Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Падараш гуфт, Абдуллоҳи Шамсиддин аз Олмон ба Тоҷикистон ихроҷ шудааст


Шамсиддин Саидов ва писараш Абдуллоҳ
Шамсиддин Саидов ва писараш Абдуллоҳ

Абдуллоҳи Шамсиддин, писари Шамсиддин Саидов, яке аз фаъолони мухолифини тоҷик, ба наздиконаш хабар додааст, ки мақомоти Олмон ӯро дубора ба фурудгоҳ оварданд ва эҳтимол ба Тоҷикистон фиристанд.

Ӯ аз нимаи моҳи декабри соли 2022 дар боздоштгоҳе дар Олмон буд. Муҳлати нигоҳдорияш дар онҷо рӯзи 18-уми январ ба поён расид.

Падараш Шамсиддин Саидов рӯзи 18-уми январ ба Радиои Озодӣ гуфт, ӯ субҳ аз як фурудгоҳи Олмон телефонӣ бо ҳамсараш гап зад: "Ҳамин қадар гуфтааст, ки ӯро ба фурудгоҳ оварданд ва мумкин аст ба Тоҷикистон ихроҷ кунанд. Иттилои дигар надорем." Дертар хабар дод, ки писарашро тавассути Туркия ба Тоҷикистон бурдаанд. Мақомоти Олмону Тоҷикистон дар ин маврид чизе нагуфтаанд.

Фарҳод Одинаев, ҳомии ҳуқуқи муҳоҷирон, гуфт, дар мавриди озодии Абдуллоҳи Шамсиддин ба Додгоҳи Аврупо ҳуҷҷатҳоро пешниҳод карданд, вале ба онҳо гуфтаанд, "ӯ истирдод хоҳад шуд ва дар фурудгоҳ аст". "Вакили мудофеяш низ тамос гирифт ва гуфт, Абдуллоҳро ёфта наметавонад," -- афзуд ӯ.

Баъзе аз расонаҳои олмонӣ ҳанӯз ҳафтаи гузашта навиштаанд, ки дархости дигарбораи Абдуллоҳи Шамсиддин барои барқарор кардани паноҳандагияш дар ин кишвари аврупоӣ рад шуд.

Пойгоҳи taz.de рӯзи 12-уми январ аз қавли Абдуллоҳи Шамсиддин навишт, "аз он метарсам, ки маро дар Тоҷикистон ба зиндон меандозанду шиканҷа мекунанд. Аз ҳама бештар аз он метарсам, ки дигар ҳамсару ду фарзандамро намебинам."

Абдуллоҳи Шамсиддинро бори аввал рӯзи 13-уми декабри соли 2022 ба фурудгоҳи Мюнхен бурда буданд, то аз ин тариқ ба Тоҷикистон фиристанд, вале ба таъхир уфтод. Як расонаи олмонӣ навишт, ҳамон рӯз Абдуллоҳи Шамсиддин ба бинияш осеб расонд ва бинобар ин, ихроҷаш ба вақти дигар монд.

Қаблан тасмими ихроҷи ӯ аз кишвари аврупоӣ боис ба эътирози ҳамкоронашу намояндагони созмонҳои ҳомии ҳуқуқ гардид. Онҳо ташвиш доштанд, ки Абдуллоҳи Шамсиддин ба сабаби пайравӣ аз ҳизби дар кишвар мамнӯи наҳзати исломӣ ва қазияи падараш, Шамсиддин Саидов, дар Тоҷикистон шиканҷа ва зиндонӣ хоҳад шуд.

Маҳмудҷон Файзраҳмонов, намояндаи ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломӣ, рӯзи 18-уми январ гуфт: "Мутаассифона, мақомоти олмонӣ аҳаммият надоданд. Мисле ки тарафе онҳоро мутмаин сохтааст, ки ӯро дар Тоҷикистон озоре нахоҳанд дод. Лозим ба ёдоварӣ аст, ки ӯ паспорт надошт ва эҳтимол сафорати Тоҷикистон барои баргашташ ба ҶТ варақаи бозгашт ба мақомоти олмонӣ додааст."

Абдуллоҳи Шамсидидини 32-сола аз соли 2009 дар Олмон мезист. Падараш Шамсиддин Саидов мегӯяд, мушкилаш аз он оғоз шуд, ки сари вақт худро дар идораи муҳоҷират сабти ном накард. Худи Шамсиддин Саидов моҳи январи соли 2018 дар ғайбаш дар Тоҷикистон ба 15 сол зиндон маҳкум шудааст. Ӯ яке аз фаъолони Ҳизби ҳоло дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломист.

Баъд аз мамнуъ ва террористӣ эълон шудани ҲНИТ дар Тоҷикистон бисёре аз аъзо ва ҷонибдорони ин ва созмонҳои дигари сиёсии мухолиф дар Аврупо, аз ҷумла Олмон, паноҳанда шуданд. Мақомоти аврупоӣ аризаи на ҳамаи онҳоро мепазиранд.

Чанд мавриди ихроҷ ва дар Тоҷикистон зиндонӣ шудани баъзе паноҳҷӯён расонаӣ шудааст. Ҳизбулло Шовализода, як узви ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломӣ соли 2020 аз Австрия ба Тоҷикистон истирдод ва ба 20 соли зиндон маҳкум шуд. Ин ҳодиса эътирози созмонҳои ҳомии ҳуқуқи инсонро ба бор овард.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG