Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Ҷанги бегона". Оё ҷалби ақаллиятҳои миллӣ ва муҳоҷирон ба ҷанги Украина Тоҷикистонро таҳдид мекунад?


Бар асоси арзёбиҳои гуногун, ҷанг дар Украина бештар ба мардуми бумии Русия таъсиргузор шудааст. Теъдоди талафот дар байни воҳидҳои федеролии ин кишвар нишондиҳандаи ин тамоюл аст, ки эътирозҳои иҷтимоиро ба ҳамроҳ дорад. Дар ҳамин ҳол, ҷалби зодагони кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистон, низ мушоҳида мешавад. Ин раванд барои Тоҷикистон ва кишварҳои дигари минтақа чӣ маъно дорад?

Бо эълони басеҷ (сафарбаркунии нерӯҳои эҳтиётӣ ба артиш) дар Русия алайҳи Маскав иттиҳомҳои зиёде ворид мешуд, ки теъдоди нобаробари ақаллиятҳои қавмӣ ба ҷанг кашида мешаванд. Ҳатто тибқи омори расмӣ, ки ба қавли рӯзноманигорон ва вакилони мудофеъ чандин маротиба камтар аст, Доғистон ва Бурятия аз ҷиҳати талафот дар ҷанги Украина дар сафи пеш қарор доранд.

Тибқи иттилои “Медиазона” то 9- уми сентябр аз 6219 кушта 94 нафар аз ҷумҳурии Тува мебошанд, ки пас аз Доғистон дар ҷойи дуюм аст, аммо аҳолии Тува тақрибан 10 баробар камтар аст. “Ҷанг аз ҳар сад ҳазор ҳадди ақал ҷони 29 нафарро гирифтааст – бе дар назар гирифтани онҳое, ки гум шудаанд ва маргашон дар сарчашмаҳои боз зикр нашудааст. Ин баландтарин нишондиҳанда миёни минтақаҳои Русия аст”, - менависад пойгоҳи хабарӣ.

Пойгоҳи “Важные истории” бо такя ба баёнияҳои мақомот менависад, мизони басеҷ аз ҳама бештар дар Красноярск бо тақрибан 5,5% афсарони захиравӣ, баъдан Севастопол 4%, Бурятия 3,7%, Доғистон 2,6% ва Қалмиқистон 2,2% дида мешавад. Инчунин, пойи муҳоҷирони кишварҳои Осиёи Марказӣ ба ҷанги Украина кашида мешавад.

Агар то эъломи басеҷ низомиёни ҳирфаӣ бо шаҳрвандии Русия ҷалб мешуданд, пас аз 21-уми сентябр ҳар муҳоҷири соҳиби шиносномаи Русия дар ҷойи онҳо қарор мегирад. Кирилл Кабанов, узви Шӯрои ҳуқуқи башари назди раиси ҷумҳури Русия, пешниҳод кардааст, он муҳоҷироне, ки шиносномаи Русия гирифта, аммо намехоҳанд дар артиш хидмат кунанду алайҳи Украина биҷанганд, ҳамроҳи наздиконашон аз шаҳрвандӣ маҳрум шаванд.

Дар маркази “Сахарово”, ба қавли муҳоҷирон, зерсохторҳое барои ҷалби муҳоҷирон ба ҷанги Украина дар ивази шиносномаи Русия эҷод шудааст.

Басеҷ барои “ғайрирусҳо”?

Пойгоҳи "Idel.Реалии" дар бораи басеҷи интихобии аҳолии Тотористон ва Бошқирдистон менависад, ки боиси норизоиятӣ байни фарҳангиён ва фаъолон шудааст. “...Ман фикр мекунам, сиёсати огоҳонаи Маскав ин аст, ки ақаллиятҳои миллӣ дар ин ҷанги ғоратгарона ва таҳоҷумӣ иштирок кунанд. Ин як ҷанги ошкорои истеъморӣ аст, бино бар ин, дар инҷо омили миллӣ дар садр қарор дорад”, - мегӯяд коршиноси тотор Руслан Айсин.

Ба гуфтаи Айсин, дар Кремлин чунин меандешанд, ки басеҷи қавмӣ бояд нақши мардуми ғайрирусро коҳиш бидиҳад. Ба қавли ӯ, “басиҷшудаҳо хуб муҷаҳҳаз нашуда ва омодагии хуб ҳам надоранд. Ба ин далел, бештар хисороти ҷонӣ дар байни онҳо дида мешавад.”

Олга Абраменко, коршиноси Маркази зиддитабъизи “Мемориал”, мегӯяд, иштироки нобаробари ақаллиятҳои қавмӣ дар ҷанг дар бештари маврид бозгӯкунандаи вазъияти асафбори минтақаҳои қавмӣ аст.

Олга Абраменко
Олга Абраменко

“Хидмати низомии шартномавӣ яке аз роҳҳои ба даст овардани маоши хуб ва ҳалли масъалаи хона аст – онҷо кори дигар нест... Басеҷ ва кушта шудани намояндагони ақаллиятиҳои қавмӣ нобаробар аст. Ман намедонам, иродаи золимонаи хосе барои фиристодан ба ҷанги ҷинояткорона ва куштани ҳарчи бештар “ғайрирусҳо” вуҷуд дорад ё на, аммо қатъан аз ин мавзуъ барои ҳадафҳои таблиғотӣ истифода мешавад”, - мегӯяд коршинос. Ӯ афзуд, басеҷ барои мардуми шумораашон кам фоҷеа аст.

Муҳоҷирон дар ҷанг

Думаи давлатӣ 20-уми сентябр тарҳи қонунеро тасвиб кард, ки барои даст ёфтан ба шаҳрвандии Русия роҳи “соддашударо”-ро пешниҳод мекунад. Тибқи ин қонун бар ивази як сол хидмат дар “нерӯҳои Русия, нерӯҳои дигар ва ё ташаккулҳои низомӣ” шаҳрвандии Русия дода мешавад.

Ҳадафи тағйири қонун дар мавриди гирифтани шаҳрвандии Русия фардои он рӯз маълум шуд. Владимир Путин 21-уми сентябр барои ҳимоят аз таҷовузи Кремл ба хоки Украина, ки вазъияти нерӯҳои ин кишвар бад шуд, басеҷи “нисбӣ”-и низомӣ эълон кард.

Аммо қабл аз ин мақомоти Узбекистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон бо пахши баёнияҳои расмӣ ба шаҳрвандони худ аз иштирок дар ҷангҳои бегона, ки барои он 12 сол маҳрум аз озодӣ дар ҳар се кишвар пешбинӣ шудааст, ҳушдор доданд.

“Эҳтимоли ҷалби муҳоҷирон ба ҷанг дар ҳоли ҳозир кам аст, чунки 300 ҳазор нафари эълоншуда ҷамъ шуд. Аммо ҳама чиз аз таҳаввулоти оянда вобаста аст. Агар дар Маскав эълони ҷанг ва дар Украина басеҷи умумӣ эълон кунанд, он гоҳ тибқи қонунгузории Русия ба муҳоҷирон маоши ночиз мепардозанд ва онҳоро дар ширкатҳои дифоӣ истифода хоҳанд кард”, - мегӯяд вакили мудофеъ Каримҷон Ёров.

Таҳлилгари мустақили тоҷик Набӣ Юсупов мегӯяд, иштироки зодаи Тоҷикистон бо шиносномаи русӣ дар ҷанг нақзи ҳаққи ҳокимияти Тоҷикистон нест, чунки байни ду кишвар созишномаи душаҳрвандӣ имзо шудааст.

“Шаҳрванди ҳар кишвар уҳдадориҳои муайяне дорад. Хусусан ҳангоми қабули шаҳрвандиии Русия савганд ёд мекунанд ва уҳдадор мешаванд, ки аз ин кишвар дифоъ хоҳанд кард”, - мегӯяд Юсупов.

Ба гуфтаи вай, дар Русия чорчӯби қонунӣ барои ҷалби сарбозони кироя ба ҷанг вуҷуд надорад ва агар шаҳрванди Тоҷикистон ба унвони сарбози кироӣ ба ҷанг биравад, қонунгузории Тоҷикистонро нақз мекунад. Дар сурати қабули шаҳрвандии Русия, ӯ интихоби худро кардааст ва мехоҳад дар кишвари дигар ва тибқи қонунгузории ғайр зиндагӣ мекунад.

Ӯ мегӯяд, муҳоҷирони собиқи ҷангдида дар сурати бозгашт аз ҷанг метавонанд, абзори хуби таъсиргузор барои Русия ва дарди сар барои кишвари худ бошанд. Эҳтимол ин равандро дар ин кишварҳо медонанд ва талош мекунанд ба он роҳ надиҳанд.

Назарҳои мутобиқ ва мухолиф

Худи муҳоҷирони собиқ, ки соҳиби шиносномаи Русия шудаанд, ба иштироки худ дар ҷанг алайҳи Украина назари яксон надоранд. Исфандиёр, як зодаи Тоҷикистон, бо шиносномаи Русия, мегӯяд, дар артиши Русия хидмат кардааст ва дар сурати гирифтани даъват омодаи рафтан ба комиссариат аст.

“Ман се кӯдак дорам. Аз давлат ҳангоми гирифтани хона кумак дарёфт кардам. Дар сурати зарурат омодаи хидмат барои кишвар ҳастам”, - мегӯяд ҳамсуҳбати мо.

Парвиз, ҳамсуҳбати дигари мо, бо вуҷуди доштани шиносномаи русӣ муқобили иштирок дар ҷанг аст. “Ман солҳои дароз корҳои гуногун мекардам ва бо нархи 350 ҳазор рубли русӣ шиноснома гирифтам. Ин ҳама сол андоз месупурдам, қонуншиканӣ накардам ва аз касе қарздор нестам. Ҳатто дар артиш ҳам хидмат накардаам,” - мегӯяд Парвиз.

Бо вуҷуди ин, дар шабакаҳои иҷтимоӣ наворҳое дида мешаванд, ки хонаводаҳои муҳоҷирони собиқ фарзандонашонро ба ҷанг гусел мекунанд. Теъдоди зодагони кишварҳои Осиёи Марказӣ, ки дар артиши Русия алайҳи Украина меҷанганд, маълум нест.

Александр Штупун, сухангӯи ситоди кулли Украина, 10-уми сентябр Маскавро барои талоши ҷалби “ихтиёриён” дар миёни низомиёни бознишастаи Қирғизистон аз тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ муттаҳам кард. Ҳамон рӯз хабарнигори низомии Украина Юрий Бутусов навореро нашр кард, ки дар он сарбозони асир аз Узбекистон будани худро тасдиқ мекунанд.

Бахши тоҷикӣ ва қирғизии Радиои Озоӣ чанд муддат қабл аз кушта шудани шаҳрвандони ин ду кишвар дар артиши Русия хабар доданд. Тибқи хабарҳои расида, ширкати хусусии низомии “ЧВК Вагнер” низ шаҳрвандони Осиёи Марказиро барои пайвастан ба сафи артиши Русия мағзшӯӣ мекунад.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG