Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Як фаъоли дигари мадании бадахшониро дар Маскав дастгир кардаанд


Мақсуд Ғаёсов, аз ҷумлаи ихтиёриёни фаъол дар Бадахшон буд.

Мақсуд Ғаёсов, як фаъоли маданӣ ва блогери муқими Бадахшон, ки беш аз ним сол дар шаҳри Маскав зиндагӣ мекард, рӯзи 17 август дар хонааш боздошт шудааст.

Дар ин бора чанде аз дӯстону шиносони Мақсуд ба Радиои Озодӣ хабар доданд. Пулиси Маскав дар ин бора ҳеч изҳороте нашр накардааст. Маълум нест, маъмурони пулис Мақсуд Ғаёсовро куҷо бурданд, аммо наздиконаш аз эҳтимоли ба Тоҷикистон истирдод кардани ӯ мегӯянд.

Ба гуфтаи онҳо, Ғаёсов пас аз ҳодисаҳои ноябри соли 2021 дар шаҳри Хоруғ ва баъди кушта шудани Гулбиддин Зиёбеков ва оғози гирдиҳамоиҳо, дар шабакаҳои иҷтимоӣ фаъол буд ва боздошташ шояд барои ҳамин фаъолиятҳо бошад.

Мақсуд муаллифи блоги ҳаҷвии “Бобинги” дар Инстаграм аст, ки зиёда аз 47 ҳазор мухотаб дорад. Ғайр аз ин ӯ дар Бадахшон ба ҳайси ихтиёрӣ дар барномаҳои гуногуни иҷтимоӣ кор мекард.

Мақомоти Тоҷикистон баъди нооромиҳо дар Бадахшон дар моҳи ноябри соли гузашта ва моҳи майи имсол даҳҳо нафар аз фаъолони маданӣ ва тазоҳургарон дар Бадахшонро дастгир карданд. Танишҳо дар Бадахшон моҳи ноябри соли гузашта ва баъди он авҷ гирифт, ки дар натиҷаи амалиёти нерӯҳои амниятӣ Гулбиддин Зиёбеков, як сокини Роштқалъа, кушта шуд.

Дар ҷараёни тазоҳуроте, ки баъди он бархост, ду нафари дигар ба ҳалокат расиданд ва 17 нафар ҷароҳат бардоштанд. Тазоҳуроти рӯзи 16-уми май дар Хоруғ низ бо талаби ҷазо додани онҳое бархост, ки ба гуфтаи сокинон Зиёбековро бегуноҳ куштанд.

Созмонҳои байналмилалӣ ва кишварҳои ғарбӣ аз саркӯби фаъолони маданӣ ва тазоҳургарон изҳори нигаронӣ карда ва аз мақомоти Тоҷикистон хостаанд, ба ҳуқуқу озодиҳои бунёдии мардуми Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон эҳтиром бигузоранд.

Гуфтугӯ

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG