Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Украина мегӯяд, Русия ба маҳаллаҳои аҳолинишини Харков зарба мезанад


Неруҳои Украина ҳангоми ҳамла ба мавқеъҳои сарбозони Русия
Неруҳои Украина ҳангоми ҳамла ба мавқеъҳои сарбозони Русия

Артиши Украина рӯзи 17-уми август гуфт, неруҳои Русия дар талош барои пешравӣ дар вилояти шарқии Донетск ба маҳаллаҳои аҳолинишини Харков зарба мезананд.

Русия гуфт, ки сабаби таркиш дар пойгоҳҳои низомиаш дар нимҷазираи ғасбшудаи Қрим харобкорӣ аз дохил будааст, ҳарчанд Украина ишора кардааст, ки таркишҳо кори дасти ин кишвар буд. Сардори кулли ситоди неруҳои мусаллаҳи Украина гуфт, ки неруҳои Русия ба шаҳракҳои Старий Салтив ва Моспановой дар вилояти Харков зарба задаанд ва ҳуҷуми онҳо дар наздикии минтақаҳои Лебяжи ва Базаливийка идома дорад.

Ба қавли фармондеҳони украинӣ, неруҳои Русия саъй кардаанд дар наздикии деҳаи Боҳородичне пешравӣ кунанд, аммо маҷбур ба ақибнишинӣ шуданд, вале ҷанг дар наздикиҳои Мазанивка ва Новодмитривка идома дорад. Вазорати дифои Русия гуфт, ки рӯзи 16-уми август як анбори аслиҳа дар нимҷазираи ғасбшудаи Қрим таркид, ки дар натиҷаи он ду нафар захм бардоштанд. Ҳазорон сокини атрофи анборро ба ҷойи амн кӯч додаанд.

Вазорат эътироф кард, ки таркиш мумкин аст, харобкорӣ аз дохил бошад ва ишорае ба он аст, ки гуруҳҳои мусаллаҳи вафодор ба Украина дар вайрон кардани анбору роҳҳои таъминоти неруҳои Русия дар манотиқи ишғолкардааш даст доранд. Ҳарчанд мақомоти Украина ошкоро дар бораи ин ҳодисаҳо чизе нагуфтаанд, аммо иддае тахмин мекунанд, ки шояд Киев дар ташкили ин таркишҳо даст дошта бошад.

Нимҷазираи Қрими Украинаро Русия соли 2014 ба қаламраваш ҳамроҳ кард, вале ҷомеаи байналмилалӣ онро то кунун қаламрави Украина меҳисобад. Маскав гуфтааст, ба ҳаргуна ҳамла ба қаламрави Қрим посухи сахте хоҳад дод. Баъди таркишҳо, раиси ҷумҳур Владимир Зеленский дар муроҷиати видеоие дар шаби 16-уми август, аз украиниҳое, ки дар манотиқи ишғолӣ зиндагӣ мекунанд, хост, аз таъсисоту иншооти низомии Русия дар Қрим дур бошанд.

Владимир Зеленский ҳангоми муроҷиати шабонааш дар 15-уми август.
Владимир Зеленский ҳангоми муроҷиати шабонааш дар 15-уми август.

Ӯ гуфт: “Ҳар шабу ҳар рӯз мо дар бораи таркишҳо дар минтақаҳои муваққатан ишғолшуда аз тарафи таҷовузгарон гузоришҳои нав мебинем.” Ӯ мустақим масъулияти ин таркишҳоро бар уҳда нагирифт, вале гуфт, сабабҳояш метавонад гуногун, аз ҷумла бемасъулиятӣ бошад.

Пештар аз ин рӯзномаи Ню Йорк Таймс аз қавли як “мақоми баландпояи украинӣ” навишт, ки таркишҳо кори дасти як воҳиди вижаи украинист, ки дар дохили ҷабҳаи душман амал мекунад. Михайло Подоляк, яке аз ёварони баландпояи Зеленский дар Твиттер навишт: “Қрими ишғолшуда аз тарафи русҳо фақат ҷойи анбору, таркишу хатари зиёди марг барои таҷовузгарон ва дуздон шудааст.”

Таркишҳо ҳафтае баъд аз он сурат гирифт, ки дар натиҷаи таркишҳои азиме дар пойгоҳи низомии Сакии Русия дар Қрим чандин ҳавопаймо аз байн рафт. То кунун сабаби таркишҳоро расман нагуфтаанд, ҳарчанд дар аксҳои моҳвораӣ вайронии зиёде дар пойгоҳи Саки дида мешавад, ки дар ноҳияи Жанкой дар 50 километрии вилояти ишғолшудаи Херсон ҷойгир аст.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG