Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳукумати Суғд аз созмонҳо хост, ба харобиҳои Исфара баҳо диҳанд. АКС


Исфара

Ҳукумати вилояти Суғд бо нашри чанд акс аз пайомади даргирӣ дар марзи Тоҷикистон бо Қирғизистон, аз созмонҳои байнулмилалӣ ва минтақаӣ хостааст, ба ҳодиса баҳои дурусту ҳақиқӣ диҳанд.

Мақомот рӯзи 18-уми сентябр гуфтанд, осори даргирӣ дар деҳаҳои наздимарзии Исфара баёнгари он аст, ки “ҷониби Қирғизистон бо тамоми намуди силоҳҳои вазнину оташфишон иншооти ғайринизомӣ ва бахусус хонаҳои мардумро задааст”.

Айни иддаоро ҷониби Қирғизистон дорад. Вазорати корҳои хориҷии он кишвар 18-уми сентябр гуфт, метавонад, аксу наворҳои зиёдеро барои арзёбӣ пешкаш кунад.

Рӯзи 14-17-уми сентябр дар сарҳади Тоҷикистон ва Қирғизистон даргирӣ сар зад. Аз ду тараф даҳҳо кас кушта ва захмӣ шудаанд.

Душанбе Бишкек якдигарро ба оғози муноқиша ва таҷовузи мусаллаҳона муттаҳам мекунанд.

Аксҳои бештарро дар инҷо бинед:

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG