Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Чӣ гуна ширкатҳои Тоҷикистон ҷабри ҷанги Русия дар Украинаро мекашанд?ВИДЕО


Воридоти дору аз тариқи Украина ба Тоҷикистон кам шудааст.
Воридоти дору аз тариқи Украина ба Тоҷикистон кам шудааст.

Ҷанги Русия дар Украина ба кору даромади ширкатҳо дар Тоҷикистон бетаъсир набудааст. Як арзёбии Бонки Ҷаҳонӣ нишон додааст, ки 24 дарсади ширкатҳое, ки дар кишвар амал мекунанд, бар асари ҷанги Русия дар Украина зиён дидаанд.

"Шаҳриёр-2000"-ум аз зумраи ширкатҳоест, ки дар Тоҷикистон ба тиҷорати маводи доруворӣ машғул аст. Саид Шарипов, намояндаи ширкат дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, қабл аз ҷанг бо шарикони украиниашон ба муддати як сол барои хариди дору қарордод баста буданд, вале ҷанг оғоз ёфту кор дигар шуд. Ӯ афзуд: "Аз сабаби ҷанг дар Украина воридоти доруворӣ аз ин кишвар нисбат ба солҳои гузашта камтар шуд. Роҳи воридоти дору аз Украина ҳам тағйир ёфт ва аз ҳисоби роҳкиро арзиши дору камтар қимат мешавад. Имсол бори дуввум аст аз Украина дору ворид мекунем. Солҳои пеш чунин мушкил набуд."

Чӣ гуна ширкатҳои тоҷикӣ ҷабри ҷанги Русия дар Украинаро мекашанд?
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:19 0:00

Дар ин ширкат ҳаҷми зиён аз ҷанги Русия дар Украинаро нагуфтанд, вале тасдиқ карданд, ки мисли 8-9 моҳи пеш на ҳама доруҳои фармоишдодаашонро аз Украина метавонанд дастрас кунанд. Дар "Шаҳриёр-2000" гуфтанд, ки баъзе доруҳо, ки муштариён ба онҳо таваҷҷӯҳ доранд, камчин шудааст. Ин ширкат дар баробари Украина аз дигар кишварҳо, аз қабили Русия низ дору ворид мекардааст.

Ба монанди "Шаҳриёр-2000" дар чанде аз ширкатҳои дигар ҳам гуфтанд, ҷанг дар Украина ба кору даромадашон зиён расонидааст ва дар сурати идома ёфтани чунин вазъ онҳо бештар зарар хоҳанд дид.

Паёмади ҷанг дар Украинаро Бонки Ҷаҳонӣ дар мисоли ширкату корхонаҳои се кишвари Осиёи Марказӣ- Тоҷикистон, Қирғизистон ва Ӯзбекистон мавриди таҳқиқ қарор додааст. Дар арзёбии ин созмони байналмилалии молӣ, ки чаҳор моҳ қабл нашр шудааст, гуфта мешавад, бо оғози ҷанг дар Украина 65 дарсади корхонаҳои се кишвар ба хароҷоти афзояндаи истеҳсолӣ дучор шуданд. Бар асоси маълумоти Бонки Ҷаҳонӣ, тақрибан чаҳоряки корхонаҳои пурсидашуда ба мушкилоти молиявӣ рӯбарӯ ҳастанд.

Иқтисодшинос Фозилҷон Фатуллоев арзёбиҳои Бонки Ҷаҳониро дар мавриди таъсири ҷанги Русия дар Украина ба кори ширкатҳои Тоҷикистон воқеӣ меҳисобад. Ӯ рӯзи 24-уми ноябр ба Радиои Озодӣ гуфт, вақте хароҷоти ширкатҳо зиёд мешавад, нархи маҳсулоташонро боло мебаранд, ки дар ниҳоят таъсири он ба ҷайби мардум мерасад.

"Баъзе ширкатҳое буданд, ки аз Украина ё аз Аврупо тариқи Украина ба Тоҷикистон мебел меоварданд. Молу маҳсулоти дигар низ ба Тоҷикистон ворид мешуд ва аз Тоҷикистон мева содир мерафт. Тоҷироне, ки ба ин корҳо машғул буданд, зарари зиёд диданд", гуфт, ӯ.

Нуҳ моҳ пеш Русия дар хоки Украина ҷангро шурӯъ кард ва таҳти таҳримҳои кишварҳои ғарбӣ қарор гирифт ва иқтисодаш ҳам сусту заиф шуд. Бо таваҷҷӯҳ ба он ки иқтисоди Тоҷикистон аз Русия пойбандии зиёд дорад, тағйиротҳо дар ин кишвар ба Тоҷикистон ҳам таъсир гузошт.

Дар ин муддат масъулони блоки иқтисодии Тоҷикистон, аз ҷумла Вазорати рушди иқтисод ва савдо дар нишастҳои расмии худ дар мавриди паёмадҳои ҷанги Украина ба бахшҳои гуногуни иқтисоди кишвар гуфтаанд, вале омори дақиқе пешниҳод накардаанд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG