Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикистону Қирғизистон якдигарро ба "таҷовузи мусаллаҳона" муттаҳам карданд


Маросими ба наздиконаш додани ҷасади яке аз сарбозони кушташудаи тоҷик

Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон рӯзи 18-уми сентябр дар нахустин хабарномаи худ бобати муноқиша дар марз бо Қирғизистон, ҷараёни соат ба соати воқеаҳои се рӯзи гузаштаро тасвир ва кишвари ҳамсояро ба "таҷовузи мусаллаҳона" ва "тирандозӣ дар тамоми хати марз" айбдор карда, гуфтааст, дар ҷараёни даргириҳо то кунун камаш 30 ғайринизомӣ кушта шудаанд.

Вазорат ҳалокати панҷ узви як оила, аз ҷумла Асмоаи 6-сола ва Имрони 5-сола ва як зани ҳомиларо дар Чоркӯҳи Исфара; зарба ба мошини "Ёрии таъҷилӣ", хонаҳои истиқоматӣ ва биноҳои маъмурию зербиноиро хилофи меъёру қонунҳои байнулмилалӣ унвон кардааст.

Ҳамагӣ пас аз чанд лаҳза Вазорати корҳои хориҷии Қирғизистон ҳодисаҳои 14-17-уми сентябрро "амали таҷовузкоронаи қаблан тарҳрезишудаи Тоҷикистон" номид. Мақомоти он кишвар дар бораи кушта шудани 59 кас гузориш дода, шумораи захмиёнро зиёда аз 140 ва беҷошудагонро 140 ҳазор нафар эълон кард.

Вазорати тандурустӣ ё Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон аз шумораи қурбониён ва миқдори зарар чизе нагуфтаанд. Манбаъҳои боварбахши Радиои Озодӣ аз кушта шудани 39 нафар хабар доданд, вале Ҳизби демократи Тоҷикистон, ки раҳбараш узви порлумон аст, дар баёнияе шумори кушташудаҳоро 60 нафар ва захмиёнро садҳо нафар гуфт.

Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон дар бораи талафоти ду низомии тоҷик дар рӯзи 14-уми сентябр дар марз гузориш дода, аз ҳалокати ҳарибиёни Тоҷикистон омори дигареро наовардааст. Радиои Озодӣ то кунун номи камаш 15 низомии кушташударо ҷамъ овард.

Дар баёнияи ВКХ, ки 18-уми сентябр нашр шуд, омадааст, нерӯҳои Қирғизистон рӯзи 14-уми сентябр "бе ягон асос" ба посгоҳи "Кех" дар Исфара ҳамла карданд. Вазорати корҳои хориҷии Қирғизистон иддао кардааст, ки нерӯҳои кишвараш "танҳо дар мавқеи дифоӣ буданд".

Ҷониби Тоҷикистон мегӯяд, бо вуҷуди созиш, Қирғизистон рӯзи 16-уми сентябр ба маҳалҳои аҳолинишини Хоҷаи Аъло, Қуммазор, Сурх, Сомониён ва Кӯлканди шаҳри Исфара ва Хистеварзу Овчӣ-Қалъачаи Бобоҷон Ғафуров ҳамла кард ва "аз БМП ва БТР истифода намуд".

"Нерӯҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Қирғизистон аз 20 мошини зиреҳпӯш, ки пешакӣ барои ҳамла ба қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон сафарбар карда шудаанд, истифода карданд. Бинои мактаби деҳаи Боғистон... манзили мардуми осоишта дар деҳаи Сомониён тирборон карда шуд," – гуфтаанд дар баёния.

Мақомот ҷониби Қирғизистонро гунаҳкор кардаанд, ки нерӯҳояш ҳамон рӯз ба маҳаллаи “Боғдорӣ”-и Исфара даромада, “хонаҳоро оташ заданд, дуздиву ғоратгарӣ карданд ва як пиразанро бераҳмона куштанд."

Айни иддаоро ҷониби Қирғизистон дорад. "Бо вуҷуди созишҳои чандкаратаи оташбас, ҷониби Тоҷикистон тирпарронии иғвоангезонаро идома дода, баъзе аз минтақаҳои аҳолинишин, аз қабили Дустук, Оқсой, Интернатсионал, Ҷаштиқ, Борбордуқ, Арка ва Кулундуро забт кард," - гуфтаанд дар Вазорати корҳои хориҷии Қирғизистон.

Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон мегӯяд, бо вуҷуди талошҳо барои хатми даргирӣ ва оғози музокирот, Қирғизистон ҳамларо рӯзи 16-уми сентябр идома дода, “бештар ба иншооти ғайринизомӣ, аз ҷумла мактабу масҷид ва хонаҳои мардум” дар Исфараву ноҳияи Бобоҷон Ғафуров зарба задааст. Ҷониби Қирғизистон ба амалҳои ба гуфтааш “ғайриқонунӣ ва харобиовари Ҷумҳурии Тоҷикистон" эътирози қатъӣ баён кардааст.

Тоҷикистон аз он нигаронӣ кардааст, ки Қирғизистон аз дронҳо истифода мебарад ва бо зарби ин дронҳо дар мактабу масҷиди Овчӣ-Қалъача 18 кас кушта ва беш аз бист нафар захмӣ шудаанд.

Дар идомаи хабарномаи Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон гуфта мешавад, ки рӯзи 17-уми сентябр тарафи Қирғизистон бори дигар оташбасро шикаста, Чоркӯҳ ва Чорқишлоқро тирборон кард. Тарафи Қирғизистон инро шарҳ надодааст. Идораи умури хориҷии Тоҷикистон ҳамчунин аз он изҳори таассуф кардааст, ки президенти Қирғизистон Садир Жапаров он рӯз дар нисбати Тоҷикистон аз вожаи "душман" истифода кард, ки хилофи ҳусни ҳамсоядорӣ шумурда шудааст.

Вазорати умури хориҷии Қирғизистон ба баёнияи Душанбе посухе надода, вале гуфтааст, “амали ҷониби Тоҷикистон метавонад, боиси сар задани муноқишаи васеъмиқёси байнидавлатӣ ва инчунин ноором шудани вазъ дар тамоми минтақаи Осиёи Марказӣ шавад.”

Муноқиша дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон рӯзи 14-уми сентябр ва дар байни ноҳияҳои Исфараву Бобоҷон Ғафурови Тоҷикистон ва Бодканди Қирғизистон сар зад ва дертар ба Лахшу Уш "кӯчид".

Сабаби даргирии охир дақиқ нест, вале таъйину нишонагузорӣ нашудани садҳо километр сарҳади ду кишвар ва даъвову ҷанҷол барои замину обу чарогоҳ солҳо боз баҳонаи даргирии хунин байни ду ҳамсоя шудааст. Ду кишвари собиқи Шӯравӣ ва болооби Осиёи Марказӣ 970-980 километр сарҳад доранд, ки бахше аз он таъйину нишонагузорӣ нашудааст.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG