Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аз пойи равон маҳрум, аммо тавоно. Қиссаи ҷавоне, ки бо қаҳрамони Озодӣ издивоҷ кард. ВИДЕО


Суҳроб Холов
Суҳроб Холов

Дар ноҳияи Панҷ ахиран ду ҷавоне бо ҳам издивоҷ кардаанд, ки дорои имконият маҳдуд, вале соҳиби ҳунаранд. Зиндагии онҳо баъди як гузориши Радиои Озодӣ ба ҳам пайваст.

Арӯс, Фарзонаи Алихон, сокини ноҳияи Ҳамадонӣ ва қаҳрамони яке аз гузоришҳои мо аст, ки барои арӯсон курта медухт, то дастнигари касе набошад. Чанде пеш ӯро ба хонаи бахт гусел карданд. Домод ҳам яке аз ҳамтақдиронаш аст. Ҳарду бо вуҷуди имкониятҳои маҳдуд ба касе вобаста нестанд ва худу оиларо таъмин мекунанд.

Суҳроб Холови 39-сола дар ноҳияи наздимарзии Панҷ миёни сокинон соҳибэҳтиром аст. Утоқи хурде дар маркази ноҳия, коргоҳи ин ҷавон аст ва корафтодаҳои зиёде барои таъмири компютераҳояшон ба ин ҷо, назди ӯ, меоянд.

Видеоро инҷо тамошо кунед:

Суҳроб бо қаҳрамони гузориши Радиои Озодӣ оила сохт
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:05 0:00

Ӯ аз пойи равон маҳрум аст, аммо ҳунараш ҳар рӯз чандин нафарро ба наздаш меорад. Мисли Амирҳамза Нарзуллоев, омӯзгори мактаби як деҳа дар Панҷ, ки ҳар вақте компютераш мушкил пайдо кунад, ба суроғи Суҳроб меояд. “Зиёда аз панҷ сол шуд, пешаш меоям, муомилаш хуб ҳаст, ягон камбудӣ дар бораи муомилаш нест.”- мегӯяд, Амирҳамза Нарзуллоев, омӯзгор.

Суҳроб Холов дар деҳаи Араб ва нӯҳ километр дур аз маркази ноҳияи Панҷ зиндагӣ мекунад. То 14-солагӣ ӯ ҷисман пурра солим буд. Соли 1997 дар назди хонаашон тири дайду ба камараш расид ва ӯ аз пой маҳрум шуд. Муолиҷаҳои зиёду тулонӣ натиҷа надодаанд.

Як тавсияи дӯстони падараш Суҳробро аз бемориву танҳоӣ наҷот дод. Ӯ касб омӯхт. Вай 283 сомонӣ нафақаи маъюбӣ мегирад, аммо зиндагии худу хонаводаи калонашро бо шуғлаш пеш мебарад. Ғайр аз таъмири компютер, ба парвариши занбури асал ва чорво машғул аст.

Утоқи кории Суҳроб
Утоқи кории Суҳроб

“Пеш аз корро сар кардан доим касал будам, як моҳ дар инҷо будам, ду се моҳ дар Душанбе дар беморхона, баъд як шиносаш аз падарам мепурсад, ки саводи писарат чӣ хел аст? Падарм гуфт, “саводаш соз аст.” Баъд тасмим шуд, ки ба ман касб омӯзонанд. Ман кампютериро омӯхтам ва аз соли 2008 то ҳоло кор карда истодаам.”- афзуд, Суҳроб Холов, сокини Панҷ.

Барои ӯ, ки пайваста ба парасторе ниёз дошт, бештар модар заҳмат кашидааст, акнун Суҳроб подоши муҳаббату некиҳои модарашро бармегардонад. Рӯзгори хонаводаро таъмин мекунад. Модар, ки мегӯяд, бовар надошт, писараш зинда монад, ҳоло аз он хушҳол аст, ки Суҳроб дар зиндагӣ ҷойи худро пайдо кардаву ба оила ҳам кумак мекунад.

Гулбӣ Бутакова, модари Суҳроб Холов гуфт: “Чанд сол шуд, ӯ кор мекунад, мо аз дасти ҳамин писари маълуламон нон мехурем. Ман умед надоштам. Бачам ва матои кафанаш дар дастам, Россия рафта будам. Матоъ ҳам омода буд, ки шояд ҳозир ё замони дигар ҷонаш мебарояд. Лекин Худованд умрашро дароз карда будааст, ҳоло ӯ кор мекунаду ман мехурам.”

Фарзона бо хонаводаи Суҳроб
Фарзона бо хонаводаи Суҳроб

Қиссаи издивоҷи Суҳроб ҳам ҷолиб аст. Арӯсро барои Сӯҳроб падари ӯ, ки дар муҳоҷират аст, пас аз як гузориши Озодӣ пайдо кард. Гузориш дар бораи Фарзонаи Алихон, сокини ноҳияи Ҳамадонӣ буд, ки маъюб асту барои наварӯсон либос медӯхт. Фарзона аз шавҳар ҷудо шуда, дар хонаи танги волидон зиндагӣ мекард.

Як ҳафта пеш ӯро аз ноҳияи Ҳамадонӣ бо роҳҳои морпечи кӯҳӣ ба Панҷ, ба хонаи Суҳроб оварданд. Модари Суҳроб мегӯяд, ки доим дуо мекард, писараш барои худ ҳамсари муносибе пайдо кунад.

Ҳоло ин ҷуфти ҳамдарду ҳамтақдир, ҳарду соҳиби кору муштариёни худанд. Яке бо дӯзандагӣ ва дигаре бо таъмири компютерҳо метавонанд мустақилона аробаи зиндагии худро бичархонанд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG