Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Олмон ихроҷи писари як намояндаи мухолифонро "ба таъхир" гузоштааст


Абдуллоҳи Шамсиддин
Абдуллоҳи Шамсиддин

Ба қавли наздиконаш, мақомоти Олмон ихроҷи писари Шамсиддин Саидов, узви ҳизби дар кишвар мамнӯи наҳзати исломиро аз Аврупо ба Тоҷикистон “ба таъхир” гузоштаанд. Маълум нест, то кай.

Қаблан намояндагони мухолифини тоҷик аз он ибрози ташвиш доштанд, ки Абдуллоҳи Шамсиддин 13-уми декабр ба Тоҷикистон фиристода ва эҳтимол дар онҷо шиканҷаву зиндонӣ шавад.

Ҳомии ҳуқуқ, Фарҳод Одинаев, мегӯяд, “дар пайи муроҷиати вакил, эътирози мухолифон ва ҳамкорони олмонии Абдуллоҳи Шамсиддин ихроҷаш муваққатан боздошта шуд.”

“Вакили мудофеъ бо пешниҳоди санадҳо талош дорад, ки паноҳандагии сиёсии ӯро собит кунад,” -- афзуд Одинаев рӯзи 26-уми декабр.

Мақомоти Олмон ба таври расмӣ масъалаи ихроҷи писари фаъоли ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломиро шарҳ надодаанд.

Шамсиддин Саидов рӯзи 13-уми декабр ба Радиои Озодӣ гуфт, мушкил аз он оғоз шуд, ки писараш сари вақт худро дар идораи муҳоҷират сабти ном накард.

Худи Шамсиддин Саидов моҳи январи соли 2018 дар ғайбаш дар Тоҷикистон ба 15 сол зиндон маҳкум шудааст.

Баъд аз мамнуъ ва террористӣ эълон шудани ҲНИТ дар Тоҷикистон бисёре аз аъзо ва ҷонибдорони ин ва созмонҳои дигари сиёсии мухолиф дар Аврупо, аз ҷумла Олмон, паноҳанда шуданд. Мақомоти аврупоӣ аризаи на ҳамаи онҳоро мепазиранд. Чанд мавриди ихроҷ ва дар Тоҷикистон зиндонӣ шудани баъзе паноҳҷӯён расонаӣ шудааст.

Ҳизбулло Шовализода, як узви ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломӣ соли 2020 аз Австрия ба Тоҷикистон истирдод ва ба 20 соли зиндон маҳкум шуд. Ин ҳодиса эътирози созмонҳои ҳомии ҳуқуқи инсонро ба бор овард.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG