Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Дигарон аз Русия мегурезанд, тоҷикон меоянд"


Дар навбати харидани билет. Акс аз бойгонӣ
Дар навбати харидани билет. Акс аз бойгонӣ

Аксар муҳоҷироне, ки дар 8 моҳи аввали имсол дар ҷустуҷӯйи кору зиндагӣ ба Русия рафтаанд, аз Тоҷикистон будаанд. Ин дар ҳолест, ки намояндагони бисёре аз кишварҳои дигар баъд аз шурӯи ҷанги Русия дар Украина аз ин кишвар фирор карданд.

Ба иттилои "Росстат" ё Оҷонси омори Русия, аз моҳи январ то августи имсол муҳоҷирати шаҳрвандони хориҷӣ, махсусан аз Қирғизистону Узбекистон ба ин кишвар ба таври рекордӣ кам шуд. Ин нишондод ҳатто бештар аз рафтани муҳоҷирон дар давраи пандемия будааст.

Тибқи омори "Росстат", дар 8 моҳ тақрибан 115 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон ба Русия рафта, ҳудуди 73 ҳазор нафар аз онҷо берун омаданд. Дар умум, дар ин давра теъдоди муҳоҷирони тоҷик дар Русия "41 ҳазор афзуд".

Ин дар ҳолест, ки бо оғози ҷанг ва бад шудани вазъи иқтисодӣ дар Русия шумораи муҳоҷирон аз Арманистон, Қирғизистон ва Узбекистон то 15 ҳазор нафар кам шуд. Баъзе аз таҳриму басташавии корхонаҳо ва бекорӣ гурехтанд, иддае аз мобилизатсия ё сафарбарӣ ба ҷангу артиш.

Бо оғози ҷанги Русия дар Украина ва таҳриму басташавии корхонаҳо, гурӯҳе аз муҳоҷирони тоҷик ҳам кори худро аз даст додаву ба ватан баргаштанд. Ин вазъ боис шуд, ки теъдоде аз муҳоҷирон ба бозорҳои дигар, аз ҷумла Қазоқистон, рӯй биоранд. Аммо омори ҷониби Русия баёнгари он аст, ки бо вуҷуди ин ҳама, Русия ҳамоно барои аксар муҳоҷирони тоҷик манбаи асосии даромад ва таъмини хонаводаҳо мондааст.

"Мушкил аст, вале чора чист?"

Вақте ҷанги Русия дар Украина оғоз шуд, Мирзошариф, муҳоҷири 40-солаи тоҷик, аллакай билети ҳавопаймо дар даст ба сафари Маскав омодагӣ медид. Аз роҳ нагашт, зеро мегӯяд, дигар илоҷ надошт. Талошҳояш барои дарёфти кори хуб дар кишвар бенатиҷа буданд.

"Аз расонаҳо мехондам ва баъзе аз шиносҳо мегуфтанд, ки мушкилот бештар мешаваду мумкин аст, муҳоҷирон баргарданд. Ман як сол бекор будам, дигар бе дудилагӣ ба Русия омадам. Албатта, мушкилӣ ҳаст, аммо роҳашро ёфта оиларо таъмин мекунем. Ҳоло ин ҷо дар як мағоза кор мекунам," – афзуд Мирзошариф.

Баъзе аз муҳоҷирон ба мисли ин мусоҳиби мо бо таҳаммули мушкилу фишорҳои зиёд кору зиндагиро дар Русия идома медиҳанд. Муҳаммадҷон Собиров, ҳомии ҳуқуқи муҳоҷирон, мегӯяд, роҳи ягона ва нисбатан осони сафар ва кор барои онҳое, ки дар Тоҷикистон аз бекорӣ азият мекашанд, ҳамоно Русия аст.

Ҳарчанд, ба гуфтаи ӯ, вазъи муҳоҷирон дар Русия дар ин давра хеле тағйир карда, мушкилоташон ба маротиб бештар шудааст: "Аксариятро ронда истодаанд. Ҳамин рӯз бачаҳо муроҷиат карданд. 60 нафарро якбора боздошту депортатсия кардаанд. Ҳар рӯз рейду тафтиш ҷараён дорад. Каме даъвои кунӣ, зуд боздошт мекунанду баъди даҳ рӯз хориҷ мешавӣ."

Аммо на ҳамаи муҳоҷирон вазъиятро чунин сахту мушкил тасвир мекунанд. Баъзе мегӯянд, баъди фирори қисме аз шаҳрвандони ин кишвар ва кам шудани муҳоҷирон имкони дарёфти кор ва ба роҳ мондани зиндагии беҳтар бештар шудааст.

Мақомоти Русия шумораи умумии муҳоҷирони тоҷикро дар ин кишвар ду миллион нафар ҳисоб кардаанд. Ҷониби Тоҷикистон теъдоди онҳоро 600 ҳазор баршумурда.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG