Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ваъдаи маошу паноҳгоҳ. Русия нерӯҳои омӯзишдидаи ҳамсояи Тоҷикистонро ба куҷо мебарад?


Нерӯҳои ҳукумати вожгуншудаи Афғонистон. Кобул, 2020
Нерӯҳои ҳукумати вожгуншудаи Афғонистон. Кобул, 2020

Пас аз нашри гузоришҳо дар бораи ҷалби нерӯҳои пешини Афғонистон аз сӯи Русия, як намояндаи Департаменти давлатии Амрико гуфт, онҳо метавонанд, тавассути роҳҳои гуногун худро ба Иёлоти Муттаҳида бирасонанд.

Маҷаллаи амрикоии “Foreign Policy” дар моҳи октябри имсол гузориш дод, ки Русия дар ҳоли истихдоми нерӯҳои вижаи ҳукумати вожгуншудаи Афғонистон, кишвари ҳамсояи Тоҷикистон, аст.

Се генерали пешини Афғонистон 31-уми октябр ба хабаргузории “Ассошиэйтед Пресс” тасдиқ кардаанд, ки нерӯҳои омӯзишдида дар ҳоли истихдом шудан аз тарафи Русия барои ҷанг дар Украина ҳастанд.

Ин афрод дар канори нерӯҳои амрикоӣ дар Афғонистон ҷангида, баъди ба қудрат расидани Толибон дар моҳи августи соли 2021 ба Эрон гурехтанд.

"Барои ҷангидану мурдан"

Нед Прайс
Нед Прайс

Нед Прайс, сухангӯи Вазорати корҳои хориҷии Амрико, мегӯяд, ӯ низ аз ин гузоришҳо огоҳ аст, аммо наметавонад онро таъйид кунад. Вай ҳамзамон афзуд, махфӣ нест, ки Кремл барои ҷустуҷӯи афроди муносиб барои ҷангидану мурдан дар Украина ба гунаи васеъ талош мекунад.

Ӯ дар нишасти хабарии рӯзи якуми ноябр дар Вашингтон афзуд: “Масирҳое барои афғонҳо вуҷуд дорад, то ба Иёлоти Муттаҳида сафар кунанд ва онҷоро хона биноманд. Яқинан ҳадафи барнома афғонҳоест, ки дар ҷараёни маъмурияти 20-солаи низомӣ дар Афғонистон шарику ҳамкори ҳукумати Амрико будаанд.”

Аммо равшан нест, ки нерӯҳои вижаи Афғонистон дар Эрон чӣ гуна метавонанд, ба барномаҳои мусофиратӣ ба Амрико дастрасӣ ёбанд.

Бар асоси гузоришҳо, тахмин зада мешавад, ки аз 20 ҳазор то 30 ҳазор нерӯи вижаи Афғонистон дар тӯли тақрибан ду даҳа дар канори амрикоиҳо дар кишвари худ ҷангидаанд. Танҳо чандсад афсар бо хуруҷи Иёлоти Муттаҳида аз он кишвар ба берун бурда шуданд.

Чаро нерӯҳои вижаро бо худ набурданд?

Як афсари бознишастаи идораи истихбороти марказии Амрико, ки дар Афғонистон хидмат кардааст, ба “Ассошиэйтед Пресс” гуфта, ки “ин афродро тибқи ваъда берун накардем ва акнун пайомадҳои ногуворашро мушоҳида мекунем.”

“Ассошиэйтед Пресс” гуфта, ки бисёре аз нерӯҳои вижаи Афғонистон мустақим барои артиши Иёлоти Муттаҳида кор намекарданд ва аз ин рӯ имкони дарёфти визаро надоштанд.

Сарбозони ҳукумати пешини АФғонистон
Сарбозони ҳукумати пешини АФғонистон

Бар асоси гузориш, генералҳои пешини афғон гуфтаанд, русҳо мехоҳанд, ҳазорон нерӯи вижаро дар воҳиди хориҷӣ ҷалб кунанд. Вазорати дифои Русия ба тақозои “Ассошиэйтед Пресс” барои шарҳи масъала посух надодааст.

Дар гузориш ба нақл аз генералҳои пешини Афғонистон омадааст, нерӯҳои вижа пешниҳоди якуним ҳазор доллар маош дар моҳ ва паноҳгоҳи амн ба худашону оилаҳояшонро дарёфт кардаанд, то аз ихроҷашон ба Афғонистон пешгирӣ шавад. Ҷое, ки бар асоси гузориш, бисёриҳо фикр мекунанд, ба дасти Толибон кушта хоҳанд шуд.

Ба гузориши Дидбони Ҳуқуқи Башар, танҳо дар ҷараёни се моҳи пас аз ҳокимияти дубораи Толибон бар Афғонистон, беш аз сад сарбози артиши миллӣ, маъмурони истихборот ва пулиси ҳукумати пешин кушта ё нопадид шуданд.

“Пешниҳодро баррасӣ доранд”

Раиси дафтари Вазорати дифои ҳукумати пешини Афғонистон дар суҳбат бо Радиои Озодӣ иқдоми Русияро барои истихдоми нерӯҳои вижа таъйид кард.

Ӯ гуфт, “бар асоси маълумоте, ки ду ҳафта қабл аз сӯи ҳамсангарон дар Эрону Покистон дарёфт кардам, русҳо тавассути ширкати “Вагнер” ва ҳамкории кишвари мизбон талош доранд, бахусус нерӯҳои вижаро ҷалб кунанд. Онҳоро аввал ба Русия мебаранд ва сипас дар ҷанги Украина истифода мекунанд.”

Ҳизби Ҷумҳурихоҳи Амрико дар гузорише моҳи августи имсол гуфта буд, ин хатар вуҷуд дорад, ки нерӯҳои омӯзишдидаи афғон маълумотро дар мавриди тактикаҳои Иёлоти Муттаҳида ба ДОИШ, Эрон ва ё Русия бидиҳанд ва ё барои онҳо биҷанганд.

Равшан нест, ки чӣ қадар аз нерӯҳои вижаи афғон дар Эрон аз сӯи Русия ҷалб шудаанд. Хабаргузории “Ассошиэйтед Пресс” ба нақл аз як нерӯи вижа навиштааст, ки ҳудуди чаҳорсад ҳамтои ӯ пешниҳоди Русияро баррасӣ доранд.

Вай афзудааст, бисёре аз нерӯҳо ба монанди худаш аз эҳтимоли бозпас фиристода шудан аз Эрон ба Афғонистон бим доранд ва бар Амрико ба хотири тарк карданашон хашмгинанд.

Ин дар ҳолест, ки мақомоти ғарбӣ мегӯянд, Русия дар ҷанги Украина бо мушкилоти зиёд рӯбарӯ аст ва нерӯҳои украинӣ бештари манотиқеро, ки Маскав дар ҳашт моҳи гузашта тасарруф карда буд, пас гирифтаанд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG