Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Манбаъҳо: Дар муноқишаи марзӣ аз Тоҷикистон "39 кас кушта шуд"


Кӯлоҳи яке аз кушташудаҳо дар Овчӣ-Қалъача

Манобеи огоҳ дар ҳукумати Тоҷикистон ба Радиои Озодӣ гуфтанд, дар ҷараёни муноқишаи рӯзҳои 14-16-уми сентябр дар марз бо Қирғизистон, 39 шаҳрванди Тоҷикистон кушта шудааст. Ба гуфтаи онҳо, ин омор низомиён ва ҳам ғайринизомиёнро фаро мегирад. Дар миёни кушташудаҳо аз Тоҷикистон кӯдакон ва занони ҳомила ҳам ҳастанд.

Мақомот то ҳол расман нагуфтаанд, ки дар даргириҳои охир аз тарафи Тоҷикистон чанд кас куштаву маҷруҳ шуд. Ҷониби Қирғизистон мегӯяд, дар муноқишаи марзӣ аз ин кишвар 24 кас кушта ва беш аз 100 нафар маҷруҳ шуданд.

Қамчибек Тошиев, раиси КДАМ-и Қирғизистон гуфт, кишвараш дар даргирии мусаллаҳона дар марз бо Тоҷикистон “талафоти зиёд дод”. Раисҷумҳури Қирғизистон Содир Ҷабборов (Садир Жапаров) дар паёмаш ба мардуми худ зикр кард, ки “бино ба маълумоти ахир, тарафи Тоҷикистон талафоти калон дод”.

Як мақоми баландпояи Вазорати тандурустии Тоҷикистон, ки рӯйхати кушташудагонро аз 14-ум то нисфи шаби 16-уми сентябр дар даст дорад, бо шарти зикр нашудани номаш ба Радиои Озодӣ гуфт, ба онҳо иҷозат надоданд дар бораи талафоти низои ахир бо расонаҳо суҳбат кунанд. Ин ҳамсуҳбати мо гуфт, аз 39 қурбонии низои ахир аз Тоҷикистон аксарашон ғайринизомӣ ҳастанд.

Як афсари Нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон дар шаҳри Исфара ва се сокини маҳаллӣ ба Радиои Озодӣ гуфтанд, рӯзи 17-уми сентябр 8 кушташударо ба хок супориданд, ки 6 нафари онҳо аъзои як оила ҳастанд.

"Ду нафарашон - Имрон Илҳомзода ва Асмоахон Амриддинзода - кӯдакони 5-6-сола буданд. Келини хона Садоқат Уктамзода ҳомила буд ва то замони таваллуди тифлаш якуним моҳ пас монда буд," -- афзуд як манбаи Радиои Озодӣ.

Дар миёни қурбониёни муноқиша, ки дар Исфара ба хок супориданд, як марзбон ҳам будааст.

Ба ҷуз аз сокинони мулкӣ дар шаҳри Исфара, қариб даҳ нафар аз сокинони ҷамоати Овчӣ-Қалъачаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ҳам рӯзи 16-уми сентябр дар наздикии масҷиди деҳа куштаву захмӣ шуданд. Як манбаъ дар ҳукумати Тоҷикистон ба Радиои Озодӣ гуфт, сокинон вақте барои адои ҷаноза ба масҷид омаданд, бесарнишинҳои Қирғизистон ба онҳо ҳамла кардаанд. ВКД-и Тоҷикистон ин ҳамларо тасдиқ кард, аммо нагуфт, чанд нафар аз он осеб дидаанд. Ҷониби Қирғизистон то ҳол қазияро шарҳ надодааст.

Радиои Озодӣ аз манобеи гуногун ҳувийяти 12 кушташударо шиносоӣ кард ва ин феҳристро идома медиҳад.

Ба гуфтаи мақомоти ҳарду кишвар, бо гузашти чор рӯз ҳанӯз вазъият дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон ба ҳолати муқаррарӣ барнагаштааст. Бо вуҷуди оташбас, ҳарду тараф аз тирпарронӣ дар чанд минтақаи марзӣ хабар доданд.

Гуфтугӯ

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG