Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Чоркӯҳ. Ҷузъиёти марги Имрону Асмоа ва зани ҳомила дар мошини "Ёрии таъҷилӣ". ВИДЕО


Имрон ва Асмоа
Пас аз муноқишаи мусаллаҳонаи 16-уми сентябр дар марзи Тоҷикистон ва Қирғизистон чандин оила дар Исфара мотам доранд. Онҳо мегӯянд, баъзе аз пайвандонашон куштаву захмӣ шуда, хонаашон ба коми оташ рафтааст.
Мақомоти Тоҷикистон рӯзи 19-уми сентябр гуфтанд, ки дар муноқиша дар сарҳад бо Қирғизистон 41 нафар кушта шуд, вале омор ниҳоӣ нест. Ҷониби Қирғизистон дар бораи ҳалокати 59 нафар хабар дод.
Бо вуҷуди оташбас ва оромии нисбӣ, сокинони деҳаҳои наздимарзӣ бо нигаронӣ шабро рӯз мекунанд ва орзу доранд, ки дигар садои тиру тӯпро нашунаванд.

Таркиш дар назди масҷид

Дар ҳоле ки баҳси Тоҷикистону Қирғизистон бар сари "таҷовузи мусаллаҳона" ба хоки якдигар ҷараён дорад ва ду ҷониб ба ҳақ будани худ пофишорӣ мекунанд, баъзе аз сокинони Чоркӯҳ дар азои пайвандон нишастаанд.

Онҳо мегӯянд, дар ҳамлаҳои пайиҳами 16-уми сентябр ба масҷиди "Таги Сада" ва мошини "Ёрии таъҷилӣ" дар наздикии пули "Чорбоғ" якбора ҳудуди даҳ нафарро аз даст доданд. Панҷ нафари онҳо, аз ҷумла ду наврасу як зани ҳомила, хешутабор ҳастанд:

  • Муҳайёхон Файёзоваи 53-сола;
  • Дилноза Баҳромзодаи 29-сола;
  • Садоқат Уктамзодаи 25-сола;
  • Асмоа Амриддинзодаи 6-сола;
  • Имрон Илҳомзодаи 5-сола.

Асадулло Ҷалилов, хешованди кушташудаҳо, рӯзи 18-уми сентябр ва дар суҳбат бо Радиои Озодӣ он рӯзро чунин ба ёд овард: “Аз ҷониби Қирғизистон масҷидро нишон гирифта будаанд. Ман хоҳару ҷиянҳоямро ба мошин савор карда, ба ҷойи дигар мерафтем. Вақте масҷидро заданд, гулӯла даҳ метр болотар афтод ва пораҳояш ба мошин зад. Чанг шуд, мошинро тезтар рондам. Дар дохили мошин доду вой шуд, дидам, ки ду ҷиянам маҷруҳ шудаанд.”

Чоркӯҳ, 18-уми сентябри 2022
Чоркӯҳ, 18-уми сентябри 2022

Мақомоти Тоҷикистон ҳамвора нерӯҳои Қирғизистонро ба ҳамла ба иншооти ғайринизомӣ, аз ҷумла мактабу масҷид ва хонаҳои мардум бо чархболи низомиву ҳавопаймои бесарнишин муттаҳам карданд. Бишкек ҳам чанд дафъа гуфт, нерӯҳои Тоҷикистон аз силоҳҳои вазнин кор гирифтанд ва рӯзи 19-уми сентябр эълон кард, ки дар Бодканд 9 мактабу се боғчаи кӯдакон осеб дидааст.

"Хокистарро гӯрондем"

Сокинони Чоркӯҳ мегӯянд, дар дохили мошини "Ёрии таъҷилӣ", ки ҳадафи ҳамлаи нерӯҳои Қирғизистон қарор гирифт, беш аз 5 нафар буданд. Онҳоро пизишк Камолиддин Ашӯров ва ронанда Ҳасанбой Валиев ба шифохона мебурданд, аммо ба бемористон нарасиданд.

Мираҳмад Ашӯров, падари пизишк Камолиддин Ашӯров, мегӯяд, "ҳамон субҳ ба кор рафт, чун навбатдор будааст. Мо гуфтем, он дафъа дар замони ҷанг кор кардӣ, ин навбат нарав. Гуфт, бояд хидмат кунем. Ҷасади бачаамро надидем, то як бор сер шавем."

Камолиддин Сироҷов, яке аз хешовандони кушташудаҳо мегӯяд, онҳо низ рӯйи ҷасади наздикони худро дида натавонистанд, чун ҳангоми ҳамла мошин сӯхтаву ҷасадҳо низ оташ гирифтаанд.

Видеоро дар инҷо бинед:

Мотами хонаводаҳо дар Чоркӯҳи Исфара
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:08:17 0:00

“Бо ташхисгарони тиббиву додгоҳии Исфара будам. Аз даруни мошини “Ёрии таъҷилӣ” мурдаҳоро гирифтем, пурра сӯхта буданд. Мо хокистарро кафан кардаву гӯрондем. Ин мусибати бисёр сахт аст," – нақл кард ӯ.

Тарафи Қирғизистон, ки низомиёни Тоҷикистонро ба ҳамла айбдор мекунад, ин воқеиятро шарҳ надодааст. Вале дар таркиши снаряд дар деҳаи Достук Элзада Манноноваи 15-сола кушта шудааст. Дар ин бора падари ин духтарча Малик Маннонов ба бахши қирғизии Радиои Озодӣ нақл кардааст.

"Муаллим мехост, кӯдаконро ҳифз кунад…"

Дар ҳодисаи дигар дар рӯзи 16-уми сентябр Баҳром Ҳакимови 51-сола, муаллими деҳаи Хоҷаи Аълои ҷамоати Чоркӯҳ, кушта шудааст. Дар ҳоле ки мақомот чӣ гуна куштаи шудани ӯро нагуфтанд, наздиконаш бовар доранд, «ҳангоми ҳимоят аз хонандагону занон нишони тир шуд».

Нодира Авезова, хешованди Баҳром Ҳакимов, мегӯяд, дар чанд соли охир бори дувум аст, ки хонаводаашон дар муноқишаи марзӣ талафот медиҳад. «Чанд сол пеш тир риштаи умри бародарашон Ҳусейнҷон Ҳакимовро канда буд. Модари тоҷик инкубатор нест, ки фақат барои тири сарбозони Қирғизистон фарзанд ба дунё биорад," – гуфт ӯ.

Сокинон мегӯянд, дар Чоркӯҳ камаш бист хона пурра ё қисман сӯхтааст
Сокинон мегӯянд, дар Чоркӯҳ камаш бист хона пурра ё қисман сӯхтааст

"Хоҳиши ман аз номи занони қишлоқ, аз номи модарони ҷигарсӯхта, ки фарзанду шавҳарҳояшонро аз даст додаанд, ҳамин аст, ки чунин ҷангу ҷидолҳо бас шавад," – илова кард Зуҳро Ҳакимова, ҳамсари Баҳром Ҳакимов.

Ҳоло чанд захмии дигари ҳодиса дар вазъи баде ҳастанд.

Наҷоти ҷони даҳҳо нафар дар таҳхона

Дар он муноқишаи хунин сокиноне кам осеб дидаанд, ки худро паноҳ кардаанд ва ё ба ҷойи бехавф гурехтаанд. Таҳхонаи сарди Усмон Бобоев дар маҳаллаи Чашмасори Чоркӯҳ ҷони даҳҳо зану кӯдакро наҷот додааст.

Ӯ гуфт: «Бо зану фарзандонам дар таҳхона ҷой дуруст кардем. Баъд баромадем, ки занони дигар доду бедод доранд. Тамоми кӯдакони гирду атроф ва занонро дар ҳамин таҳхона ҷой кардем. Шумори онҳо қариб 150 нафар буд. Худамон дар атроф истода, вазъро назорат кардем ва онҳоро аз таҳхона баромадан намондем.»

Ба ҳисоби мардум, беш аз 20 хона дар Чоркӯҳ пурра ва қисман вайрон шуда ё сӯхтааст. Мақомот мегӯянд, хисороти расидаро ҳисоб доранд.

Ҳукумати вилояти Суғд бо нашри чанд акс аз пайомади даргирӣ дар марзи Тоҷикистон бо Қирғизистон, аз созмонҳои байнулмилалӣ ва минтақаӣ хостааст, ба ҳодиса баҳои дурусту ҳақиқӣ диҳанд. Тарафи Тоҷикистон рӯзи 18-уми сентябр гуфт, осори даргирӣ дар деҳаҳои наздимарзии Исфара баёнгари он аст, ки “ҷониби Қирғизистон бо тамоми намуди силоҳҳои вазнину оташфишон иншооти ғайринизомӣ ва бахусус хонаҳои мардумро задааст”.

Айни иддаоро ҷониби Қирғизистон дорад. Вазорати корҳои хориҷии он кишвар 18-уми сентябр гуфт, метавонад, аксу наворҳои зиёдеро барои арзёбӣ пешкаш кунад.

Гуфтугӯ

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG