Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Чаҳор сарбози кушташудаи тоҷикро дар Вахш дафн кардаанд


Акс аз бойгонӣ

Чаҳор сарбози тоҷикро, ки ҳангоми даргирӣ дар марз бо Қирғизистон кушта шудаанд, дар зодгоҳашон, ноҳияи Вахши вилояти Хатлон, дафн карданд. Маросими видоъ бо онҳо рӯзи 18-уми сентябр баргузор шуд.

Аз сарбозон

  • Назрулло Олимов;
  • Шӯҳрат Абдулхайров;
  • Салоҳиддин Муъминов;
  • Шӯҳрат Ҷумъахонов

ном бурданд.

Бобоҷон Саидов, раиси дастгоҳи ҳукумати Вахш, гуфт, онҳо дар қисми низомие дар сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон хидмат мекарданд. "Дар маросими видоъ роҳбарони сатҳи аввали вилоят ва ноҳия ширкат ва ба пайвандони онҳо ҳамдардӣ баён карданд," -- афзуд ҳамсуҳбати мо.

Аз ин пеш дар Бохтар ва ноҳияи Восеъ низ ду сарбози кушташударо ба хок супурданд.

Мақомоти Тоҷикистон дар бораи кушташудаҳо ва захмиён омор намедиҳанд. Дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз марги чандин низомӣ ва мардуми одӣ дар Исфараву Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд гузориш шудааст.

Ба иттилои манобеи Радиои Озодӣ, дар даргирии 14-16-уми сентябр дар Тоҷикистон 39 кас, аз ҷумла чанд кӯдак, кушта шудаанд.

Рӯзҳои 14 ва 16-уми сентябр дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон, ки қисме аз он таъйину нишонагузорӣ нашудааст, даргирии мусаллаҳона сар зад. Тарафҳо якдигарро ба оғози ҷанҷол ва истифода аз силоҳҳои сангину дастгоҳи мушакӣ ва ҳавопаймои бесарнишин гунаҳкор карданд. Дар ин муддат чанд бор дар бораи созиши оташбас хабар дода шуд, вале ба иддаои ҷонибҳо тирпарронӣ рӯзи 17-уми сентябр ба шакли пароканда идома кард.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG