Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Додгоҳи Русия Ҳизби наҳзати исломиро созмони террористӣ эълон кард


Ҳизби наҳзати исломӣ то соли 2015 дар Тоҷикистон фаъолияти қонунӣ дошт.

Додгоҳи олии Русия, Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистонро як созмони террористӣ эълон ва фаъолияти онро дар қаламраваш манъ кард.

Рӯзномаи “Известия” ва хабаргузории “Интерфакс” аз қавли дафтари матбуоти додгоҳ хабар додаанд, ки “Додгоҳ дархости Додситонии кулли Русия дар бораи созмони террористӣ эътироф кардан ва манъи фаъолияти он дар кишварро қонеъ кард.” Ҳизби наҳзат гуфт, ин қарор метавонад аз тарафи мақомоти Тоҷикистон сӯистифода шавад ва мардуми бегуноҳи зиёде бар асоси он боздошту зиндонӣ шаванд.

Аз ин пештар Игор Краснов, додситони кулли Русия зимни сафараш ба Тоҷикистон гуфт, ки онҳо бо ин дархост ба Додгоҳи олӣ муроҷиат кардаанд. Ҳизби наҳзати исломӣ то соли 2015 дар Тоҷикистон як ҳизби умдаи мухолифи давлат ба шумор мерафт, вале баъди як ошӯби нофарҷом ба раҳбарии муовини вазири дифоъ Абдуҳалим Назарзода, Додгоҳи олии Тоҷикистон онро як созмони террористӣ номид ва фаъолияташро қатъ кард.

Мақомот мегуфтанд, ки Ҳизби наҳзат дар ошӯб даст дошт, вале раҳбарони ҳизб мегӯянд, ин як иддаои беасос аст ва ҳадафи мақомот аз саҳнаи сиёсӣ рондани як рақиби бонуфуз буд.

Муҳиддин Кабирӣ раиси ҳизби дар Тоҷикистон мамнуъи наҳзати исломӣ рузи 14-уми сентябр дар суҳбати телефонӣ ба Радиои Озодӣ гуфт: "Мо паёмади онро дар қаламрави Русия барои аъзои ҳизб ва ҳатто дигар шаҳрвандон хатарзо мебинем ва бо истифода аз фурсат аз онҳо мехоҳем, худро ба ҷойҳои амн бирасонанд”. Ӯ афзуд: "Хабари террористӣ эълон кардани ҳизби мо аз ҷониби Додгоҳи олии Русия барои мо ғайриинтизор набуд, зеро ин масъала дар сатҳи олии ду кишвар миёни президентҳо натиҷагирӣ шудааст. Ва талошҳои мо барои ҷилавгирӣ аз ин тасмими мақомоти Русия натиҷа надод".

Бобоҷон Қаюмов, сухангӯи Ҳизби наҳзат дар як вокуниш ба ин қарор ва дар посухи катбие ба Радиои Озодӣ гуфт: Албатта ҳамон гуна ки пешбинӣ мешуд, додгоҳи Русия Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистонро дар қаламрави Русия мамнуъ ва террористӣ эълон кард. Дар ҳоле, ки пеш аз ин ҳам ҲНИТ дар қаламрави Русия фаъолият надошт. Мо нигарони он ҳастем, ки ин қарор мавриди сӯистифодаи мақомоти Тоҷикистон қарор бигирад ва афроди бегуноҳи зиёде бар асоси он боздошту зиндонӣ шаванд. Аммо мавқеъи мо то ҳол тағйире накардааст. Дар бораи мавқеъи расмии ҲНИТ ба зудӣ раёсати ҳизб дар ҷаласаи худ тасмим хоҳад гирифт ва мавқеи ҳизбро расман баён хоҳад кард."

Пештар аз ин ҳукм, Муҳиддин Кабирӣ, раиси ҳизб дар як номаи саркушодае ба Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия гуфт, ба террористӣ эътироф шудани Ҳизби наҳзат дар қаламрави Русия иҷозат надиҳад, чун ба гуфтаи ӯ дар сурати қабули ин қарор "ҳазорҳо нафар қурбонии таъқибу фишор дар Тоҷикистон ва Русия мегарданд."

Ҳизби наҳзати исломӣ то замони қатъи фаъолияташ дар Тоҷикистон бештар аз 40 ҳазор узв дошт ва баъди Ҳизби халқии демократӣ, ҳизби ҳоким, дуввумин ҳизби бузурги сиёсӣ ба ҳисоб мерафт. Айни замон бештар аз 200 узви ҳизб, аз ҷумла, аъзои раёсати он дар зиндон ҳастанд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG