Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Беш аз 600 километр марзи Тоҷикистону Қирғизистон "маълум аст"


Баҳоваддин Баҳодурзода
Баҳоваддин Баҳодурзода

Зиёда аз 600 километр ё ҳафтод дарсади хати сарҳад байни Тоҷикистону Қирғизистон маълум шудааст.

Баҳоваддин Баҳодурзода, раиси шаҳри Исфара, рӯзи 31-уми январ дар нишасти матбуотӣ гуфт, "дар ноҳияи Деваштич беш аз 100 километр сарҳад бо кишвари ҳамсоя мувофиқа карда шуд. 4,3 километри дигар дар ноҳияи Лахш."

"Ҳоло корҳо ҷараён доранд. Самти марзи Исфара мавриди баррасӣ қарор дорад," – афзуд ӯ.

Тоҷикистону Қирғизистон тақрибан ҳазор километр хати марз доранд ва бахше аз он ҳанӯз мушаххасу нишонагузорӣ нашудааст. Ба сабаби номауайянӣ ва даъвоҳои ду тараф бар сари замину обу чарогоҳ ҳар чанд вақт дар рустоҳои наздимарзӣ даргирӣ рӯй медиҳад.

Бар асари муноқишаҳо то кунун аз ду ҷониб даҳҳо кас кушта ва садҳо нафар захмиву бехонаву дар шудаанд.

Гурӯҳҳои ҳукуматии маконнигории Тоҷикистону Қирғизистон дафъаи охир дар нимаи моҳи январ дар шаҳри Душанбе вохӯрданд. Дипломатҳои Қирғизистон бо нашри изҳорот гуфтанд, кори кумисюн “бо суръати баланд” пеш меравад.

Содир Ҷабборов (Жапаров), раиси ҷумҳури Қирғизистон, дар охири соли гузашта гуфт, ки таъйину нишонагузории сарҳадро бо Тоҷикистон то моҳи майи соли 2023 ба поён хоҳанд расонд, аммо нагуфт, чӣ гуна. Дар Тоҷикистон ба ин изҳорот вокунише накарданд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG