҳ хизмат мекунаду соҳиби «билети ҳарбӣ» мегардад. Мо аз комиссариати ҳарбии шаҳр «расид»-ро гирифтем ва ба бонк рафтем, вале бонк маблағро қабул накард».

Дар Тоҷикистон бар асоси қонун, ҷавонон метавонанд, бо пардохти 25 ҳазор сомонӣ ва гузаштан аз давраи якмоҳаи омодагӣ, соҳиби билети ҳарбӣ шаванд. Ба қавли Дӯстзода, баъди чанд вақт онҳоро ба Шӯъбаи корҳои дохилӣ даъват карданд ва ӯ асли масъаларо мефаҳмонад ва пулро ба муфаттишон месупорад. Ҳоло маълум нест, ки даъвогарон маблағро бозпас гирифтаанд ё не?

Кӯшишҳои Радиои Озодӣ барои тамос бо даъвогарон натиҷа надод. Дӯстзода ҳам аз шарҳи иттиҳоми нав худдорӣ кард. Ба гуфтаи додситонӣ, соли гузашта 5 мавриди ришваситонии мақомот барои таҳияи билети низомиро ошкор кардаанд. Сарпечӣ аз хидмати низомии ҳатмии дусола дар Тоҷикистон зиёд аст ва аз ин рӯ баъзеҳо саъй мекунанд, аз роҳҳои ғайриқонунӣ ва ришва додан, худро ва ё фарзандонашро ба артиш нафиристанд.

Сабаби сарпечиро ҳам бадрафторӣ дар сафи неруҳои мусаллаҳи Тоҷикистон медонанд, ки гоҳо боиси худкушӣ ва маъюб шудани сарбозон мегардад. Хуршед Худоёрзода, додситони вилояти Суғд гуфтааст, соли 2021 дар вилоят барои саркашии ҷавонон аз хизмати ҳарбӣ 59 парвандаи ҷиноятӣ оғоз шудааст.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG