Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

$280 000 зарар, 128 ҳазор сомонӣ ҷарима. Шавкат Бобозода озод шудааст


Шавкат Бобозода. Акс аз бойгонӣ
Шавкат Бобозода. Акс аз бойгонӣ

Шавкат Бобозода, вазири пешини саноат ва раиси собиқи Оҷонси содироти Тоҷикистон, пас аз чаҳор моҳи ҳабс бо пардохти ҷарима озод шудааст.

Манобеи Радиои Озодӣ гуфтанд, ҳукми Додгоҳи ноҳияи Синои Душанбе рӯзи 27-уми январ содир шуд. Бобозода ба қаллобӣ ба миқдори махсусан калон гумонбар буд.

Як манбаи боварбахши Радиои Озодӣ дар Додгоҳи ноҳияи Сино ба шарти фош нашудани номаш гуфт, Шавкат Бобозода 2000 нишондиҳанда барои ҳисобҳо (128 ҳазор сомонӣ) ҷарима шуд.

"Бобозода зарари расондаро барқарор кард. Аз ин рӯ, додгоҳ нисбат ба ӯ ҷазоро дар намуди ҷарима раво дид. Шавкат Бобозода ба миқдори зиёда аз 280 ҳазор доллар зарарро ба давлат барқарор кард," – гуфт ҳамсуҳбати мо рӯзи 27-уми январ.

Ба зидди Шавкат Бобозода ба иттиҳоми қаллобӣ ба миқдори махсусан калон (моддаи 247, қисми 4, банди б-и Кодекси ҷиноӣ) парванда боз шуда буд. Ин банди қонун ҷарима ё аз 8 то 12 сол зиндонро пешбинӣ мекунад.

Мурофиаи аввали Бобозода рӯзи 23-юми январ дар Додгоҳи ноҳияи Синои Душанбе гузаштааст. Вокуниши вазири пешини саноат ва наздиконаш дар бораи ҳукми додгоҳ ҳанӯз дастрас нест.

Шавкат Бобозода моҳи сентябри соли гузашта замоне ки мақоми раиси Оҷонси содирот кор мекард, боздошт шуд. Ӯ 60-сола аст ва аз соли 2019 то замони боздошт раиси Оҷонси содироти Тоҷикистон буд. Ин ниҳодро соли 2018 таъсис доданд.

Шавкат Бобозода аз соли 2013 то 2019 дар мансаби вазири саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон кор кардааст. Хадамоти матбуоти президент чаҳор сол пеш навишт, ки Бобозода "ба сабаби ҷой доштани камбудҳо дар сохтор ва ниҳодҳои зертобеи худ" аз вазифа ронда шуд, вале дертар раиси Оҷонси содироти Тоҷикистон таъин гардида буд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG