Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Радду бадали зиддиҳам миёни вазоратҳои умури хориҷии Тоҷикистон ва Қирғизистон


Осори даргирии 16-уми сентябр, Овчӣ-Қалъача, ноҳияи Бобоҷон Ғафуров
Осори даргирии 16-уми сентябр, Овчӣ-Қалъача, ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

Вазорати корҳои хориҷии Қирғизистон ба изҳороти Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон, ки рӯзи 22-юми сентябр дар бораи таъқиби тоҷикон дар он кишвар нашру паҳн шуд, вокуниш кард.

Мақомоти Қирғизистон гуфтаанд, нисбати тоҷикон ҳеч фишоре нест ва бо эътирози қатъӣ Тоҷикистонро ба дубора халалдор кардани сулҳи, ба гуфтаашон, шикананда айбдор кардаанд.

Ин дар ҳолест, ки Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон гуфтааст, аз таъқибу фишор ва зӯргӯйӣ ба тоҷиктаборон ва шаҳрвандони Тоҷикистон дар Қирғизистон бисёр нигарон аст.

Дар баёнияи расмии вазорат аз 22-юми сентябр гуфтаанд, ҷониби Қирғизистон қасд дорад, бештар аз 500 донишҷӯйи тоҷикро аз донишгоҳҳои вилояти Уш биронад.

Вазорат мегӯяд, пеша кардани таъқиби шаҳрвандони Тоҷикистон ва тоҷиктаборон натиҷаи "маъракаи фарогири душмантарошӣ аст" ва мақомоти Қирғизистон бояд ба ин табъиз хотима бахшанд ва бар асоси қонунҳои байнулмилалӣ амнияти дипломатҳои Тоҷикистонро таъмин намоянд.

Идораи умури хориҷии Қирғизистон ин иддаоро рад карда ва гуфтааст, Қирғизистон ба чунин аъмол роҳ нахоҳад дод.

Тарафи Тоҷикистон гуфтааст, шоми 18-уми сентябр як фарди ношинос саъй кардааст, дари қароргоҳи сафири Тоҷикистонро дар Қирғизистон бишканад ва доду фарёд карда, дар ҳаққи Тоҷикистон носазо гуфтааст.

Вазорати умури хориҷии Қирғизистон мегӯяд, Бишкек уҳдадориҳои худро барои ҳифзи сафорати Тоҷикистон ба таври пурра иҷро мекунад. "Аз намояндагии дипломатии Тоҷикистон дар мавриди нигаронӣ аз амнияти кормандон ва ё хонаводаҳои онҳо муроҷиате нашудааст," – омадааст дар изҳороти ВКХ-и Қирғизистон. Вазорат, баръакс, аз афзоиши фишор ба қирғизҳо дар Тоҷикистон нигаронӣ намудааст. Тоҷикистон ҳанӯз ба ин иддао вокуниш накарда.

Дар ин байн Вазорати умури хориҷии Қирғизистон мегӯяд, факти латукӯби хабарнигоре ба номи "Насибахон Давронбекова", ки ВКХ-и Тоҷикистон ӯро "хабарнигори тоҷиктабори Радиои Озодӣ" номидааст, тасдиқ нашуд. Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ низ вуҷуди хабарнигорашро ба ин ном дар вилояти Уш ё ҳар ҷойи дигар рад кард. Ин нукта баъдан аз изҳороти вазорат бардошта шуд.

Рӯзи 17-уми сентябр дар Уши Қирғизистон хабарнигори бахши узбекии радиои "Садои Амрико" Даврон Насибхонов аз сӯи афроди ношинос латукӯб шуда буд. Ӯ низ дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз изҳороти ВКХ Тоҷикистон эътироз намудааст.

Идораҳои умури хориҷии ду кишвар изҳор доштаанд, ки ҳадафашон таҳкими риояти созишномаҳоест, ки ба даргириҳо дар марз хотима бахшиданд.

Муноқишаи хунин дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон аз 14 то 17-уми сентябри имсол идома кард ва аз ду тараф бештар аз 100 кушта барҷой гузошт.

Баъди он мақомоти ду кишвар ба радду бадал ва корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ ба шиорпартоиҳои миллатгароёна ва носазогӯӣ ва дашному таҳқир дар ҳаққи якдигар шуруъ карданд. Ҳамзамон қисми зиёди корбарони ду тараф аз посдории оташбас миёни неруҳои ду кишвар дар марз ҳимоят мекунанд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG