Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Номи 74 қурбонии низои 14-17 сентябр дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон


Акси баъзе аз қурбониёни даргириҳои 14-17-уми сентябр дар сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон
Радиои Озодӣ бо истифода аз манобеи худ, хешовандон, шабакаҳои иҷтимоӣ ва мақомоти маҳаллӣ то ин дам номи 74 нафареро гирд овард, ки ҳангоми даргириҳои мусаллаҳонаи 14-17-уми сентябр дар сарҳади Тоҷикистон бо Қирғизистон кушта шудаанд. Ин рӯйхат ғайрирасмӣ аст ва ниҳоӣ нест. Мақомоти Тоҷикистон дар бораи кушта шудани беш аз 40 ғайринизомӣ гузориш дода, шумораи сарбозони кушташударо нагуфтанд.
  1. Муҳаммад Баротов, сокини деҳаи Меҳвари ҷамоати Чубеки ноҳияи Мирсаид Алии Ҳамадонӣ. (Манбаъ: Мақомоти расмӣ)
  2. Абдулбафо Абдурақибзода, 23-сола, аз ҷамоати Чоркӯҳи Исфара. Соли 2021 ба сафи нерӯҳои мусаллаҳ пайвастааст. Бояд ба наздикӣ падар мешуд. (Манбаъ: Сокинони деҳа, хешовандонаш)
  3. Насрулло Аскаров, 19-сола, сокини Кӯлканди ноҳияи Исфара. Дар қисми низомии Офтобрӯя хидмат мекард. Рӯзи 16-уми сентябр дафн карданд
    Нурулло Аскаров
    Нурулло Аскаров
  4. Раҳмиддин Холов, 22-сола, аз деҳаи Афзалии ҷамоати Бохтариёни ноҳияи Кушониён. Баъди 5 моҳи хидмат дар сафи нерӯҳои мусаллаҳ ва дар қисми низомии 0215-и КДАМ дар Исфара, 16-уми сентябр дар муноқиша дар марз бо Қирғизистон кушта шуд. (Манбаъ: Мақомоти расмӣ)
    Раҳмиддин Холов
    Раҳмиддин Холов
  5. Шодмон Ҳусейнов, 21-сола, аз деҳаи Абдураҳмони Ҷомии ҷамоати Заргари ноҳияи Кушониён. Баҳори соли гузашта ба сафи нерӯҳои мусаллаҳ даъват шудааст. Рӯзи 16-уми сентябри соли 2022 дар муноқиша дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон кушта шуд. (Манбаъ: Мақомоти расмӣ)
  6. Эркин Абдусатторзода, 38-сола, аз шаҳри Гулистон (Қайроққум), подполковники милитсия. Падари чаҳор фарзанд. Рӯзи 16-уми сентябри 2022 дар ҷараёни муноқиша дар марз кушта шудааст. (Манбаъ: Мақомоти расмӣ)
  7. Маҳмадҷон Маҳмадов, аз ҷамоати Заргари ноҳияи Кушониёни вилояти Хатлон. Хатмкардаи Донишкадаи олии Нерӯҳои сарҳадии КДАМ-и Тоҷикистон. Рӯзи 16-уми сентябр дар марз кушта шудааст. (Манбаъ: Мақомоти расмӣ)
    Маҳмадҷон Маҳмадов
    Маҳмадҷон Маҳмадов
  8. Зайниддин Холбоев, сарбоз аз деҳаи Зарбдори ноҳияи Панҷи вилояти Хатлон. Сарбози қисми низомии 0215 дар Исфара. (Манбаъ: Мақомоти расмӣ)
    Зайниддин Холбоев
    Зайниддин Холбоев
  9. Собирҷон Қувватов, 33-сола, аз ҷамоати Худоёр Раҷабови ноҳияи Восеъ. Рӯзи 16-уми сентябр ҳангоми хидмат дар Исфара кушта шудааст (Манбаъ: Мақомоти расмӣ)
  10. Шӯҳрат Наҷмиддинзода, зодаи ноҳияи Ховалинги вилояти Хатлон, соли 1989 ба дунё омадааст. Сокини кӯчаи Обшорон. Оиладор, соҳиби як фарзанд. Корманди Шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ дар Ворух. (Манбаъ: Мақомоти вилояти Хатлон)
    Шӯҳрат Наҷмиддинзода
    Шӯҳрат Наҷмиддинзода
  11. Сафаралӣ Ҳасани 23-сола аз ноҳияи Восеъ, рӯзи 14-уми сентябр, ҳангоми даргирӣ дар сарҳад кушта шуд. (Манбаъ: Радиои Озодӣ)
    Сафаралии Ҳасан
    Сафаралии Ҳасан
  12. Нусратулло Фатҳулло, 25-сола, сокини деҳаи Гулистони ноҳияи Кушониён. Падари ду фарзанд ва ҳамсараш интизори тифли саввум. (Манбаъ: Фейсбук ва хешовандонаш)
    Нусратуллои Фатҳулло
    Нусратуллои Фатҳулло
  13. Олимназар Холиқназаров, зодаи Бадахшон, падари як фарзанд. Подполковник. Модараш Гулдаста Орумбекова аз наздикони вазири собиқи фарҳанг Шамсиддин Орумбекзода. (Манбаъ: Фейсбук ва манобеи ҳукуматӣ)
    Олимназар Холиқназаров
    Олимназар Холиқназаров
  14. Хирадманд Усмонзода, аз ноҳияи Айнӣ, деҳаи Вашан. 28 сол дошт, як фарзанд дорад. (Манбаъ: Фейсбук)
    Хирадманд Усмонзода
    Хирадманд Усмонзода
  15. Майор Ғолиб Абдунабиев, афсари Кумитаи амнияти миллӣ. Сокини деҳаи Навободи ҷамоати Лоиқ Шералӣ, шаҳри Панҷакент. (Манбаъ: Фейсбук ва дӯстонаш)
  16. Тағоймуродзода Шуҳратҷони Ҳикматулло, 24-сола. Сокини деҳаи Роҳи сотсиализми ҷамоати деҳоти Каленини ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ. Бояд баъди адои хидмат моҳи октябр ба хона бармегашт. Манбаъ: (Мақомоти расмӣ, Инстаграм)
  17. Назрулло Олимов, 20-сола, ноҳияи Вахши вилояти Хатлон. (Манбаъ: Мақомоти расмӣ)
    Назрулло Олимов
    Назрулло Олимов
  18. Салоҳиддин Муъминов, 22-сола аз ноҳияи Вахш. (Манбаъ: Мақомоти расмӣ, Фейсбук)
    Салоҳиддин Муъминов
    Салоҳиддин Муъминов
  19. Шӯҳрат Абдулҳаев, сокини Хатлон. (Манбаъ мақомоти расмӣ)
    Шӯҳрат Абдулҳаев
    Шӯҳрат Абдулҳаев
  20. Саидмуъмин Абдуллоев, зодаи деҳаи Кангурти ноҳияи Темурмалик, ронандаи фармондеҳи Гвардияи миллӣ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон ҳалок шудааст. (Манбаъ: Фейсбук ва хешовандонаш)
  21. Ҳодибой Султонов, лейтенанти калони милитсия, корманди Шуъбаи корҳои дохилӣ дар шаҳри Исфара ҳангоми даргириҳо дар рӯзи 16-уми сентябри соли 2022 ҳалок шуд. (Манбаъ: Мақомоти расмӣ)
  22. Фирдавс Худойбердиев 20-сола, зодаи шаҳраки Ҳаёти нави ноҳияи Ёвон дар задухӯрдҳои сарҳадӣ ҳалок шуд. Соли 2020 ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон пайваста, орзуи дар оянда низомӣ шуданро доштааст. (Манбаъ: Фейсбук ва мақомоти расмӣ)
  23. Раҳматшоҳи Шамсизод, 22-сола, аз деҳаи Меҳробод (Қурбоншаҳид)-и ноҳияи Восеъ
    Раҳматшоҳи Шамсизод
    Раҳматшоҳи Шамсизод
  24. Саврон Худойбердиев, хатмкардаи Донишкадаи Кумитаи давлатии амнияти миллӣ. Дар хати сарҳад дар ҷараёни даргириҳо бо марзбонони Қирғизистон кушта шудааст. (Манбаъ: Фейсбук)
  25. Содирбек Неъматзода, 25-сола, сокини деҳаи Истошони ҷамоати Лангари ноҳияи Мастчоҳ. 17-уми сентябр дар зодгоҳаш дафн карда шуд. Соҳиби як фарзанди ноболиғ. (Манбаъ: Мақомоти расмӣ)
  26. Нурмуҳаммад (Атоев) Холзода, 32-сола. Дар деҳаи Ҳадишаҳр, ҷамоати Иван-тоҷики ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ таваллуд шудааст. Соли 2012 ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон даъват шуда, соли 2014 баъди адои хидмат дар шуъбаи Кумитаи амнияти миллӣ дар шаҳри Конибодом ба кор шуруъ кардааст. Оиладор соҳиби ду фарзанди ноболиғ. (Манбаъ: Мақомоти расмӣ)
    Нурмуҳаммад Атоев (Холзода)
    Нурмуҳаммад Атоев (Холзода)
  27. Аловиддин Мирзоев, 36-сола, афсар. Дар муноқишаҳои марзии миёни Тоҷикистону Қирғизистон кушта шуд. Сокини деҳаи Искодари ноҳияи Айнӣ. Падари се фарзанд. (Манбаъ: Мақомоти расмӣ, Фейсбук)
    Аловиддин Мирзоев
    Аловиддин Мирзоев
  28. Мансурҷон Қаюмов, зодаи деҳаи Кангурти ноҳияи Темурмалик, лейтенант.
    Мансурҷон Қаюмов
    Мансурҷон Қаюмов
  29. Шералӣ Раҳимзода, афсари нерӯҳои марзбонӣ. Зодаи деҳаи Кеврони ноҳияи Дарвоз. (Манбаъ: Видеои ҷаноза аз Фейсбук, мақомоти расмӣ)
    Шералӣ Раҳимзода
    Шералӣ Раҳимзода
  30. Зикруллои Амрулло, 20-сола, сокини шаҳраки Вахши ноҳияи Вахш. Қарор буд, баъди адои хидмати дусола ба хона баргардад. Дар зодгоҳаш ба хок супурда шуд.
  31. Бахтовар Мирзоев, 25-сола. Сокини ҷамоати деҳоти “Гулистон” и ноҳияи Левакант. (Манбаъ: Мақомоти ноҳияи Левакант)
    Бахтовар Мирзоев
    Бахтовар Мирзоев
  32. Муҳаммад Одинаев. Сокини шаҳраки Бахти ноҳияи Зафаробод. Соҳиби як фарзанд. Марзбон ва Хатмкардаи Донишгоҳи неруҳои марзбонӣ. Рӯзи 16-уми сентябр дар Ворух кушта шудааст. Манбаъ: Хешовандонаш ва Ютуб
  33. Шамсулло Ҳайдаров, 42-сола. Сокини деҳаи Тоҷикистон-2, ноҳияи Фархор. (Манбаъ: Раъно Раҳимзода, сардори идораи кор бо занони Хатлон)
  34. Меҳриддин Миралиев, аз деҳаи Тутои ҷамоати деҳоти Балхобии ноҳияи Муъминобод. 39-сола ва афсари нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон. (Манбаъ: Фейсбук)
    Меҳриддин Миралиев
    Меҳриддин Миралиев
  35. Ибодуллои Убайдулло, 31-сола, аз шаҳри Леваканди вилояти Хатлон. (Манбаъ: Фейсбук)
    Ибодуллои Убайдулло
    Ибодуллои Убайдулло
  36. Неъматуллои Раҳматулло, афсар аз маҳаллаи Энергетикаи шаҳри Норак. (Манбаъ: Фейсбук)
  37. Сабриддин Ҷумъаев, афсари нерӯҳои марзбонӣ, ки дар вилояти Суғд хидмат мекард. Зодаи деҳаи Қазноқ, ҷамоати Нусратулло Махсуми ноҳияи Рашт. Дар зодгоҳаш бо ҳузури мақомоти расмӣ дафн шудааст. (Манбаъ: Фейсбук ва хешовандонаш)
    Маросими видоъ бо Сабриддин Ҷумъаев дар Рашт
    Маросими видоъ бо Сабриддин Ҷумъаев дар Рашт
  38. Саидҷалол Расулзода, афсар, ноҳияи Восеъ. (Манбаъ: Ютуб)
  39. Фатҳиддин Ҷаъфарзода, сокини шаҳри Ваҳдат. (Манбаъ: Фейсбук)
  40. Сорбон Худойбердизода, 22-сола. Зодаи деҳаи Хишевакт, ҷамоати Ростровути ноҳияи Деваштич. Сорбон хатмкардаи Донишкадаи олии Нерӯҳои сарҳадии КДАМ дар шаҳри Исфара хидмат мекард. Зимни даргириҳои марзӣ 14-уми сентябр ҳалок шуд. (Манбаъ: Фейсбук)
    Сорбон Худойбердизода
    Сорбон Худойбердизода
  41. Абдураҳим Нуров, 23-сола. Сокини деҳаи Нусратулло Махсуми ҷамояти Яккатути ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ. Марзбон. Рӯзи 16-уми сентябр дар муноқиша дар марз кушта шуд. Манбаъ: (Хешовандонаш ва мақомоти расмӣ)
  42. Муҳаммадҷон Пиров 29-уми апрели соли 1988 таваллуд шудааст. Оиладор соҳиби 3 фарзанд буд. Аз деҳаи Правдаи ҷамоати Иттифоқи ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ. (Манбаъ: Мақомоти расмӣ)
    Муҳаммадҷон Пиров
    Муҳаммадҷон Пиров
  43. Ҷамшед Набиев, муовини фармондеҳи қисми ҳарбии 3502 оид ба техника ва аслиҳа буд. Соҳиби 3 фарзанд. Сокини маҳаллаи Симиганҷи шаҳри Ваҳдат. Рӯзи 20-уми сентябр ба хок супурда шуд. Аз тири снайпер ба ҳалокат расидааст.
  44. Ибодулло Рӯзиев, 20-сола. Сокини деҳаи Дӯстии ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ. Рӯзи 18-уми сентябр дар Исфара тир хӯрда, 19-уми сентябр даргузаштааст. (Манбаъ: Фейсбук ва хешовандонаш)
    Ибодулло Рӯзиев
    Ибодулло Рӯзиев
  45. Некрӯз Исломов, 19-сола аз ноҳияи Хуросон. Рӯзи 17-уми сентябр ҳангоми хидмат кушта шудааст. (Манбаъ: Фейсбук, мақомоти расмӣ)
    Некрӯз Исломов
    Некрӯз Исломов
  46. Аслан Менеқулов, 19-сола, сарбоз, шаҳри Бохтар. (Манбаъ: Мақомоти расмӣ)
    Аслан Менеқулов
    Аслан Менеқулов
  47. Муҳибулло Аббосов, сокини ҷамоати Зарзамини ноҳияи Бобоҷон Ғафуров. Соҳиби се фарзанд. Рӯзи 16-уми сентябр дар назди масҷиди ҷамоати Овчӣ-Қалъачаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров кушта шудааст.
    Муҳибулло Аббосов
    Муҳибулло Аббосов
  48. Савринисо Ҳоҷибоева, 60-сола, ҷамоати Хистеварзи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров​
  49. Набиҷон Аҳмедов, ҷамоати Овчӣ-Қалъачаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров
  50. Солеҳҷон Раҳимов, пизишки 45-солаи ҷамоати Овчӣ-Қалъачаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров
  51. Насриддин Ҳайдаров, сокини ҷамоати Овчӣ-Қалъачаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров
  52. Ғуломҷон Акбаров, сокини ҷамоати Овчӣ-Қалъачаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров
  53. Абдусалом Абдушукуров, сокини ҷамоати Овчӣ-Қалъачаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров
  54. Абдувосит Сатторов, сокини ҷамоати Овчӣ-Қалъачаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров
  55. Муҳаммадҷон Болтуев, сокини ҷамоати Овчӣ-Қалъачаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров
  56. Қирғизбой Қирғизбоев, сокини ҷамоати Овчӣ-Қалъачаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров
  57. Умедҷон Султонов, сокини ҷамоати Овчӣ-Қалъачаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров
  58. Каромат Зуҳурова (Сатторова), пизишк, ҷамоати Овчӣ-Қалъачаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров
  59. Абдувоҳиди Абдуқаюм, сокини ҷамоати Овчӣ-Қалъачаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, корманди Сарраёсати молияи вилояти Суғд
  60. Бишарифа Воҳидова, 8-сола, ҷамоати Хистеварзи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров. Рӯзи 16-уми сентябр кушта шудааст (Манбаъ: Идораи маорифи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров)
    Бишарифа Воҳидова
    Бишарифа Воҳидова
  61. Муродҷон Юсуфов, сокини ҷамоати Ворухи шаҳри Исфара
  62. Мунаввархон Маҳмудова, 62-сола, сокини ҷамоати Чилгазии шаҳри Исфара
    Мунаввархон Маҳмудова
    Мунаввархон Маҳмудова
  63. Аҳмадҷон Собиров, 3-сола, аз маҳаллаи лангари Чоркӯҳи Исфара. Наздиконаш гуфтанд, рӯзи 16-уми сентябр кушта шудааст. Падараш, Акмалҷон Собиров, захмӣ ва дар бемористон аст.
  64. Абдураҳим Каримов, 47-сола, аз маҳаллаи Қарабоғи ҷамоати Сурхи Исфара. Рӯзи 16-уми сентябр дар муноқиша дар марз кушта шудааст. Соҳиби 5 фарзанд. (Манбаъ: Хешовандонаш)
  65. Муҳайёхон Файёзова, 53-сола, ҷамоати Чоркӯҳи шаҳри Исфара
  66. Дилноза Баҳромзода, 29-сола, ҷамоати Чоркӯҳи шаҳри Исфара
  67. Садоқат Уктамзода, 25-сола, ҷамоати Чоркӯҳи шаҳри Исфара
  68. Асмоа Амриддинзода, 6-сола, ҷамоати Чоркӯҳи шаҳри Исфара
  69. Имрон Илҳомзода, 5-сола, ҷамоати Чоркӯҳи шаҳри Исфара
    Имрон ва Асмоа
    Имрон ва Асмоа
  70. Баҳром Ҳакимови 51-сола, муаллим, деҳаи Хоҷаи Аълои ҷамоати Чоркӯҳи шаҳри Исфара
    Баҳром Ҳакимов
    Баҳром Ҳакимов
  71. Камолиддин Ашӯров, пизишк, навбатдори “Ёрии таъҷилӣ”, ҷамоати Сурхи шаҳри Исфара
    Камолиддин Ашӯров
    Камолиддин Ашӯров
  72. Ҳасанбой Валиев, ронандаи мошини “Ёрии таъҷилӣ”, ҷамоати Сурхи шаҳри Исфара
  73. Олимбой Аббосов, 58- сола, аз деҳаи Сомониёни Чоркӯҳ. Рӯзи 16-уми сентябр кушта шудааст. (Манбаъ: Сокинони деҳа, хабарнигорон)
  74. Беҳрӯз Қодирзода, сокини ҷамоати Чоркӯҳи Исфара. Рӯзи 16-уми сентябр кушта шудааст. (Манбаъ: Корбарон ва сокинони деҳа, хабарнигорон)
Агар Шумо ному насаби қурбониёни дигарро медонед, ба ин имейл фиристед: Tajikweb@rferl.org
Ё ба ин шумораҳо (Вотсап, Телеграм, Сигнал) тамос гиред:
+420 724 053 959, +420 607 900 808, +420 725 602 213
Маълумот дар бораи чӣ гуна кушта шудани одамон низ муҳим аст.

Бахши қирғизии Радиои Озодӣ феҳрасти 35 қурбонии даргириҳои марзӣ, асосан сарбозону афсаронро гирдоварӣ ва нашр кардааст.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG