Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ангишту орду об. Тоҷикистон ба сокинони селзадаи Покистон ёрӣ фиристод. ВИДЕО


Покистон
Покистон

Тоҷикистон ба Покистон, ки бар асари сели вайронгар зарари молӣ ва талафоти зиёди ҷонӣ дид, беш аз се ҳазор тонна ёрии башардӯстона фиристод. Кумакҳоро тавассути хоки Афғонистон ба маконҳои офатзада мерасонанд. Тоҷикистон барои бисёриҳо кишвари ниёзманд ва қабулкунандаи ёриҳои башарӣ дониста мешавад, аммо бисёр кам ба кишварҳои дигар ёрӣ мерасонад.

Корвони мошинҳои ҳомили ёриҳои башардӯстона 7-уми сентябр аз Душанбе ба роҳ баромад. Соҳиб Зувайдуллоев, муовини мудири Оҷонси захираҳои моддии Тоҷикистон, гуфт, "дар умум, ҳудуди сад мошини боркаш 500 тонна орд, 500 тонна оби тоза, ҳазор тонна ангишт ва ду ҳазор дона шиферро ба Покистон мебаранд."

Бар асари омадани сел бахше аз Покистон зери об монда, зиёда аз 1300 нафар ҷон бохтаанд. Дар умум, 33 миллион нафар ба тарки макони доимии зист маҷбур шуда, ба иқтисоди Покистон тақрибан даҳ миллиард доллар зарар расид. Созмони Милал мегӯяд, борону сели харобиовар вазъи башарӣ ва беҳдоштиро дар Покистон "бисёр бад" кард.

Наворро дар инҷо бинед:

Ронандаҳои мошинҳои боркаш гуфтанд, онҳо вазифадор шудаанд, ёрии башардӯстонаро то сарҳади Тоҷикистону Афғонистон бирасонанд ва сипас ин кумакҳоро мошинҳои покистонӣ интиқол медиҳанд.

Аҳлиддин Атаҷонов, ронандаи мошини боркаш аз Бохтар, мегӯяд, ду рӯз пеш аз Афғонистон бор овард ва мушкили ҷиддиеро дар роҳ мушоҳида накард.

"Дар роҳ, чӣ дар Тоҷикистон ва чӣ дар Афғонистон, албатта, мушкилоте ҳаст. То ҳол низомиёни Толибон ба мо бадрафторӣ накардаанд. Мошинҳои мо тавони то ба Покистон расондани ин борро надоранд. Дар марзи Тоҷикистону Афғонистон ин кумакҳоро ба мошинҳои покистонӣ ё афғонистонӣ бор хоҳанд кард," – афзуд ӯ.

Корвони ёриҳои башардӯстонаи Тоҷикистон ба Покистон
Корвони ёриҳои башардӯстонаи Тоҷикистон ба Покистон

Ҷунбиши Толибон соле пеш дубора дар Афғонистон ба сари қудрат баргашт ва то ҳол ҳеч кишваре, аз ҷумла Тоҷикистон ҳукумати онҳоро ба расмият нашинохтааст. Сиёсатшинос Абдуғанӣ Мамадазимов нигарониҳоро дар мавриди бурдани ёриҳои башардӯстона тавассути Афғонистон чандон воқеӣ надонист.

Ӯ гуфт: "Таърихи муқовиматҳо дар минтақа ва бахусус дар Афғонистон гувоҳи он аст, ки вақти гузаштани корвонҳо ҷонибҳои даргир хомӯш мешаванд ва баъд аз рафтани корвон ҷанги худро идома медиҳанд. Гузашта аз ин, мутмаинам ёриҳои башардӯстонаи Тоҷикистон ба Покистон зери назорати Созмони Милал ироа мешавад."

Тоҷикистон барои бисёриҳо кишвари ниёзманд ва қабулкунандаи ёриҳои башарӣ аст, вале хеле кам ба кишварҳои дигар ёрӣ мерасонад. Ахиран ба Узбекистон дар рафъи пайомадҳои рахнаи сарбанди Сардоба кумак фиристода буд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG