Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Русия омодагии ҷангии пойгоҳашро дар Тоҷикистон боло мебарад


Сарбозони пойгоҳи 201-и Русия дар Тоҷикистон
Сарбозони пойгоҳи 201-и Русия дар Тоҷикистон

Русия омодагии ҷангии пойгоҳҳои низомиашро дар Тоҷикистону Қирғизистон боло мебарад. Дар ин бора Сергей Шойгу, вазири мудофиаи Русия, рӯзи 23-юми август дар суҳбат бо расонаҳо хабар дод.

"Аз ҷониби худ омодагии ҷангии пойгоҳҳои низомиро дар Тоҷикистону Қирғизистон барои эҳтимоли вазъи буҳронӣ боло мебарем," -- гуфт Шойгу.

Вай илова кард, вазъи Афғонистон, ки онҷо созмонҳои байнулмилалии террористӣ ба монанди ДОИШ ва "Ал-Қоида" фаъол шудаанд, "барои Осиёи Марказӣ таҳдиди ҷиддӣ ба ҳисоб меравад".

Шойгу гуфт, Маскав ҳамаи талошҳои байнулмилалиро барои танзими вазъ дар Афғонистон ҷонибдорӣ ва барои таъмини амнияти минтақаи Осиёи Марказӣ чораҷӯӣ мекунад.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG