Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Барои ҷавоне, ки рақиби Эмомалӣ Раҳмон шудан мехост, 30 соли зиндон талаб карданд 


Фаромуз Иргашев, ҳуқуқдоне, ки ҳоло дар боздошт аст.

Намояндаи додситонӣ, ки нақши айбдоркунандаи давлатиро дорад, аз Додгоҳи олӣ хостааст, Фаромуз Иргашев, ҳуқуқдон ва довталаби сабтиномнашудаи курсии президентӣ дар интихоботи соли 2020-ро ба 30 соли зиндон маҳкум кунанд.

Мақомот ҳанӯз дар ин бора чизе нагуфтаанд, вале рӯзи 1-уми декабр ду ҳамсуҳбати огоҳи Радиои Озодӣ гуфтанд, ин талаб ҳафтаи гузашта дар мурофиаи додгоҳӣ садо дод.

Аз рӯи қонунгузории Тоҷикистон 30 соли зиндон сахттарин ҷазо аст ва баъди он шахс танҳо метавонад ба ҳабси абад маҳкум шавад.

Фаромуз Иргашев, зодаи вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, аз ҷумлаи даҳҳо фаъоли бадахшонӣ аст, ки тобистони имсол бо иттиҳоми даст доштан дар беназмиҳо дар Хоруғу Рӯшон боздошт шуданд. Ин ҷавон узви “Комиссияи 44” буд, ки пас аз эътирози чоррӯзаи моҳи ноябри соли гузашта барои таҳқиқи кушта шудани Гулбиддин Зиёбеков, сокини Роштақалъа дар амалиёти мақомоти интизомӣ ташкил шуда буд. Мақомот ин комиссияро гурӯҳи ҷиноятӣ номиданд ва фаъолони онро боздошт карданд. Наздикони боздоштшудаҳо ин иттиҳомро беассос ва тӯҳмат медонанд.

Мурофиаи аксари боздоштшудаҳо ҳоло ҷараён дорад. Додситон аз додгоҳ талаб кардааст, ки чанд нафар аз фаъолони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба солҳои тӯлонии зиндон маҳкум шаванд.

Ду манбаи аз ҳам ҷудо бо шарти зикр нашудани номашон ба Радиои Озодӣ гуфтанд, додситон барои Манучеҳр Холиқназаров, роҳбари Асотсиатсияи ҳуқуқшиносони Помир, 18 соли зиндон талаб кардааст.

Ба гуфтаи манобеъ, айбдоркунандаи давлатӣ ба Хурсанд Мамадшоев – бародари рӯзноманигор ва фаъоли ҷомеаи шаҳрвандӣ Улфатхоним Мамадшоева ҳам аз додгоҳ 18 соли зиндон хостааст. Худи Улфатхонум Мамадшоева ҳам дар боздошт буда, барояш аз додгоҳ 21 соли зиндон пурсидаанд.

Мақомот дар бораи парвандаи фаъолони ВМКБ расман чизе намегӯянд. Маълум нест, ки Манучеҳр Холиқназаров, Фаромӯз Иргашев ва дигар фаъолони Вилояти Бадахшон дар додгоҳ чӣ гуфтаанд. Тибқи иттилои дарёфтии Радиои Озодӣ, як иттиҳоми асосӣ алайҳи Холиқназаров, Иргашев ва Хурсанд Мамадшоев "ташкили иттиҳодияи ҷиноӣ" аст.

Вазъият дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон моҳи майи имсол печида шуд. Дар ҷараёни амалиёти мақомот дар Хоруғу Рӯшон даҳҳо нафар кушта, беш аз 200 нафар дастгир ва бархеашон ҷазоҳои сангин гирифтан. Аз ҷумла Толиб Айёмбеков, Холбаш Холбашев ва Мунаввар Шанбиев ба ҳабси абад маҳкум шуданд. Ҳашт каси дигар аз 10 то 30 сол гирифтанд. Мақомот тафсилоти ҳукмҳоро нагуфтанд. Наздикони баъзе аз маҳкумшудаҳо хабар доданд, ки мурофиа паси дарҳои баста гузашт ва ончи дар сухани охирин гуфтаанд, маълум нест.

Cозмонҳои байнулмилалӣ, аз ҷумла як кумитаи Созмони Милал ва Порлумони Аврупо аз пӯшида будани муҳокимаҳои додгоҳӣ ва ҳукмҳои беандоза дарози зиндон изҳори нигаронӣ кардаанд. Онҳо мегӯянд, ин шеваи муҳокима ва ҷазо шубҳаҳои зиёдеро ба миён меоранд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG