Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Идомаи ҷанҷоли марзӣ. Дар Лахш 4 нафар захмӣ ва 3 хона вайрон шудааст


Дар натиҷаи даргириҳо хонаҳои зиёди мардум дар ҳарду тараф осеб дидаанд
Дар натиҷаи даргириҳо хонаҳои зиёди мардум дар ҳарду тараф осеб дидаанд

Бо идомаи тирандозиҳои пароканда дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон, мақомоти Душанбе гуфтанд, дар натиҷаи ҳамлаи нерӯҳои кишвари ҳамсоя ба ноҳияи Лахш (Ҷиргатол) 4 сокини ноҳия захмӣ шуданд. Тарафи Қирғизистон иддао дорад, ки аввал нерӯҳои Тоҷикистон оташ кушоданд. Ноҳияи Лахш, ки қирғизтаборони зиёде онҷо зиндагӣ мекунанд, дар солҳои охир шоҳиди даргирӣ байни марзбонони ду кишвар нашуда буд.

Дар баёнияи Нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон омадааст: "17-уми сентябри соли 2022, соати 11:50, аз мавқеи ноҳияи Ҷонолойи вилояти Оши Ҷумҳурии Қирғизистон ҷониби хонаҳои сокинони деҳаи Тоҷварони ҷамоати Сайлиободи ноҳияи Лахши Ҷумҳурии Тоҷикистон аз техникаи ҷангии “Град” оташ кушоданд."

Дар натиҷаи ин ҳамла, ба иттилои мақомот, 4 сокини деҳа захмӣ ва 3 хона вайрон шудааст. Дар Бемористони марказии ноҳияи Лахш ба Радиои Озодӣ гуфтанд, яке аз захмиён навраси 12-сола аст ва ӯ аз пояш маҷруҳ шуд. "Пизишкон ёрии зарурӣ расонданд, аҳволаш муътадил аст," -- гуфтанд дар бемористон.

Ба гуфтаи мақомот, намояндагони ду тараф соати 14:30-и ҳамин рӯз мулоқот карда, "дар бораи оташбас ва ба эътидол овардани вазъият мувофиқа намуданд." Аммо ин дафъа низ созиши оташбас риоят нашудааст ва ба гуфтаи мақомоти Тоҷикистон сарҳадбонони Қирғизистон баъди соати 17 ду дафъа бо силоҳҳои оташфишони вазнин, гурӯҳӣ ва “Град” ба маҳаллаҳои аҳолинишини Лахш оташ кушоданд.

Дар айни замон Хадамоти марзбонии Қирғизистон нерӯҳои Тоҷикистонро ба нақзи созиши оташбас ва ҳамла ба марзбонони посгоҳи Қарамиқ муттаҳам кардааст. Дар бораи талафот ва ё осеб дидани касе гузорише надодаанд.

Муноқиша дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон рӯзи 14-уми сентябр ва дар байни ноҳияҳои Исфараву Бобоҷон Ғафурови Суғд ва Бодканди Қирғизистон сар зад ва аз ду тараф то кунун даҳҳо нафар куштаву захмӣ шудаанд. Сабаби муноқиша таъйину аломатгузорӣ нашудани садҳо километр марзи ду кишвар ва даъвову ҷанҷол барои замину обу чарогоҳ аст.

Мақомоти ҳарду тараф гуфтаанд, барои ором кардани вазъ дар марз гуфтугӯ доранд. Неруҳои марзбонии Тоҷикистон дар баёнияи худ дар рӯзи 17 уми сентябр гуфтааст, вазъ дар марз печида мемонад.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG