Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вазир гуфт, дар бораи боздошти Абдуллоҳи Шамсиддин хабар надорад


Абдуллоҳи Шамсиддин.
Абдуллоҳи Шамсиддин.

Вазири корҳои дохилии Тоҷикистон мегӯяд, дар бораи боздошти Абдуллоҳи Шамсиддин, писари Шамсиддин Саидов, яке аз фаъолони мухолифини тоҷик, хабар надорад. Абдуллоҳи Шамсиддин рӯзи 18-уми январи имсол аз Олмон ба Тоҷикистон истирдод шуд, вале наздиконаш мегӯянд, дар бораи макони будубоши ӯ хабар надоранд.

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилӣ 15-уми феврал зимни нишасти хабарӣ гуфт, дар бораи истирдоди Абдуллоҳи Шамсиддин аз расонаҳо огоҳ шудаанд, "лекин дар мақомоти корҳои дохилӣ дастгир шудагӣ нест ва мо огоҳ нестем".

Шамсиддин Саидов, узви собиқадори Ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломӣ ва падари Абдуллоҳи Шамсиддин, мегӯяд, номаълумӣ хонаводаро музтарибу нигарон кардааст: "Мо номаи тасдиқи интиқоли ӯро аз ҷониби ниҳодҳои олмонӣ гирифтем, аммо то ин дам ҳеч хабаре, вокунише аз ҷониби ҳукумат дар даст надорем."

Ӯ рӯзи 26-уми январ эътироф кард, ки вуруди писараш, Абдуллоҳи Шамсиддин, ба қаламрави Олмон бо пешниҳоди маълумоти хато яке аз сабабҳои бозпас фиристодани писараш ба Тоҷикистон шудааст.

Ихроҷи Абдуллоҳи Шамсиддин аз кишвари аврупоӣ боис ба эътирози ҳамкоронашу намояндагони созмонҳои ҳомии ҳуқуқ гардид. Онҳо ташвиш доштанд, ки Абдуллоҳи Шамсиддин ба сабаби пайравӣ аз ҳизби дар кишвар мамнӯи наҳзати исломӣ ва қазияи падараш, Шамсиддин Саидов, дар Тоҷикистон шиканҷа ва зиндонӣ хоҳад шуд.

XS
SM
MD
LG