Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳоҷараи 12-сола арӯс шуд. Ҳамтақдирони ӯ дар Афғонистон бештар шудаанд


Ин духтар Наҷиба аст ва ӯро дар 11-солагӣ ба шавҳар додаанд.
Ин духтар Наҷиба аст ва ӯро дар 11-солагӣ ба шавҳар додаанд.

“Ман норозӣ ҳастам, мехоҳам дарс бихонам. Вақти шӯй додани ман набуд, маро хурд шӯй доданд. Аз гушнагӣ модарам мана шӯй дод.” Шикояти Ҳоҷараи 12-сола аст, ки 6 моҳ пеш ба никоҳи як ҷавони 23-сола даромадааст.

Ӯ се сол пеш ба сабаби ҷанг миёни Толибон ва ҳукумати пешин ҳамроҳ бо хонаводааш аз ноҳияи Мубори вилояти Бодғис гурехт ва дар шаҳри Қалъаи нав дар урдӯгоҳе паноҳ бурд. Ҳоҷара ҳамроҳ бо модару падар ва ду хоҳари аз худаш хурд дар зери як хайма дар як урдугоҳи беҷошудагони дохилӣ дар наздикии шаҳри Қалъаи нав маркази Бодғис зиндагӣ мекунад.

Ӯ мегӯяд, пас аз шунидани хабари номзадиаш бисёр нороҳату ғамгин шуд ва аз ин издивоҷ заррае ҳам розӣ нест. Ӯ ба хабарнигори Радиои Озодӣ гуфт: “Синфи се мехондам. Мехоҳам дарс хонам, босавод шавам, дар оянда як муаллиме шавам, як муҳандисе шавам.”

Падари Ҳоҷара мӯътод ва ё нашъаманд аст ва бори гароне дар дӯши хонавода шудааст. Бодомгули 37-сола, модари Ҳоҷара мегӯяд, бинобар гуруснагӣ маҷбур шудааст, ки духтарашро дар бадали 400 ҳазор афғонӣ, тақрибан 4500 доллар ба никоҳи яке аз наздикони худ дароварад. Ӯ мегӯяд, аз арӯс кардани духтари хурдаш бисёр пушаймон аст, вале илоҷе надошт: “Аз дасти гушнагӣ, аз дасти нобудиву надоштан. Вақти шӯй доданаш набуд. Аз дасти гушнагиву набудану надоштан додам.”

Мақомоти Толибон дар вилояти Бодғис дар ин бора чизе намегӯянд, аммо баъзе аз бузургони маҳаллӣ тасдиқ мекунанд, ки даҳҳо духтари хурду наврас ва дар як урдугоҳи беҷошудагони дохилӣ арӯс шудаанд. Абӯбакр яке аз бузургон мегӯяд, ба сабаби нарасидани кӯмак аз тарафи давлати Толибон ва муассисаҳои байналмилалӣ бархе аз оворагони дохилӣ маҷбур шудаанд, кӯдакони худро ба шавҳар бидиҳанд.

Ӯ афзуд: “Дар урдугоҳе, ки мо ҳастем, 75 мавриди издивоҷи кӯдакон вуҷуд дорад. Издивоҷҳои маҷбурӣ, озору азияти кӯдакон ва сӯистифодаи ҷинсӣ аз кӯдакон ҳам дида мешавад.”

Бо бозгашти Толибон ба қудрат дар Афғонистон дар як соли гузашта кӯдакон яке аз ҷабрдидагони аслии буҳрони иқтисодӣ ва гуруснагӣ будаанд. Дар Афғонистон бар асоси қонун, синни издивоҷи духтарон 16 сол гуфта шудааст, ҳарчанд аксарияти кишварҳои дунё аз 18-солагӣ ба духтарон ҳаққи издивоҷ медиҳанд.

Ҳукумати Толибон моҳи декабри соли гузашта бо судури як фармон, издивоҷи маҷбурии духтаронро мамнуъ кард, вале дар ин фармон синни издивоҷи онҳоро таъйин накардааст. Пештар аз ин ЮНИСЕФ, Бунёди Ҳимоят Аз Кӯдакони Созмони Милал эълон карда буд, ки бештар аз 13 миллион нафар аз кӯдакони афғон аз гуруснагӣ ранҷ мебаранд.

Дар авзои буҳронӣ теъдоде аз хонаводаҳо дар Афғонистон ё маҷбур ба фурӯши кӯдаконашон шудаанд ва ё духтарони хурдсолашонро, монанди Ҳоҷараи азиятдида арӯс кардаанд.

  • Акси 16x9

    Радиои Озодӣ

    Радиои Озодӣ ахбореро нашр ва масъалаҳоеро инъикос мекунад, ки дар расонаҳои давлатии Тоҷикистон намебинед ва ё расонаҳои дигар аз инъикоси онҳо худдорӣ меварзанд. Мо ба мардум хабарҳои саривақтӣ ва санҷидашударо мерасонем ва гузоришҳои таҳлилӣ, мусоҳибаҳои ҷолибро бо сиёсатмадорон ва афроди хабарсоз пешкаш мекунем.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG