Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Санҷиш" дар даромадгоҳҳои Душанбе. Барои сатру риш ё тарғиби фарҳанги миллӣ? ВИДЕО


Дарвозаи шарқии Душанбе

Мавзӯи муборизаи мақомот бо риши мардону ҳиҷоби занон дар Тоҷикистон, ки як муддат фурӯ нишаста буд, дубора боиси баҳсу нигарониҳо шудааст. Баъзе аз сокинон аз назорати сахт бар либосу зоҳири худ шикоят мекунанд. Ин бор макони аслии чунин маъракаҳо, ки мақомот онро чораҳои омӯзишӣ ба зидди фарҳанги бегона меноманд, даромадгоҳҳои пойтахт будааст.

Яке аз шоҳидон бе зикри ном дар мактубе ба Радиои Озодӣ навишт, "дар даромадгоҳи 9-ум километр, аз соати ҳафти субҳ то ёздаҳи рӯз, рейди сатру риш идома дорад."

Рӯзи 16-уми ноябр дар даромадгоҳи шарқии Душанбе чанд нафар тасдиқ карданд, ки бо иштироки намояндагони идораҳои давлатӣ "як моҳ боз санҷиши занони боҳиҷобу ҷавонони ришдор" мегузарад. Ҳамсуҳбатони мо ба далели ҳассос будани мавзуъ нахостанд, номашон зикр шавад. Намояндагони мақомот дар маҳал қазияро шарҳ надоданд.

Рӯзи 17-уми ноябр дар назди дидбонгоҳи Бозрасии Давлатии Автомобилӣ, дар дарвозаи ҷанубии пойтахт, баъзе шахсони ришдорро ба суҳбат хонда, сипас ҷавоб медоданд. Дар онҷо ҳамроҳи нозирони роҳ занҳо низ буданд. Онҳо дар суҳбат ба Радиои Озодӣ дақиқ нагуфтанд, ки аз кадом идораи давлатӣ ҳастанд. Ба тан либоси мулкӣ доштанду ҳаминро гуфтанд, ки "мақсадашон тарғиби фарҳанги миллӣ ва пешгирӣ аз гароиш ба фарҳанги бегона аст."

Гузориши видеоиро дар инҷо бинед:

Дар Душанбе рейди “ришу ҳиҷоб” мегузаронанд?
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:50 0:00

Дар Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон гуфтанд, нозирони роҳ машғули кори худанд ва санҷиши либосу зоҳири шаҳрвандон дар масъулияти онҳо нест. Дар Кумитаи кор бо занон ва Кумитаи дин рӯзи панҷшанбе "амалиёти" махсусро дар мавриди сатру риш рад карданд.

Пурсиши сарироҳӣ дар Душанбе нишон дод, ки сокинон дар бораи дахолати мақомот ба шеваи либоспӯшӣ ё намуди зоҳирии онҳо назари гуногун доранд. Яке аз мусоҳибони мо гуфт, "дар давлати демократӣ ва дунявӣ ҳастем ва бояд ҳар кас вобаста ба шароити худ либос пӯшад."

"Фикр мекунам, ин нодуруст аст. Ҳар шахс ихтиёр дорад, ба худаш либос интихоб кунад. Муҳим он аст, ки либос шинаму озода бошад. Ба назари ман," – афзуд дигаре.

Солҳо боз мақомоти Тоҷикистонро барои маҳдудиятҳои динӣ танқид мекунанд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико моҳи июни имсол дар гузориши солонааш дар бораи озодиҳои мазҳабӣ дигарбора Тоҷикистонро дар қатори кишварҳои мояи нигаронии хос гузошт. Мақомот дар вокуниш гуфтанд, "гузориш вазъи воқеии озодиҳои диниро дар кишвар баён намекунад".

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG