Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Душанбе роҳҳои сулҳ дар Афғонистонро баррасӣ карданд, бе ҳузури Толибон. ВИДЕО


Акс аз нишаст дар бораи Афғонистон дар Душанбе. 29.11.2022

Дар нишасте дар Душанбе мавзӯи сулҳ ва ташкили ҳукумати фарогир дар Афғонистон баҳс шуд. Толибон, ки беш аз як сол боз ҷилави ҳукуматро дар Афғонистон ба даст доранд, ба ташкили ҳукумати иборат аз намояндагони як қавму гуруҳ муттаҳаманд. Худи онҳо ба нишасти Душанбе наомаданд.

“Чӣ гуна Афғонистон метавонад, аз бунбасти ҳозирааш раҳо ёбад?” Ин суоли асосии нишасти амниятии Ҳирот аст, ки бори аввал дар хориҷа ва рӯзи 29-уми ноябр дар Душанбе ҷараён гирифт.

Назифи Шаҳронӣ, профессори Донишгоҳи Индианаи Амрико, барои ҳалли мушкили Афғонистон пешниҳод дорад, ки дар қадами аввал як кумисюни сулҳи байнулмилалӣ таъсис шавад.

"Дар садри он Шӯрои амнияти Созмони Милал бошад. Дар паҳлӯяш Созмони Ҳамкории Исломӣ, Иттиҳоди Аврупо ва Созмони Ҳамкориҳои Шонгҳой. Ин чаҳор ниҳоди бузурги байнулмилалӣ метавонанд, фишорҳои лозимро болои Толибон биёранд,” – шарҳ дод ӯ.

Толибон ҳам даъват шуда буданд, аммо...

Нишасти байнулмилалии “Низоми фарогир дар Афғонистон: усулҳо, моделҳо ва қадамҳо” дар чаҳорчӯби "Гуфтугӯҳои амниятии Ҳирот" рӯзи 30-юми ноябр идома хоҳад кард. Дар он иштироки 120 намояндаи кишварҳои минтақа ва ҷаҳон дар назар аст.

Ҳайати Толибон ба нишаст даъват шудаанд, вале иштирок надоранд. Билол Каримӣ, муовини сухангӯи ҳукумати Толибон, дар вокуниш гуфтааст, “ҳар нишасте, ки ба фоидаи Афғонистон бошад, хуб аст.”

Наворро дар инҷо бинед:

Дар Душанбе роҳҳои сулҳ дар Афғонистонро баррасӣ карданд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:31 0:00

Дар ҳоле ки Толибон ҳукумати худро ҳамашумул медонанд, Додфар Сипанто, вазири пешини корҳои хориҷии Афғонистон, мегӯяд, мутмаин аст, Толибон ҳукумати фарогирро дар Афғонистон қабул надоранд.

Ба қавли ӯ, тарзи интиқоли қудрат дар ватанаш бояд бо роҳи дигар ҷараён гирад ва ин ба иродаи сиёсӣ вобаста аст. "Мардуми Афғонистон ба эҷоди як ҳукумате, ки аз иродаи мардум, ҳаққи интихоби мардум бархоста бошад, ниёз дорад. Ғасби қудрат бо зӯри туфанг дар ҳеч ҷойи дунё наметавонад, пойдор бошад," -- гуфт, ӯ.

Нигаронии Душанбе аз ҳузури террористон дар Афғонистон

Фарҳод Салим, муовини вазири умури хориҷии Тоҷикистон, таъкид кард, равандҳое, ки дар Афғонистон ҷараён мегиранд, ба кишварҳои Осиёи Марказӣ таъсир доранд. Бинобар ин, ба гуфтаи ӯ, амният ва субот дар Афғонистон барои Тоҷикистон ниҳоят муҳим аст.

Ӯ роҳи таъмини оромиро дар Афғонистон ба таъсиси ҳукумати фарогир пайванд дод ва ҳамзамон афзуд: "Фаъол шудану афзоиш ёфтани аъзои гуруҳҳои террористӣ дар қаламрави Афғонистон боиси нигаронии мо шудааст."

Масъулони ҳукумати Толибон ба пурсиши Радиои Озодӣ дар мавриди будани гурӯҳҳои ҳаросафкан дар Афғонистон ва ташкили ҳукумати ҳамашумул посух надоданд. Аммо қаблан гуфта буданд, ки Афғонистон таҳдиде ба ҳеч кишвар нест.

Чунин ҷамъомадҳо чиро тағйир хоҳад дод?

Душанбе. 29-уми ноябри 2022
Душанбе. 29-уми ноябри 2022

Ба назари Қосимшоҳ Искандаров, раиси Маркази мутолеоти Афғонистон ва минтақа, ташкили чунин нишастҳо ҳадди ақал метавонад, роҳеро барои гуфтугӯҳо атрофи ҳалли қазияи ҳамсояи Тоҷикистон боз кунад.

Ӯ рӯзи 29-уми ноябр ба Радиои Озодӣ гуфт, “коршиносони сатҳи гуногун, ки мо ҳатто аз панели аввал дидем, дидгоҳҳояшон мутафовит аст. Намояндагони корпусҳои дипломатии хориҷӣ ҳам ҳастанд, ки дидгоҳҳои худашонро дар бораи Афғонистон, роҳҳои ҳалли қазияи Афғонистон инҷо пешниҳод бикунанд. Гуфтугӯҳои бисёр озоде сурат бигирад ва дар ниҳояти кор имконе пайдо шавад, ки ҳадди ақал як роҳҳое барои ҳалли қазияи Афғонистон пайдо шавад.”

Ин даҳумин нишасти "Гуфтугӯҳои амниятии Ҳирот" аст, ки то ба сари қудрат омадани Толибон, қаблан дар худи Афғонистон мегузашт.

Толибон дар моҳи августи соли 2021 пас аз фирори Ашраф Ғанӣ, президенти вақти Афғонистон, қудратро ба даст гирифтанд. То кунун ҳеч кишвари ҷаҳон ҳукумати онҳоро ба расмият нашинохтааст. Дар ин байн талошҳои раҳоӣ аз бунбаст идома доранд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG