Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"На замин аз вай шавад, на аз мо." ВИДЕО


Сокинони маҳаллаи Қазоқони шаҳри Душанбе
Сокинони маҳаллаи Қазоқони шаҳри Душанбе

Як гурӯҳ аз сокинони маҳаллаи Қазоқони шаҳри Душанбе аз эҳтимоли тахриби манзилҳояшон аз сӯи ширкати сохтмонии "Фарҳоди Ваҳдат" нигаронанд.

Ташвиши онҳо ин аст, ки дар пешорӯи зимистон қарор доранд ва бо вайрон кардани хонаҳояшон рӯшан нест, минбаъд дар куҷо ва дар чӣ шароите зиндагӣ хоҳанд кард.

“То ООН равед, гапатонро гӯш намекунанд”

Шуҳрат Одинаев, масъули ширкати "Фарҳоди Ваҳдат", рӯзи якуми декабр дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, омода аст, бар ивази тахриби манзилҳо ба соҳибони хона ҷуброн пардозад. Вале то ҳол ба мувофиқа нарасидаанд.

Холдона Мунавварова, сокини Душанбе, ба пешниҳоди ҷониби ширкати сохтмонӣ дар мавриди ҷуброни манзилаш розӣ нест. Ӯ рӯзи якуми декабр дар суҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, "намояндаи ширкат мегӯяд, ба ҷои ҳашт дар хона ду як хонагӣ ва як духонагӣ медиҳад. Ду духтарам аз шавҳарашон ҷудо шудаанд ва расман бо мо зиндагӣ доранд. Боз як писарам низ бо 5 фарзандаш бо мост. Мо талаб дорем, ки ду як хонагӣ ва як сехонагӣ диҳанд, то писарам бо 5 фарзандаш дар ин сехонагӣ ғунҷанд".

Видеоро инҷо тамошо кунед:

"На замин аз вай шавад, на аз мо"
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:04 0:00

Ба қавли сокинон, баҳс миёни онҳо ва ширкати сохтмонӣ 7 моҳ мешавад идома дорад ва барои ҳалли он ба ҳукумати Душанбе расман муроҷиат кардаанд, вале то ҳол посухе дарёфт накардаанд. Мегӯянд, масъулони ширкати сохтмонии "Фарҳоди Ваҳдат" пофишорӣ доранд, манзилҳоро холӣ кунанд.

"Мегӯянд то "ООН" (Созмони Милали Муттаҳид. РО. ) равед, гапатонро касе гуш намекунад. Ба намояндагони ширкат мегӯем, биёед, маслиҳат кунем, давлат ҳам гуфтааст, бо розигии тарафҳо шавад, лекин аҳамият надода, мегӯянд, куҷое хоҳед, рафта арз кунед,"-афзуд, Оиша Сулаймонова, сокини дигари маҳаллаи Қазоқони пойтахт.​

Баҳси сокинон ва ширкати сохтмонӣ сари чист?

Бар асоси қарори шаҳрдори Душанбе, дар ҷои манзилҳои ин сокинон, ки ҳудуди 30 оиларо ташкил медиҳад, бунёди биноҳои баландошёна дар назар аст.

Қабл аз тахриби манзил, таъмин бо манзили дигар ё то анҷоми чунин амал пардохти ҷубронпулӣ аз ӯҳдадориҳоест, ки масъулони ширкати сохтмонӣ бояд назди соҳибмулкон анҷом диҳанд. Аксари баҳсҳо миёни тарафҳо сари кам ҳисоб кардани масоҳати манзил, ҳаҷми маблағ сари ҳар метри мураббаъ ё ҷубронпулӣ сар мезанад.

Мансур Мунавваров, сокини маҳаллаи Қазоқон, мегӯяд, ширкати сохтмонӣ барои ҳар метри муоаббаи манзилҳояшон 500 долларӣ пешниҳод дорад, ки ӯ низ ба чунин пешниҳод розист. Вале чизе ки боиси нигаронии вай шудааст, ҳаҷми иҷорапулӣ ва шеваи ҳисобукитоби масоҳати манзил аст.

"Иҷорапулӣ якуним ду ҳазор сомонӣ медиҳем, мегӯянд. Бо ин маблағ аз куҷо меёбӣ хонаи иҷора? Мо дар ин зимистон ба куҷо равем? Дар як ҳавлӣ чор оилаем. Моро розӣ кунанд, марҳамат"-гуфт, ӯ.

Аз баҳси иҷорапулӣ то баҳси масоҳати хона

Намояндагони ширкати "Фарҳоди Ваҳдат" аз суҳбат дар рӯ ба рӯи дурбини Радиои Озодӣ худдорӣ намуданд. Шуҳрат Одинаев, яке аз масъулони ширкат дар суҳбати телефонӣ гуфт, ба баъзе соҳибони манзил то чаҳор ҳазор сомонӣ иҷорапулӣ пешниҳод кардаанд. Мегӯянд, бахше аз зербиноҳои сокинон худсарона сохта шудаанд, ки набояд ҳамчун масоҳати манзил ҳисоб карда шавад. "Онҳо ба муомила намеоянд. Мо чандин бор хостем, муомила кунем. Ҳатто ба суд муроҷиат кардем, ки онҳо ба муомила розӣ нестанд. Худсарона сохтанашонро ҳам ба назар гирифта, ҳисоб карда медиҳем, лекин онҳо аз осмон гап мезананд,"-гуфт, Шуҳрат Одинаев.

Маҳаллаи Қазоқон
Маҳаллаи Қазоқон

Вале, чунин иддаоро сокинон рад карданд. Онҳо санад пешниҳод карданд, ки даҳсолаҳо боз дар ин ҷо қонунӣ зиндагӣ доранд. Намояндаи ширкат гуфт, сокинонро аз ҳисоби биноҳҳое, ки бунёд карданист, манзил медиҳад.

Сокинони маҳалла ба тахриби манзилҳояшон, тавре нақл карданд, зид нестанд, вале мехоҳанд, раванди ҳисоби масоҳати манзилҳо ва дарёфти ҷубронпулӣ одилона сурат гирад.

Дар Душанбе манзилҳои зист вобаста ба маҳали ҷойгиршавӣ ва дар кадом ошёнаи бино қарор доштан нархгузорӣ шудааст. Манзилҳои аз марказ дуртару дар ошёнаи болотар бунёдшуда нисбатан арзон аст.

Бо гузашти тақрибан 7 моҳ аз баҳси сокинони маҳаллаи Қазоқон бо ширкати сохтмонӣ, ҳанӯз маълум нест, онҳоро чӣ сарнавиште интизор аст.​

Дар ҷустуҷӯи роҳи ҳал

Масъалаи тахриби манзилҳои зист барои сохтмони биноҳои баландошёна, ки бар асоси нақшаи куллии шаҳри Душанбе ё "Генплан" сурат мегирад, тайи чанд соли ахир нигарониҳоро ба бор овардааст.

Ба назари ҳуқуқшинос, Абдураҳмон Шарипов, барои ҳалли чунин баҳсҳо дар баробари идораҳои давлатии нархгузор, ниҳодҳои мустақил низ бояд ташкил шаванд, то ҳимоя аз ҳаққи шаҳрвандон ба таври шаффоф сурат гирад. Феълан дар кишвар чунин идораҳои мустақили нархгузор амал намекунад.

"Дар асоси меъёрҳои байналмиллалӣ агар гирем, ширкати сохтмонӣ соҳибкор аст, шаҳрванд аз ҳолати иҷтимоӣ вобаста аст. Вақте ки шаҳрвандро манзилашро тахриб мекунанд, дар ҳолати оҷизӣ меафтад, барои ҳамин бояд, ки соҳибкор ҳамаи ҷуброни шаҳрвандро пардохт кунад. Ҷуброни зарар барои бартараф кардани манзил, ҷуброни зарар барои аз як ҷой ба ҷойи дигар кӯчонидан, барои таъмини зиндагии муваққатӣ, интиқоли молу мулк аст"-, афзуд, Абдураҳмон Шарипов, ҳуқуқшиноси "Маркази мустақил оид ба ҳифзи ҳуқуқи инсон."

Дар зимн, як рӯз пеш Мавҷуда Пӯлодӣ, додраси Додгоҳи олии Тоҷикистон ҳам ҳангоми як нишаст, яке аз роҳҳои ҳалли чунин баҳсҳоро дар таъсиси ниҳоди мустақиле арзёбӣ кард, ки арзиши манзилҳоро муайян кунад.

Тибқи омори расмӣ, баҳсҳои вобаста ба манзил дар ду соли ахир зиёд шудааст. Додгоҳҳои кишвар соли гузашта 1411 парванда оид ба кӯчондан аз манзилро баррасӣ кардаанд, ки назар ба як соли пеш 19 дарсад зиёд будааст.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG