Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"На ВКД иҷоза дод, на додгоҳ." Модараш мегӯяд, се моҳ боз Завқибекро надидааст


Завқибек Саидаминӣ
Завқибек Саидаминӣ

Парвандаи рӯзноманигори боздоштшуда Завқибек Саидаминиро барои муҳокима ба Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонии Душанбе фиристодаанд. Ӯ ба ҳамкорӣ бо созмонҳои дар кишвар мамнӯи Ҳизби наҳзати исломӣ ва "Гурӯҳи 24" гумонбар аст. Худаш борҳо гуфтааст, ба ҳеч созмону гуруҳе марбут нест ва ҳамкорӣ низ надорад. Наздиконаш шикоят доранд, ки ӯро надидаанд.

"Гуфтанд, имкони вохӯрӣ нест"

Тибқи иттилои дарёфтии Радиои Озодӣ, мақомот таҳқиқи парвандаи Завқибек Саидаминии 38-соларо бар асоси қисми 2-и моддаи 307 (нишонаи 3) ҷамъбаст карда, миёнаҳои моҳи сентябр ба додгоҳ фиристодаанд. Ин айбнома аз панҷ то ҳашт сол зиндонро пешбинӣ мекунад.

Ҳанӯз рӯзи аввали мурофиа маълум нест. Дар Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонӣ рӯзи 4-уми октябр ҳозир нашуданд, дар бораи парванда ва замонбандии баррасии он суҳбат кунанд.

Завқибек Саидаминӣ рӯзи 8-уми июли имсол аз тарафи пулиси шаҳри Ваҳдат дастгир ва баъдан ба Боздоштгоҳи муваққатии шаҳри Душанбе бурда шуд.

Ҳабиса Ятимова, модари Завқибек Саидаминӣ, рӯзи 3-юми октябр ба Радиои Озодӣ гуфт, се моҳ боз писарашро надидааст. “Рӯзи шанбеи гузашта ба қабули вазири корҳои дохилӣ рафтам. Гуфтанд, дигар имкони вохӯрӣ нест, чун парванда ба Суд рафтааст. Ба Суд ҳам рафтем, тамоман қабул накарданд,” – афзуд ӯ.

Мақомот шарҳ надоданд.

“Дар сохтмон кор мекард”

Ҳабиса Ятимова, модари Завқибек Саидаминӣ, мегӯяд, писараш солҳои охир дар сохтмоне дар Душанбе кор мекард ва сабаби боздошташро намедонад.

Ӯ бовар дорад, ки писараш ҷинояте накарда: “Дар рӯзи аввали боздошт шуданаш дар ШКД-и Ваҳдат гуфтанд, ки баъди даҳ рӯз озод мешавад. Хӯроку либос мебарем, қабул мекунанд, аммо иҷозаи дидан намедиҳанд. Ҳоло на танҳо ман, балки ҳамсару кӯдаконаш ҳам ӯро дидан мехоҳанд.”

Вакили мудофеи рӯзноманигор дар бораи парвандаи зерҳимояаш тафсилот надод. Танҳо гуфт, ки “ҳанӯз мурофиа шуруъ нашудааст.”

Боздошти Завқибек Саидаминӣ ба мисли хабарнигорони дигар танқидҳои зиёди созмонҳои ҳомии ҳуқуқро ба миён овард, вале мақомот ба ҳақ будани худ пофишорӣ доранд.

Хабарнигори расмӣ, вале бо нигоҳи танқидӣ

Хабарнигори пешини “Телевизиони Тоҷикистон” бо суҳбатҳояш дар шабакаҳои иҷтимоӣ машҳур гашта, аз зумраҳои онҳое дониста мешуд, ки талош доранд, ҳақиқатҳо гуфта шаванд.

Дар яке аз маъракаҳои интихоботӣ Завқибек Саидаминӣ талош кард, ба таври худпешбарӣ номзад шавад, аммо номзадии ӯро сабт накарданд ва ин ҳам яке аз ангезаҳои интиқодии журналист шуд.

Бо вуҷуди нигоҳи озод ва интиқодияш, Завқибек Саидаминӣ борҳо ба минтақаи низоъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон рафта, аз онҷо гузориш медод. Солҳои охир ба соҳибкорӣ ва барномаҳои хайрия машғул буд.

Дар Тоҷикистон айни замон чанд хабарнигору блогер, аз ҷумла Далери Имомалӣ, Улфатхоним Мамадшоева, Абдусаттор Пирмуҳаммадзода ва Хушом Ғулом дар боздошт ҳастанд. Додгоҳи ноҳияи Шоҳмансури Душанбе рӯзи 4-уми октябр рӯзноманигори 26-сола Абдуллоҳ Ғурбатиро ба ҳафтуним сол зиндон маҳкум кард.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG