Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Дари масҷидро бастанд, сими барқро буриданд." "Роҳи нав"-и даъват ба артиш?


Дарвозаи бастаи яке аз масҷидҳо. Акс аз бойгонӣ
Дарвозаи бастаи яке аз масҷидҳо. Акс аз бойгонӣ

Сокинони як маҳалла дар ноҳияи Кушониён шикоят доранд, ки мақомот бо талаби баргардондани фарзандонашон аз хориҷа ва фиристодани онҳо ба артиш сими барқи чанд хонаро бурида, ба дари масҷидҳо қуфл задаанд. Дар ҳукумати ноҳия изҳори бехабарӣ карданд. Ҳуқуқдонҳо рафтори мансабдорони маҳаллиро хилофи қонун донистанд.

"Гуфтанд, то писаронатонро аз хориҷа наоред..."

Маҳаллаи Дилбарӣ дар ҳудуди ҷамоати Меҳнатободи ноҳияи Кушониён ҷойгир аст. Раиси маҳалла, Ҳошим Чиллаев, мегӯяд, дар онҷо 300 оила зиндагӣ доранд ва аксар ҷавонон барои хӯрондану пӯшондани наздикон дар Русия кор мекунанд.

"Маҳаллаи мо калон аст, се масҷид дорад. Ду масҷидро як ҳафта пештар, масҷиди дигарро се рӯз қабл бастанд. Барои нарафтани ҷавонон ба артиш," – тасдиқ кард Ҳошим Чиллаев рӯзи 21-уми октябр дар суҳбати телефонӣ бо Радиои Озодӣ.

Ноҳияи Кушониён
Ноҳияи Кушониён

Дар ҳукумати ноҳияи Кушониёни вилояти Хатлон гуфтанд, ки дар бораи бастани масҷидҳо дар маҳалали Дилбарӣ хабар надоранд. Дилафрӯз Шукруллозода, муовини раиси ноҳия, рӯзи 21-уми октябр ба Радиои Озодӣ ваъда дод, ки "мудири бахши танзимро мепурсам, чӣ ҳолат аст, корбарӣ мекунем", вале дигар ба зангҳои телефонии мо посух надод.

Дар ҳоле ки намояндагони ҳукумат шарҳе намедиҳанд, сокинон мегӯянд, мақомот сими чанд хонаро низ буридаанд. "Гуфтанд, то писаронатонро аз хориҷа наоред ва ба хидмати ҳарбӣ нафиристед, қувваи барқ нест," – нақл кард яке аз сокинон.

Дар ҷамоати Меҳнатобод қатъи нерӯи барқу бастани дари масҷидҳоро рад карданд, аммо гуфтанд, дар маҳаллаи Дилбарӣ фиристодани ҷавонон ба артиш дар сатҳи поинтарин аст. Намояндагони ҷамоат аз он ибрози нигаронӣ карданд, ки "баъзе аз волидон фарзандонро ба артиш намефиристанд".

Баъзе аз сокинон гуфтанд, писаронашон барои таъмини оила ба муҳоҷирати корӣ ба Русия рафтаанд ва агар дар ватан мебуданд, аз хидмат сарпечӣ намекарданд.

"Дар асри 21 ҳастем, на..."

Бори аввал нест, ки дар минтақаҳои Тоҷикистон бо талаби ба артиш фиристодани ҷавонон сими барқи мардумро буридаву дари масҷидҳоро мебанданд. Айни корро дар соли 2019 дар ноҳияҳои Ҷайҳун ва Нуробод "таҷриба" карданд. Ҳамон сол чанде аз сокинони вилояти Суғд шикоят доштанд, ки мақомот волидонро дастгир кардаанд, то барои бозгаштани фарзандонашон аз хориҷа фишор биоранд.

Шокирҷон Ҳакимов
Шокирҷон Ҳакимов

Ба назари ҳуқуқдон ва муовини аввали раиси ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон, Шокирҷон Ҳакимов, "бо истифода аз чунин усул намешавад, ҷавононро ба артиш ҷалб кард." Вай рӯзи 21-уми октябр гуфт, қатъи нерӯи барқ ва бастани дари масҷид бо ҳадафи ҷалби ҷавонон ба хидмат "хилофи қонунгузориҳои кишвар аст ва шахсоне, ки дар ин амал даст доранд, бояд ба ҷавобгарӣ кашида шаванд".

"Мақомот бо ин амал сокинонро аз дастрасӣ ба ҳуқуқи дигар маҳрум мекунанд. Мардум бо истифода аз нерӯи барқ дарс тайёр мекунанду хӯрок мепазанд. Мо дар асри 21 ҳастем. Беҳтар аст, аз чунин тарзу усули ҷалби ҷавонон ба хидмат худдорӣ шавад," – шарҳ дод ӯ.

Аз аввали моҳи октябри имсол даъвати тирамоҳии ҷавонони аз 18 то 27-сола ба артиш ҷараён дорад. Вазорати дифои Тоҷикистон хабар дод, ки беш аз 50 дарсади нақшаро иҷро кардаанд.

Мақомот ҳар сол аз афзудани сафи ихтиёриён суҳбат мекунанд, аммо мавридҳои "сарбозшикор" ва фишор ба волидони ҷавонон ин хабарҳоро зери шубаҳа мебарад. Сокинон мегӯянд, ҳамчунин, гузоришҳо дар бораи латукӯбу марги сарбозон дар қисмҳои низомӣ онҳоро дар марвиди фиристодани фарзандонашон ба артиш "дудила" кардааст.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG