Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нархи барқ дар Тоҷикистон барои ҳама боло рафт, ба истиснои ТАЛКО


Сар аз 1-уми октябри имсол нархи истифодаи қувваи барқ дар Тоҷикистон барои аҳолӣ боло бурда мешавад. Қарори Ҳукумат дар ин бора аллакай содир шуда, танҳо корхонаи алюминии “Талко” истисно мебошад.

Бар асоси қарори ҳукумати Тоҷикистон, ки рӯзи 31-уми август тасвиб шуда, имрӯз расман нашр шуд, аҳолӣ барои ҳар киловат соат нирӯи барқ 26,51 дирам (2,5 сент) пардохт хоҳанд кард. То ин вақт аҳолӣ барои ҳар киловат 22,66 (2,3 сент) пардохт мекарданд.

Бар асоси қарори ҳукумат, ба ҷуз аз корхонаи алюминийии “ТАЛКО”, барои дигар гуруҳи истифодабарандагон барқ аз 1-уми октябр қимат мешавад. Аз ҷумла, барои корхонаҳои саноатӣ 60,65 дирам, барои корхонаҳои буҷетӣ 26,51 дирам, барои насосҳои обкашӣ дар баҳору тобистон 9,2 дирам ва дар тирамоҳу зимистон 26,51 дирам.

"Талко" яке аз истифодабарандагони аслии нерӯи барқи Тоҷикистон аст.
"Талко" яке аз истифодабарандагони аслии нерӯи барқи Тоҷикистон аст.

Қаблан низ интиқодҳо садо дода буд, ки чаро корхонаи "Талко" бо нархи пастар аз аҳолӣ ва дигар корхонаҳои саноатӣ барқ мегирад. Аммо масъулини "Талко" ба чунин интиқодҳо посух доданд, ки харидори яклухти барқ мебошанд ва ҳақ доранд бо нархи арзонтар барқро дастрас кунанд.

Дар баробари "Талко" инчунин Комбинати металлургии Тоҷикистон низ нархи барқро дар фасли тобистон бо нархи имтиёзнок дарёфт мекунанд. Дар ҳоле, ки дигар корхонаҳои саноатӣ муваззафанд барои ҳар киловат барқ аз 1-уми октябр 60,65 дирам пардохт кунанд, Комбинати металлургии Тоҷикистон дар фасли тобистон барои ҳар киловат барқ 10,64 дирам мепардозад.

Комбинати металлургии тоҷик дар шаҳри Ҳисор. Соли 2016
Комбинати металлургии тоҷик дар шаҳри Ҳисор. Соли 2016

Тибқи хабарҳои расмӣ фармоишгари Комбинати металлургии Тоҷикистон ширкати "Фароз" мебошад. Журналистони Маркази таҳқиқоти фасоду ҷиноятҳои муташаккилона (OCCRP) дар як гузориш дар моҳи июни соли 2018 гуфтанд, ширкати "Фароз" мутааллиқ ба Шамсулло Соҳибов, домоди раиси ҷумҳури Тоҷикистон аст.

Мақомот то ҳол сабабҳои қимат шудани барқро шарҳ надодаанд, аммо пештар гуфта буданд, нархҳои феълӣ хароҷоти тавлиди барқро намепӯшонад. Бори ахир истифодаи барқ дар Тоҷикистон моҳи июли соли 2019 қимат шуда буд. Соли 2020 ҳукумат ба хотири пандемияи COVID-19 боло бурдани нархи барқ ва обро муваққатан манъ карда буд.

Мақомот дар як соли ахир борҳо аз гарон шудани барқ дар кишвар хабар дода буданд. Мақомот ҳамвора мегӯянд, ки нархи истифода аз барқ дар Тоҷикистон дар муқоиса ба кишварҳои дигари пасошӯравӣ хеле поин аст. Аммо мунтақидон мегӯянд, маоши он кишварҳо назар ба Тоҷикистон ҳам чанд маротиба зиёдтар аст.

Чанд созмони молии байналмилалӣ, аз ҷумла Бонки Ҷаҳонӣ дар чанд шарти худ ба Тоҷикистон боло бурдани қимати барқро зикр кардаанд. Аз ҷумла Бонки Ҷаҳонӣ ду сол пеш бо пешниҳоди 134-миллион доллар кӯмак ба ширкати "Барқи тоҷик" гуфта буд, нархи нерӯи барқ дар Тоҷикистонро бояд боло баранд, вагарна ширкат аз нигоҳи молӣ устувор нахоҳад буд. Ҳукумати Тоҷикистон ин пешниҳоди бонкро қабул кардааст ва то соли 2025 қарор аст нархи нерӯи барқро афзоиш диҳанд.

Гарон кардани нархи нерӯи барқ дар Тоҷикистон масъалаи ҳассос аст. Бисёре аз хонаводаҳо нархи кунуниро барои худ гарон мешуморанд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG