Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Фаронса нахустин шуда ба 1/8 финали Ҷоми ҷаҳонии футбол роҳ ёфт


Ду тӯби Фаронсаро бозигари бомаҳорати кишвар Мбаппе ба ҳадаф расонд.
Ду тӯби Фаронсаро бозигари бомаҳорати кишвар Мбаппе ба ҳадаф расонд.

26-уми ноябр, дар рӯзи ҳафтуми Ҷоми ҷаҳонии футбол-2022 дар Қатар, чаҳор бозии даври дуюм дар гурӯҳҳои С ва D баргузор шуд. Мунтахаби Фаронса аввалин шуда ба плей-офф роҳ пайдо кард.

Рӯзи шанбе нахуст дастаҳои Тунис ва Австралия вориди рақобат шуданд. Тунисиҳо пас аз мусовӣ дар даври аввал метавонистанд шонси худро барои ба плей-офф баромадан зиёд кунанд, дар ҳоле ки ба австралиягиҳо зарур буд ҳадди аққал ягон хол ба даст оранд. Бозӣ бо пирӯзии ғайричашмдошти австралиягиҳо бо ҳисоби 1:0 анҷом ёфт. Тӯбро Миттчел Дюк дар дақиқаи 23-юм бо зарбаи сар вориди дарвоза кард.

Баъдан тимҳои миллии Лаҳистон (Полша) ва Арабистони Саудӣ рақобат намуданд. Лаҳистониҳо, ки чаҳор рӯз пеш натавонистанд мунтахаби Мексикаро мағлуб кунанд, ин дафъа ба саудиҳо бо ҳисоби 2:0 пирӯз шуданд. Ва, ниҳоят, капитани мунтахаби Лаҳистон Роберт Левандовски дар Ҷоми ҷаҳонӣ дар дақиқаи 82-юм гол зад. Голи аввали ин бозиро Зелински дар дақиқаи 39-ум ба самар расонд.

Сипас муддаиёни пирӯзӣ дар гурӯҳи D - Фаронса ва Дания рӯбарӯ шуданд. Қаҳрамони ҷаҳон ба рақибаш бо ҳисоби 2:1 ғолиб омад. Ду голи фаронсавиҳоро Мбаппе дар дақиқаҳои 61-ум ва 86-ум ва як голи даниягиҳро Кристенсен дар дақиқаи 68-ум заданд. Ба шарофати ин пирӯзӣ дастаи Дидйе Дешам нахустин шуда ба плей-офф роҳ ёфт.

Ва бозии охирини рӯзи ҳафтуми мусобиқот миёни дастаҳои мунтахаби Аргентина ва Мексика доир гардид. Воқеан, дар сурати мағлуб шудан, аргентиниҳо шонси роҳ ёфтан ба плей-оффро аз даст медоданд. Лео Месси, капитани мунтахаби Аргентина, ки дар мавриди зарурат ҳунари волояшро намоиш дод, ба дастааш барои аз гурӯҳ баромадан умед бахшид. Месси дар дақиқаи 64-ум бо зарбаи сахту нишонрас аз масофаи дур ҳисобро кушод. Баъдан бо паси ӯ Фернандес голи дуюмро дар дақиқаи 87-ум вориди дарвоза кард.

26 ноябр, натиҷаҳои бозиҳои даври 2-юми марҳилаи гурӯҳӣ

Гурӯҳи С

Лаҳистон – Арабистони Саудӣ – 2:0 (1:0)

Голҳо: 1:0 – Зелински (39), 2:0 – Левандовски (82).

Давҳа, варзишгоҳи «Эдюкейшн Сити»

Аргентина – Мексика – 2:0 (0:0)

Голҳо: 1:0Месси (64), 2:0 – Фернандес (87).

Лусаил, варзишгоҳи «Лусаил»

Гурӯҳи D

Тунис – Австралия – 0:1 (0:1)

Гол: 0:1 – Дюк (23).

Ал-Вақра, варзишгоҳи «Ал-Ҷануб»

Фаронса - Дания – 2:1 (0:0)

Голҳо: 1:0 – Мбаппе (61), 1:1 – Кристенсен (68), 2:1 – Мбаппе (86).

Давҳа, варзишгоҳи «974»

Ҳамин тариқ, баъди натиҷагирии бозиҳои даври дуюм дар гурӯҳи С мунтахаби Лаҳистон бо 4 имтиёз пешсаф аст. Аргентина (3 имтиёз) дар ҷойи дуюм ва Арабистони Саудӣ (3 имтиёз) дар ҷойи сеюм мебошанд. Мексика бо 1 имтиёз дар зинаи охирин ҷойгир шудааст ва дар ии гурӯҳ ягона дастаест, ки натавонистааст ғалаба кунад.

Дар гурӯҳи D мунтахаби Фаронса, ки дар ҳарду бозиаш пирӯз шуда, 6 имтиёз гирифтааст, мақоми аввалро касб намудааст. Фаронсавиҳо пешакӣ ба плей-оффи қаҳрамонии ҷаҳон роҳ пайдо карданд. Тақдири роҳхати дуюм дар даври охирин ҳал хоҳад шуд. Дар ҳамин ҳол Австралия бо касби 3 имтиёз дар ҷойи дуюм аст. Ҷойҳои сеюму чаҳорумро Дания ва Тунис бо якимтиёзӣ ишғол кардаанд.

Ба ин тартиб, дар Ҷоми ҷаҳонии футбол дар Қатар то ҳоло аз 64 бозӣ 24-тоаш баргузор шуд. 17 бозӣ бо пирӯзии яке аз дастаҳо хотима ёфт, 7 бозӣ бо ҳисоби мусовӣ ё баробар ба анҷом расид. Ҳамагӣ 57 гол зада шуд. То ҳоло ҳисоби рекордӣ дар бозии дастаҳои Испания ва Коста-Рика мушоҳида гардидааст – 7:0 ба фоидаи Испания.

Имрӯз, 27-уми ноябр, чаҳор бозӣ дар гурӯҳҳои E ва F баргузор мешавад:

Гурӯҳи E. Ҷопон Коста-Рика 15:00

Гурӯҳи F. Белгия – Марокаш − 18:00

Гурӯҳи F. Хорватия – Канада − 21:00

Гурӯҳи E. Испания – Олмон − 00:00

Мусобиқоти қаҳрамонии футболи ҷаҳон-2022 дар Қатар, ки 20-уми ноябр шуруъ шуд, то рӯзи 18-уми декабр идома хоҳад кард. Бозиҳо дар ҳашт варзишгоҳи панҷ шаҳри Қатар сурат гирифтааст.

Дар марҳилаи гурӯҳӣ 32 дастаи мунтахаб, ки ба 8 гурӯҳи чордастаӣ тақсим шудааст, барои роҳ ёфтан ба даври плей-офф мубориза мебарад. Дастаҳое, ки дар гурӯҳҳо ҷойҳои якуму дуюмро мегиранд, ба даври ҳаштякниҳоӣ роҳ меёбанд.

Ҷоми ҷаҳонии футбол-2022 дар Қатар

Таркиби гурӯҳҳо:

гурӯҳи А – Қатар, Эквадор, Сенегал, Нидерланд;

гурӯҳи В – Англия, Эрон, ИМА (Иёлоти Муттаҳидаи Амрико), Уэлс;

гурӯҳи С – Аргентина, Арабистони Саудӣ, Мексика, Лаҳистон (Полша);

гурӯҳи D – Фаронса, Австралия, Дания, Тунис;

гурӯҳи Е – Испания, Коста-Рика, Олмон, Ҷопон;

гурӯҳи F – Белгия, Канада, Марокаш, Хорватия;

гурӯҳи G – Бразилия, Сербия, Швейтсария, Камерун;

гурӯҳи H - Португалия, Гана, Уругвай, Кореяи Ҷанубӣ.

Ҷадвали баргузории бозиҳо (ба вақти Душанбе):

Марҳилаи гурӯҳӣ

20 ноябр, якшанбе

Гурӯҳи А. Қатар Эквадор 0:2

21 ноябр, душанбе

Гурӯҳи B. Англия – Эрон – 6:2

Гурӯҳи A. Сенегал – Нидерланд – 0:2

Гурӯҳи B. ИМА– Уэлс – 1:1

22 ноябр, сешанбе

Гурӯҳи C. Аргентина – Арабистони Саудӣ – 1:2

Гурӯҳи D. Дания – Тунис – 0:0

Гурӯҳи C. Мексика – Лаҳистон 0:0

Гурӯҳи D. Фаронса – Австралия – 4:1

23 ноябр, чоршанбе

Гурӯҳи F. Марокаш – Хорватия – 0:0

Гурӯҳи E. Олмон – Ҷопон 1:2

Гурӯҳи E. Испания – Коста-Рика – 7:0

Гурӯҳи F. Белгия – Канада – 1:0

24 ноябр, панҷшанбе

Гурӯҳи G. Швейтсария – Камерун − 1:0

Гурӯҳи H. Уругвай –Кореяи Ҷанубӣ 0:0

Гурӯҳи H. Португалия – Гана − 3:2

Гурӯҳи G. Бразилия – Сербия − 2:0

25 ноябр, ҷумъа

Гурӯҳи B. Уэлс – Эрон – 0:2

Гурӯҳи А. Қатар Сенегал 1:3

Гурӯҳи A. Нидерланд – Эквадор − 1:1

Гурӯҳи B. Англия – ИМА − 0:0

26 ноябр, шанбе

Гурӯҳи D. Тунис – Австралия – 0:1

Гурӯҳи С. Лаҳистон Арабистони Саудӣ – 2:0

Гурӯҳи D. Фаронса– Дания − 2:1

Гурӯҳи C. Аргентина – Мексика − 2:0

27 ноябр, якшанбе

Гурӯҳи E. Ҷопон Коста-Рика 15:00

Гурӯҳи F. Белгия – Марокаш − 18:00

Гурӯҳи F. Хорватия – Канада − 21:00

Гурӯҳи E. Испания – Олмон − 00:00

28 ноябр, душанбе

Гурӯҳи G. Камерун – Сербия − 15:00

Гурӯҳи H. Кореяи Ҷанубӣ – Гана − 18:00

Гурӯҳи G. Бразилия – Швейтсария − 21:00

Гурӯҳи H. Португалия – Уругвай − 00:00

29 ноябр, сешанбе

Гурӯҳи A. Эквадор – Сенегал − 20:00

Гурӯҳи A. Нидерланд – Қатар 20:00

Гурӯҳи B. Эрон – ИМА − 00:00

Гурӯҳи B. Уэлс – Англия − 00:00

30 ноябр, чоршанбе

Гурӯҳи D. Австралия – Дания − 20:00

Гурӯҳи D. Тунис – Фаронса − 20:00

Гурӯҳи C. Арабистони Саудӣ – Мексика − 00:00

Гурӯҳи C. Лаҳистон– Аргентина 00:00

1 декабр, панҷшанбе

Гурӯҳи F. Канада – Марокаш− 20:00

Гурӯҳи F. Хорватия – Белгия − 20:00

Гурӯҳи E. Коста-Рика – Олмон− 00:00

Гурӯҳи E. Ҷопон Испания 00:00

2 декабр, ҷумъа

Гурӯҳи H. Гана – Уругвай − 20:00

Гурӯҳи H. Кореяи Ҷанубӣ Португалия 20:00

Гурӯҳи G. Сербия – Швейтсария − 00:00

Гурӯҳи G. Камерун – Бразилия − 00:00

1/8 финал

3–6 декабр

1/4 финал

9–10 декабр

1/2 финал

13–14 декабр

Бозӣ барои ҷои 3-юм:

17 декабр

Финал

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG