Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Ончӣ дар Тоҷикистон мекунед, шикасти сиёсист." Номаи Кабирӣ ба Путин


Муҳиддин Кабирӣ
Муҳиддин Кабирӣ

Раҳбари ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломӣ аз раиси ҷумҳурии Русия хостааст, ба террористӣ эътироф шудани ин созмон дар қаламрави Русия иҷозат надиҳад, чун ба гуфтааш, Душанбе аз вазъи ҳозираи Маскав дар ҷанги Украина суистифода мекунад.

Додгоҳи олии Русия рӯзи 14-уми сентябр дархости Додситонии кулли ин кишварро барои террористӣ шинохтани ҲНИТ баррасӣ хоҳад кард.

Муҳиддин Кабирӣ 6-уми сентябр дар номае ба Владимир Путин гуфтааст, дар сурати қабули қарор, "ҳазорҳо нафар қурбонии таъқибу фишор дар Тоҷикистон ва Русия мегарданд."

Дар як моҳи охир ин номаи дувуми раҳбари ҲНИТ дар бораи пешгирӣ аз террористӣ шинохта шудани созмон дар Русия аст. Ӯ рӯзи 11-уми август аз дабири кулли Созмони Милал хоста буд, аз Русия талаб кунад, ки қарори мухолиф ба рӯҳияи Созишномаи сулҳи тоҷиконро напазирад. Ба назар мерасад, акси садое нагирифтааст.

Додгоҳи олии Тоҷикистон соли 2015 фаъолияти Ҳизби наҳзати исломӣ, он замон ҳизби умдаи мухолифи ҳукуматро мамнуъ ва сипас террористӣ эълон кард. Аз он вақт то ҳоло ҳукумати Тоҷикистон ошкору ниҳон аз шариконаш дар қаламрави Шӯравии собиқ хостааст, ҳизбро террористӣ бишиносанд, вале ҳанӯз пуштибонӣ наёфтааст.

Муҳиддин Кабирӣ дар номааш ба Владимир Путин мегӯяд, мақомот дар Душанбе дар ивази пуштибонии эҳтимолӣ аз Русия дар масъалаи Украина, тавонистаанд, шартҳои худро болои Маскав бор кунанд.

"Саркӯбҳои саросарӣ, ки Раҳмон нисбати мардуми ВМКБ анҷом медиҳад, аллакай ҳазорҳо бадахшониро дар ин минтақаи аз нигоҳи таърихиву суннатӣ ҷонибдори Русия, рӯйгардон ва ноумед кард. Ончӣ дар Тоҷикистон анҷом медиҳед, шикасти сиёсист, Владимир Владимирович," -- гуфтааст ӯ.

Владимир Путин
Владимир Путин

Маълум нест, ҷониби Русия номаро дастрас кардааст ё не ва посухаш чӣ хоҳад буд. Аммо Игор Краснов, додситони кулли Русия, рӯзи 26-уми июли имсол дар Душанбе ва дар мулоқот бо президенти Тоҷикистон гуфта буд, ки "аллакай зидди Ҳизби наҳзати исломӣ ба додгоҳ шикоят бурдем."

Моҳи август Артур Коновалов, муовини раиси як сохтори зиддитеррористии Созмони Ҳамкориҳои Шонгҳой хостааст, "феҳристи ягонаи созмонҳои террористӣ"-ро тартиб диҳанд ва ба унвони намуна аз ҲНИТ ном бурдааст.

Кабирӣ гуфтааст, дар ҳар сурат, муносибати онҳо бо Русия дар солҳову моҳҳои охир тағйир накардааст. "Мо ҷонибдори муттаҳидии стратегӣ бо Русия ва тамоми давлатҳои минтақа будем ва ҳастем. Ҳамчунин, ба мавқеи муътадили сиёсӣ ва мазҳабии пешинаи худ истода, ҳама гуна ифротгароӣ ва радикализмро маҳкум ва рад мекунем," – гуфтааст ӯ.

Баъди мамнуъ ва террористӣ эълон шудани ҳизби наҳзати исломӣ, дар шаш соли охир, даҳҳо узви ҳизб дар Тоҷикистону Русия дастгир ва ба муддати дароз зиндонӣ шудаанд. Гуруҳе дигар аз намояндагони ҳизб дар хориҷа ва бахусус шаҳрҳои Аврупо ҳастанд.

Мақомоти Тоҷикистон ин ҳизбро ҳамвора ба кӯшиши сарнагунии ҳукумат, тарҳрезии ошӯб ва куштор муттаҳам мекунанд, вале раёсати ҳизб онро туҳмат ва беасос мешуморанд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG