Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳалли баҳси Узбекистону Қирғизистон ба минтақа ва Тоҷикистон чӣ медиҳад?


Шавкат Мирзиёев ва Содир Ҷабборов (Жапаров)
Шавкат Мирзиёев ва Содир Ҷабборов (Жапаров)

Сафари Шавкат Мирзиёв ба Қирғизистон мавқеи водии Фарғонаро ҳамчун минтақаи мавриди муноқиша барои Тошканд ва Бишкек тағйир дод. Барои Душанбе чӣ?

Шавкат Мирзиёев, раиси ҷумҳури Узбекистон, рӯзҳои 26-27-уми январи имсол дар Бишкек буд. Ин сафари дувуми давлатии ӯ аз соли 2017 аст, ки ба назар мерасад интизориҳои ду кишварро бароварда кард ва дар масъалаи тақсими сарҳад нуқта гузошт.

Узбекистон ва Қирғизистон дар қатори Тоҷикистон кишварҳои воқеъ дар водии Фарғона ҳастанд. Қаламраве, ки ба далели набудани марзҳои мушаххас ва манобеи обӣ ҳамвора шоҳиди даргириҳои байнидавлатӣ мешавад. Пас аз имзои тавофуқномаи ниҳоӣ байни Тошканд ва Бишкек мавзӯи сарҳад дар робитаи Тоҷикистон ва Қирғизистон ҳанӯз монд.

Коршиносон тавофуқномаи Қирғизистон ва Узбекистонро барои суботи минтақа иқдоми муҳим мешуморанд, аммо таъкид мекунанд, ки он дар пешрафти баҳси марзии Тоҷикистону Қирғизистон нақши чашмрасе нахоҳад дошт.

"Иқдоми муҳим, аммо…"

Парвиз Муллоҷонов
Парвиз Муллоҷонов

Парвиз Муллоҷонов, сиёсатшиноси мустақил аз Душанбе, мегӯяд, даст ёфтан ба созиш байни Бишкек ва Тошканд бесобиқа аст; замоне ки ҳамаи масъалаҳо байни тарафҳо ба таври комил ҳал шудааст. Даргирии Тоҷикистон ва Қирғизистон бештар сиёсӣ аст ва ба ин далел баид аст, ки дар зудтарин фурсат ҳал шавад.

"Аввалан дар онҷо ба монанди марзи Тоҷикистону Қирғизистон нуқтаҳои доғ вуҷуд надорад. Бо сокинони маҳаллӣ музокира кардан осонтар буд. Чунин сурат гирифтани кор дар Бодканд имконнопазир аст. 7-8 сол қабл ин кор осонтар мебуд," – шарҳ дод ӯ.

Ба гуфтаи Муллоҷонов, Узбекистон пас аз ҳалли масъалаи марз бо Қирғизисон талош мекунад, байни Бишкек ва Душанбе миёнравӣ кунад. Раиси ҷумҳури Қирғизистон Содир Ҷабборов (Жапаров) аз ин баҳои сиёсӣ мегирад, чун ҳалли масъалаи сарҳад бо Узбекистон аз ваъдаҳои корзори интихоботии ӯ буд.

Қирғизистон ва Узбекистон 1314 километр марз доранд. Дар минтақаҳои номушаххаси он байни сокинон ҳамеша баҳсу даргириҳое сар мезаданд. Баъди ба қудрат расидани Шавкат Мирзиёв дар Узбекистон дар масъалаи марзӣ пешрафтҳое ҳосил шуд.

Моҳи ноябри соли 2022 Қирғизистон ва Узбекистон аз ҳалли муноқишаи 30-солаи марзӣ хабар доданд. Ҷонибҳо дар мавриди 15 дарсад ва ё 312 километр марзи номушаххас ба тавофуқ расиданд. Яке аз нуқтаҳои тавофуқнома – додани замини зери обанбори Кампиробод ба Узбекистон бар ивази заминҳои дигар – эътирози бахше аз мардуми Қирғизистонро ба бор овард. Дар ин маврид парвандаи ҷиноӣ боз ва дар доираи он наздик ба 30 сиёсатмадор ва фаъол боздошт шуданд.

Нобоварии коршиносон ва хушбинии ҷонибҳо

Аркадий Дубнов
Аркадий Дубнов

Аркадий Дубнов, коршиноси Осиёи Марказӣ, дар мусоҳиба бо телевизиони "Настоящее время", як бахши Радиои Озодӣ, тавофуқномаи Тошканд ва Бишкекро аз назари сиёсӣ таърихӣ номид. Бо вуҷуди ин, ҳалли масъалаи марзро бо Тоҷикистон дар ояндаи наздик зери суол бурд.

"Дар ин авохир бо санадҳое, ки Душанбе барои дифоъ аз мавқеи худ нишон медиҳад, шинос шудам. Ва дар онҷо омодагӣ барои роҳҳали созанда ва созишкоронаи ин мушкилро намебинам. Мутаассифона, воқеият чунин аст ва ман фикр мекунам ин мушкил дар зудтарин фурсат ҳал нахоҳад шуд," – илова кард Дубнов.

Дар ҳамин ҳол, раиси ҷумҳури Қирғизистон Содир Ҷабборов (Жапаров) дар моҳи декабри соли 2022 дар ҷараёни сафари корӣ ба вилояти Бодканд гуфт, то тобистони соли 2023 нишонагузории марз бо Тоҷикистон анҷом хоҳад ёфт. Мақомот дар Душанбе шарҳ надоданд. Гуруҳи кории аломатгузории марз дидору гуфтугӯҳои худро пушти дарҳои баста давом медиҳанд.

Аз 972 километр сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон танҳо 682 километр мушаххас шуда, 290 километр ҳанӯз баҳсбарангез аст. Минтақаҳои номушаххаси байни ду кишвар ҳамеша боис ба даргирии мусаллаҳона мегарданд.

Даргирии маргбортарин байни Тоҷикистон ва Қирғизистон моҳи сентябри соли 2022 ба вуқуъ пайваст, ки дар натиҷаи он даҳҳо нафар аз ҳар ду ҷониб кушта ва захмӣ шуданд. Бишкек Душанберо барои таҷовуз ба Қирғизистон муттаҳам кард ва Душанбе амалкарди кишвари ҳамсояро ғасби заминҳои Тоҷикистон номид.

"Роҳҳал дар ҳамкорӣ"

Шералӣ Ризоён
Шералӣ Ризоён

Сиёсатшинос Шералӣ Ризоён ояндаи тавофуқномаи Узбекистон ва Қирғизистонро барои ҳамкории минтақаӣ мусбат арзёбӣ кард. Ӯ дар саҳифааш дар Телеграм навишт: "...ин рухдод як мавриди дигари ҳалли фасли марзҳои давлатиро дар водии Фарғона падид овард. Тоҷикистон ва Узбекистон чанд сол пеш масъалаи марзиро дар ин минтақаи печида анҷом доданд ва аксари тарсу афсонаҳо дар атрофи Фарғона хушбахтона нодуруст буданд. Ба ин тартиб, дар водии Фарғона ду мавриди ҳаллу фасли марз пайдо шуданд: Марзи Тоҷикистон бо Узбекистон ва Қирғизистон бо Узбекистон..."

Ба қавли ӯ, Осиёи Марказӣ то соли 2030 шоҳиди чанд мушкилот ва чолишҳое хоҳад шуд, ки бидуни ҳамкории наздики минтақаӣ ҳаллу фасли онҳо номумкин хоҳад буд.

"Агар то сентябри соли 2023 Тоҷикистон ва Қирғизистон тавонанд, масоили марзиро ҳал кунанд ва дар ин замина ба хати поён наздик шаванд, нишасти машварати панҷуми сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ дар Душанбе қатъан таърихӣ хоҳад буд, чун кишварҳои минтақа яке аз сарчашмаҳои мушкилзои таҳдидҳои даруниро ҳал карданд," – мегӯяд коршинос.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG