Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Эрон хабарҳои "дастдарозӣ" ба "Намозгузорони Машҳад"-ро таҳқиқ мекунанд


Акси дастаи "Намозгузорони Машҳад" дар яке аз нашрияҳои маҳаллии Эрон.
Акси дастаи "Намозгузорони Машҳад" дар яке аз нашрияҳои маҳаллии Эрон.

Дар пайи интишори гузоришҳо дар бораи “ дастдарозӣ ва зӯроварии ҷинсӣ” ба аъзои дастаи “Намозгузорони Машҳад”, Ҳамид Саҷҷодӣ, вазири варзиш ва ҷавонони Эрон дастур додааст, то ин гузоришҳоро таҳқиқ кунанд.

ИРНА -хабаргузории давлатии Эрон рӯзи шанбе гузориш дод, ки Ҳамид Саҷҷодӣ бо судури ин дастур ба мақомот таъкид кардааст, ки “дар сурати дуруст будани гузоришҳои расида бо омил, ё омилони ин иттифоқ бо қотеият бархӯрд шавад.”

Бар асоси ин гузориш, вазорати варзиш ва ҷавонон ду ҳафта пеш аз хабарҳо дар бораи озори ҷинсии писарони даста огаҳ будааст. Бо ин ҳол мушаххас нест, ки чаро вазорати варзиши Эрон дар ин муддат вокунише ба ин гузоришҳо нишон надодааст.

Ба навиштаи хабаргузории ИРНА, пас аз дастури Ҳамид Саҷҷодӣ қарор шудааст, Идораи варзиш ва ҷавонони вилояти Хуросони разавӣ, маҳалли ҳодиса бо ҳамкории ниҳодҳои амниятӣ гузорише дар ин замина омода кунад.

Бештари хонаводаҳои 15 нафар аз аъзои як мактаби Машҳад бо ҳузури намояндагони Идораи варзиш ва ҷавонони Хуросони разавӣ, аз мураббии ин бошгоҳ ба далели “зӯроварӣ” ба фарзандонаш шикоят карданд.

Хонаводаҳои бозигарон дар телефонҳои ҳамроҳи фарзандони худ аксҳои озори ҷинсии онҳоро пайдо кардаанд. Гузоришгари футболи Телевизиони Садо ва Симои Эрон дар шаҳри Машҳад бидуни ишора ба номи дастаи футбол аз “фоҷиаи дигаре барои футболи Хуросони разавӣ” навишта ва аз боз шудани парванда дар додситонӣ хабар додааст.

Радиои Фардо, бахши форсии Радиои Озодӣ хабар ёфтааст, ки ин даста “Намозгузорони масҷиди Машҳад” ном дорад ва дар ду саҳифаи Инстаграмаш тасовире аз тимҳои “Навниҳолон ва навҷавонон”, ҳамчунин маросими мазҳабӣ, зиёрат ва намози ҷамоат дар замини футбол дида мешавад.

Ҳайати футболи Хуросони разавӣ ва Идораи кулли варзиш ва ҷавонон ин вилоят ба ин хабар, ки дар вебсайтҳои дохилӣ мунъакис шудааст, то кунун вокуниш нишон надодаанд.

Бештари аксҳои дилхарош ва ғайриқобили интишор, ки аз як хобгоҳи варзишии мутаалиқ ба бозигарони писар дар раддаи “Навниҳолон” ба Радиои Фардо фиристодаанд, нишон медиҳад, “як мураббии калонсол дар пеши чашми шогирдонаш ба яке аз онҳо дастдарозӣ мекунад.”

Ба гуфтаи хабарнигорон, рафтори оддии дигарон ҳангоми ин кор гувоҳе аз такрорӣ будани ин саҳна аст. Фиристандаи навор, ки аз кормандони расонаҳо аст, мегӯяд, филмро ба Идораи футбол ва варзиш ирсол кардааст, вале онҳо вокунише нишон надодаанд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG