Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раиси "Амонатбонк" гуфт, ки чаро банкоматҳо холӣ мемонанд. ВИДЕО


Масъулони "Амонатбонк" гуфтанд, баъзе аз муҳоҷирон пулро на тавассути низомҳои интиқоли маблағ, балки бештар ба ҳисоби бонкии хешовандон дар Тоҷикистон мегузаронанд.

Ин кор, ба гуфтаи онҳо, "наву соддаву арзон аст", аммо дар охири ҳар моҳ боиси зуд-зуд холӣ шудани банкоматҳо мегардад.

"Агар хато накунам, ҳоло то 60-65 дарсади пули фиристодаи муҳоҷирон ба ватан тавассути кортҳои бонкӣ сурат мегиард," – хабар дод раиси "Амонатбонк" Сироҷиддин Икромӣ рӯзи 6-уми феврал.

Сироҷиддин Холови 38-сола аз ноҳияи Варзоб беш аз понздаҳ сол боз дар Русия кор мекунад.

Мегӯяд, "агар қаблан таввасути низомҳои интиқоли маблағ барои фиристодани ҳар ҳазор рубл то 130 рубл медодем, тавассути кортҳои бонкӣ танҳо даҳ рубл ситонда мешавад."

Бо ин ҳол, масъулони "Амонатбонк" нагуфтанд, ки муҳоҷирон дар як соли гузашта тавассути низомҳои пардохт ва ё ҳисобҳои бонкӣ ба кишвар чӣ қадар пул фиристоданд. Аз соли 2014 ба ин сӯ мақомоти Тоҷикистон аз эълони маблағи интиқолии муҳоҷирони корӣ худдорӣ мекунанд.

Ҳар сол садҳо ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон ба далели набудани ҷойи кору маоши муносиб дар кишвар ба Русия ва давлатҳои дигар мераванд.

Бархе аз онҳо бо ҳамсару фарзандон ва волидон дар Русия ҳастанд. Бархеи дигар танҳо ва мавсимӣ ба онҷо рафта, барои гардон кардани чархи зиндагӣ ба наздикон пул мефиристанд.

Видеоро дар инҷо бинед:

Муҳоҷирон чӣ гуна ба Тоҷикистон пул мефиристанд?
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:32 0:00

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG