Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тағйир дар сиёсат ва қонунҳои Русия. Муҳоҷирони кориро чӣ интизор аст?


Муҳоҷирони корӣ аз Осиёи Марказӣ. Акс аз бойгонӣ
Муҳоҷирони корӣ аз Осиёи Марказӣ. Акс аз бойгонӣ
Мақомоти Русия аз тағйири сиёсат дар бахши муҳоҷират хабар доданд. Ҷузъиёти навоварӣ ҳанӯз нашр нашуда, аммо коршиносон бовар доранд, ки сиёсати муҳоҷирати ин кишвар шароии коргарони хориҷиро сахттар хоҳад кард.

Масъалаи муҳоҷират дар ҷаласаи Шӯрои амнияти Русия рӯзи 19-уми октябри имсол баҳс шуд. Николай Патрушев, дабири Шӯрои амнияти Русия, гуфтааст, то поёни соли 2022 қонунгузории муҳоҷирати ин кишвар ислоҳ мешавад. Ӯ ворид шудани 5 миллион сокини Украинаро ба хоки ин кишвар далели асосии ислоҳот номид.

Николай Патрушев
Николай Патрушев

Ба гуфтаи Патрушев, тағйироти қонун шомили назорати сахти муҳоҷират ва инчунин "иқдомҳои густурда барои ҳифзи тартибу қонун дар маконҳоест, ки шумораи бештари муҳоҷир дар онҷо ҳастанд".

Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия, дар ин ҷаласа зикр кард, ки сиёсати муҳоҷират дар пасманзари хатарҳои эҳтимолӣ ба ислоҳ ниёз дорад. Дмитрий Медведев, муовини раиси Шӯрои амнияти миллии Русия, моҳи апрели имсол дар мавриди пешнависи қонуни танзими муҳоҷират хабар дод. Медведев он замон гуфта буд, иқдомҳои ҳозираи назорат бар шаҳрвандони хориҷӣ дар ҳудуди Русия ба ҷилавгирӣ аз “анклавҳои қавмӣ” ва “минтақаҳои ҷиноӣ” қодир нестанд.

Баёнияҳои сиёсатмадорони баландпояи Русия ва азми тағйири сиёсати ҳозираи муҳоҷират боиси гумонзаниҳои гуногун миёни муҳоҷирон, мудофеони ҳуқуқи башар ва рӯзноманигорон гардид. Ҷаласаи Шӯрои амнияти Русия дар пайи суханронии интиқодии Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон, дар нишасти “Русия–Осиёи Марказӣ” дар Остона ва ҳодисаи хунини вилояти Белгород, ки даҳҳо нафар зимни тамрини низомӣ аз сӯи муҳоҷирони тоҷик куштаву захмӣ шуданд, баргузор гардид.

Тағйирот ба чӣ рабт дорад?

Профессор Сергей Абашин, таърихнигор ва коршиноси масоили муҳоҷират, мегӯяд, ислоҳоти ҳозира натиҷаи кори солҳои гузашта аст. Соли 2016 танзими муҳоҷират аз Хадамоти федеролии муҳоҷират ба Вазорати корҳои дохилии Русия гузашт ва таҳияи қонунгузории нави муҳоҷират ба миён омад.

Сергей Абашин
Сергей Абашин

"Соли 2018 консепсияи нави сиёсати давлатии муҳоҷират қабул шуд. Он замон идеологияи либералии муҳоҷират ба идеологияи амниятӣ табдил ёфт. Муҳоҷират ба унвони мушкил дониста мешуд ва ҳукумат ба шакл додани идеяи назорат, танзим ва дар сурати имконият коҳиш додани он шуруъ кард," -- мегӯяд Абашин.

Ба қавли ӯ, пешнависи қонун соли гузашта аз тарафи Вазорати корҳои дохилӣ ва дастгоҳи иҷроияи президенти Русия омода шуда буд. Баъдан масъалаи муҳоҷират ба дӯши Шӯрои амният гузошта ва Дмитрий Медведев масъули арсаи муҳоҷират таъйин шуд. Ин амалкард мантиқи ташдиди назорати муҳоҷиронро қувват бахшид.

Навовариҳои эҳтимолӣ

Моҳи августи имсол пойгоҳи хабарии ТАСС дар мавриди омода кардани пешнависи қонун "Дар бораи шароити вуруд (хуруҷ) ва иқомати шаҳрвандони хориҷӣ ва афроди бидуни шаҳрвандӣ" хабар дод, ки таҳияи се феҳристро дар назар мегирифт:

  • Феҳристи электронии корфармоёне, ки шаҳрвандони хориҷиро ба кор мегиранд;
  • Феҳристи кормандони хориҷӣ;
  • Феҳристи корфармоёни беинсоф.

Ба ҷуз ин, қонуни мазкур пешниҳод мекунад, ки шаҳрвандони хориҷӣ барои иқомат дар Русия бояд санади ягонаро бо абзори электронӣ дарёфт кунанд, ки он ба муддати 10 сол содир мешавад. Дарёфти ин санад танҳо пас аз гузаштан аз ангуштнигорӣ ва гирифтани акс имконпазир мешавад.

Пойгоҳи хабарии Life.ru бо такя ба коршиносон менависад, ки навоварӣ нуктаҳои зеринро дар назар мегирад:

  • Бунёдгузории марказҳои мутобиқшавӣ барои муҳоҷирон, ки онҷо ба ғайр аз таҳияи санаду шуғл ва ҷойи аслии иқомати онҳо, мутобиқшавии фарзандон ва ғайра сабт мешавад.
  • Баргузор кардани фаъолиятҳои барои ҳифзи назму тартиби қонун дар минақаҳои иқомати теъдоди зиёди муҳоҷирон.
  • Баррасии тавзеи саҳмияҳо (аз идора: бозгашт ба системаи саҳмия. Дар ҳоли ҳозир низоми иҷозатнома фаъол аст).
Каримҷон Ёров
Каримҷон Ёров

Каримҷон Ёров, фаъол ва вакили мудофеи тоҷик, ки бо пешнависи қонун шинос шудааст, мегӯяд, дар сурати қабул шудани ин қонун муҳоҷирон имконияти тағйири маконро аз даст медиҳанд, чун бештар вобастаи корфармоён мешаванд ва аз нигоҳи ҳимояти ҳуқуқи худ осебпазиртар мегарданд.

"Бар асоси ин тағйир, истилоҳҳои "ихроҷ аз кишвар" (депортатсия) ва "берун рондан" (выдворение) ба истилоҳи "бадарға кардан" (высылка) иваз мешаванд. Тасмими бадарға дар сатҳи сардори идораи пулиси маҳаллӣ бидуни ҳаққи шикоят гирифта мешавад. Муҳоҷир дар ҷараёни сабтином санадеро имзо мекунад, ки дар он гуфта мешавад, ӯ бо тамоми тасмимҳои тарафи Русия мувофиқ аст," – шарҳ дод Ёров.

Ба қавли вакили мудофеъ, сабабҳои ихроҷ ва ё бардарға бештар хоҳанд шуд. Барои мисол, мувофиқ набудани сабтином бо суроғаи воқеии иқомат ва ё напардохтани пули иҷозатнома, ки бар уҳдаи муҳоҷирон хоҳанд шуд, боиси ихроҷи онҳо мегарданд.

Бо вуҷуди ин, ҳамсуҳбатони Радиои Озодӣ мегӯянд, то қабул шудани қонун аз сӯи Думаи давлатӣ аз чигунагии қонунгузории нави муҳоҷирати Русия суҳбат кардан душвор аст.

Чӣ таъсире бар муҳоҷирон хоҳад дошт?

Ба гуфтаи Сергей Абашин, таъсири қонуни нав бар муҳоҷирон аз мақом ва вазъияти онҳо вобаста хоҳад буд. "Бахше аз муҳоҷирон, ки чунин шароити сахтро таҳаммул мекунанд, ба кори худ идома медиҳанд. Шояд ин низом ба фоидаи онҳо бошад, зеро чунин назорати сахт аз як сӯ маҳдудият эҷод мекунад ва аз тарафи дигар боиси кафолат ва мавқеи онҳо хоҳад шуд. Дар сурате, ки ҷойи кори собите дошта бошанд," – афзуд коршинос.

Ӯ бар ин назар аст, ки муҳоҷирон дар ҳоли пайдо кардани роҳҳои дигари муҳоҷират ба кишварҳои Аврупо, Амрико, Кореяи Ҷанубӣ ва кишварҳои Халиҷи Форс мебошанд ва муҳоҷират тадриҷан аз чунин низоми сахт раҳо мешавад.

Муҳоҷирати корӣ дар кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистон, яке аз манбаъҳои асосии даромади бештари оилаҳо мондааст. Интиқоли пули муҳоҷирон дар солҳои гуногун то 40 дарсад Маҷмӯи Маҳсулоти Дохилиро ташкил медиҳад. Тибқи омори Бонки марказии Русия, соли 2021 аз ин кишвар ба Тоҷикистон 1 миллиарду 795 миллион доллар фиристода дода шудааст, ки баробар ба 23 дарсади маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар мебошад.

Вячеслав Поставнин, президенти Бунёди дастгирии тарҳҳои иҷтимоӣ “Муҳоҷират - асри XXI” ва муовини пешини Хадамоти федеролии муҳоҷирати Русия, мегӯяд ҳукумати ин кишвар талош меунад теъдоди муҳоҷирони ғайриқонуниро коҳиш бидиҳад, аммо дар умум сатҳи муҳоҷират ба таври қобили таваҷҷуҳ тағйир намеёбад.

“Русия, ба ҳар ҳол, ба муҳоҷирон ниёз дорад. Дар ҳоли ҳозир ниёзи бештаре ба муҳоҷирон дар арсаи сохтмон ҳаст. Ғайр аз ин, муҳоҷирони кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Қафқози Ҷанубӣ дар иқтисоди Русия нақш доранд ва дар бозорҳо ба қадри кофӣ машғуланд. Агар муҳоҷиронро аз ин арсаҳо хориҷ кунанд мушкилоти бузурге ба вуҷуд меояд”, -- мегӯяд Поставнин.

Теъдоди муҳоҷирони тоҷик дар Русия мавзӯи баҳс миёни ин кишвар ва Тоҷикистон мондааст. Русия теъдоди онҳоро бештар аз ду миллион ҳисоб мекунад дар ҳоле, ки ҷониби Тоҷикистон мегӯяд бештар аз 600 ҳазор шаҳрванди ин кишвар бо ҳадафи кор дар Русия қарор доранд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG