Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дархости Зеленский аз Шӯрои Амнияти СММ


Владимир Зеленский
Владимир Зеленский

Владимир Зеленский, президенти Украина, аз Шӯрои Амнияти Созмони Милал даъват кард, ки зидди Русия иқдом карда, Маскавро ба қатъи ҳамлаҳо болои инфрасохтори Украина водор кунад.

Дар натиҷаи оташборони 23-юми ноябр 6 украинӣ ба ҳалокат расида, шаҳрҳои ин кишвар аз барқу гармӣ маҳрум шуданд.

Зеленский гуфт, танҳо дар рӯзи чоршанбе 70 мушаки Русия ба ҳадафҳо дар Украина зарба задаанд.

Зеленский, ки тавассути интернет сухан меронд, ба иштирочиёни ҷаласаи Шӯрои Амният таъкид кард, ки шифохонаҳо, мактабҳо, нақлиёт ва манотиқи аҳолинишин ҳадафи мушакҳои Русия қарор гирифтаанду украиниҳо мунтазири вокуниши ҷомеаи ҷаҳонӣ ба ин амал ҳастанд.

Ӯ пешниҳод кард, ки Русия аз ҳаққи овоздоҳӣ дар ин Шӯро маҳрум гардад.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG