Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дугоники ба ҳам часпидаро дар Тоҷикистон ҷудо карданд; яке зинда монд. ВИДЕО


Табибон мегӯянд, ҷарроҳии дугоники сиамӣ дар Тоҷикистон осон набуд
Табибон мегӯянд, ҷарроҳии дугоники сиамӣ дар Тоҷикистон осон набуд

Пизишкони тоҷик бо анҷоми амалиёти, ба гуфтаашон, нодир дар Тоҷикистон ду тифли ба ҳам пайванд ё часпидаро аз бадани якдигар ҷудо карданд, вале танҳо яке аз онҳо зинда монд. Навзоди солимро Саёҳат ном ниҳоданд.

"Дугоники сиамӣ", ду тифли ба ҳам пайванд, ду ҳафта пеш дар таваллудхонаи ноҳияи Восеи вилояти Хатлон ба дунё омаданд. Табибон мегӯянд, яке аз навзодон дуруст рушд накарда буд ва имкони зинда мондан надошт.

Пас аз як рӯз онҳоро ба "Шифобахш", бемористони машҳур ба “Қарияи Боло"-и Душанбе оварда, тавассути ҷарроҳӣ аз ҳам ҷудо карданд.

Шоҳин Раҳмонов, мудири Шуъбаи ҷарроҳии навзодон дар маркази тиббии “Шифобахш”, рӯзи 4-уми январ ба Радиои Озодӣ гуфт, ин таҷриба дар Тоҷикистон бори аввал буд.

“Бо табибон аз Узбекистону Русия ва Швейтсария, хусусан доктор Арнсон, вазъиятро баррасӣ кардем. Бо устодони ботаҷриба барои озмоиш ва амалиёти ҷарроҳӣ омодагӣ дидем,” – афзуд ӯ.

Гузориши видеоиро дар инҷо бинед:

Аввалин ҷарроҳии дугоники сиамӣ дар Тоҷикистон
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:44 0:00

Амалиёти ҷарроҳии аз ҳам ҷудо кардани тифлон ду соат идома кардааст. Ба гуфтаи Шоҳин Раҳмонов, навзоде, ки наҷот наёфт, аз қисми сар дар пушти дугоники дигар часпида буд. Пизишк афзуд, навзоди фавтида аз бадани навзоди зиндамонда хун дарёфт мекард ва агар онҳоро аз ҳам ҷудо намекарданд, ҳардуро аз даст медоданд.

Ҳоло вазъи сиҳатии Саёҳат хуб арзёбӣ мешавад ва рушди ҷисмониаш аз навзодони дигар фарқ намекунад. Наздикон аз зинда мондани яке аз дугоникҳо хушҳоланд.

Саид Гулов, бобои навзод, ба Радиои Озодӣ гуфт, то замони таваллуд, ташхис ба ҳам пайванд будани тифлонро мушаххас накарда буд. Танҳо пас аз таваллуд, ки аз роҳи "буриши қайсарӣ" анҷом шуд, аз "дугоникҳои сиамӣ" хабар ёфтанд.

Ибораи “Дугоникҳои сиамӣ"-ро бори аввал дар Бритониё нисбат ба ду марди бо ҳам часпидае истифода бурданд, ки аз Тайланд омада буданд. Сиамӣ номи дигари Тайланд аст.

Табибон мегӯянд, соле дар дунё ҳазорон “дугоники сиамӣ" таваллуд мешаванд, вале чунин ҳолат дар Тоҷикистон камсобиқа аст.

Бар асоси омори расмӣ, солона дар Тоҷикистон аз 230 то 240 ҳазор зан ҳомила мешаванд ва аз ин миён 20 ҳазорашон аз таваллуд даст кашида, исқоти ҳамл мекунанд. Аз тақрибан 220 ҳазор зани ҳомила ҳудуди 4 ҳазор тифл бо нуқс ба дунё омада, 70 дарсад баъд аз таваллуд аз дунё мегузаранд. Танҳо сӣ дарсади навзодон зинда мемонанд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG