Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Занон чаро тоҷири бузург нестанд? Баҳс дар Душанбе. ВИДЕО


Занони тоҷик роҳҳои муввафақ шудан дар тиҷоратро баррасӣ карданд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:20 0:00

Занони тоҷик роҳҳои муввафақ шудан дар тиҷоратро баррасӣ карданд

Дар як ҳамоише дар Душанбе аз роҳҳои нави муваффақ шудани занон дар тиҷорати хурду миёна ва бартараф кардани мушкилиҳо дар ин роҳ гуфта шуд.

Занон, ки нисфе аз аҳолии Тоҷикистонро ташкил медиҳанд, гуфтанд, ҳанӯз ҳам чархи тиҷорати хурдро онҳо мечархонанд ва мардон тиҷоратҳои бузургро соҳибанд. Ин ба он маънӣ нест, ки занон орзуи расидан ба соҳибкории калонро надоранд, балки ин роҳ ҳанӯз ҳам чандон содаву ҳамвор нест.

Холбибӣ Эшонбобоева ду моҳи пеш соҳибкории хурдро роҳандозӣ кард ва бовар дорад, дар ин кор муваффақ мешавад. Ӯ корхонаи хурди истеҳсоли собунро ба роҳ андохт ва чанд зани хонашинро ҳам соҳиби ҷойи кор кард. Ӯ талош дорад, тиҷораташро бузургтар карда, ҳам фоидаи зиёд бигирад ва ҳам ба оилаҳои бештар кумак кунад.

“Инҳо асосан заноне ҳастанд, ки гирифтори хушунат ҳастанд ва барои онҳо ҷои кори нисбатан хуб вобаста ба ҳамон минтақа пешниҳод кардем,”—гуфт Холбибӣ Эшонова.

Оғози тиҷорат барои ӯ низ мисли дигар соҳибкорон осону ҳамвор нест. Ӯ 40 дарсади сармоя барои таъсиси корхонаи хурдро аз бонк қарз гирифтааст. Аммо соҳибкорзанҳое, ки алакай дар тиҷорати хурду миёна муваффақ шудаанд ба Холбибӣ ва ҳамроҳони ӯ машварат доданд ки набояд аз монеаҳо тарсид.

Дар толоре дар Душанбе даҳҳо зани соҳибкор, аз ҷумла, аз кишварҳои Осиёи Марказӣ масоили ҳамкорӣ ва табодули таҷриба миёни ҳамро баррасӣ карданд. Онҳо гуфтанд, соҳибкории занон яке аз омилҳои пешрафти иқтисоди давлат аст.

Гулбаҳор Маҳкамова, раҳбари Шӯрои занони соҳибкор гуфт, “барои ҳамин мо бояд, ки барномаҳои таълимӣ дар самти рушди тиҷоратро тақвият бахшем. Барномаҳои ҳавасмандкунӣ барои ҷавонон, занон фаъол гардонем ва инкишоф диҳем, то ин ки занону ҷавонон ба фазои соҳибкорӣ бештар ҷалб карда шаванд.”

Онҳо бештар ба тиҷорати хурду миёна машғуланд ва ба бовари худи онҳо, ҳанӯз ҳам мушкилиҳо дар ин самт боқӣ мондаанд.

Гулбаҳор Маҳкамова, раҳбари Шӯрои занони соҳибкор мегӯяд, занон ба технологияҳои муосир дастрасӣ надоранд ва донишҳои молиявиашон кофӣ нест. “Дигар ин нокифоя будани малакаи занони соҳибкор оид ба боз кардани тиҷорат аст. Сеюм, ин боварҳои ғалат доштан дар бораи мақоми зан дар оила ва ҷомеа мебошад. Ин ба занҳо имконият намедиҳад, дар соҳаи тиҷорат, фаъол шаванд”.

Ҳарчанд занони Тоҷикистон ба далели ба муҳоҷирати корӣ рафтани бахши қобили мулоҳизаи мардон, вориди тиҷорат шудаанд, таҳлилҳо нишон медиҳад, ки соҳибкории онҳо ҳамчунон дар сатҳи корхонаҳои хурду миёна боқӣ мондааст.

Бештар аз 50 дарсади аҳолии Тоҷикистонро занҳо ташкил медиҳанд ва феълан наздик ба 80 ҳазор зани соҳибкор фаъолият мекунад. Бар пояи оморҳои расмӣ, ҳоло 45 дарсади занон ба фаъолияти хусусӣ машғул буда, танҳо 11 дарсад дар ширкатҳои расмӣ роҳбар ҳастанд. Худи занони соҳибкор мегӯянд, тиҷорати бузург дар дасти мардон қарор дорад ва занон танҳо ба тиҷорати хурд машғул ҳастанд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG