Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷустуҷӯйи 613 миллион доллар. Қисме барои Тоҷикистон


Муҳоҷирони афғон.
Муҳоҷирони афғон.

Комиссариати олии Созмони Милали Муттаҳид дар умури паноҳандагон хоҳони ёриҳои нави ҷомеаи ҷаҳонӣ ба беш аз 5,2 миллион аз муҳоҷирони Афғонистон шуд. Ин барнома бештар паноҳҷӯёнеро таҳти пӯшиш қарор медиҳад, ки дар панҷ кишвари ҳамсояи Афғонистон ба сар мебаранд.

Шабиа Манто, сухангӯи Комиссариати олии СММ дар умури паноҳандагон, дар як нишасти хабарӣ гуфт, аз он сабаб, ки Афғонистон бо бузургтарин ва бадтарин буҳрони башарӣ дар ҷаҳон рӯбарӯ аст, шаҳрвандони ин кишвар хоҳони ҳимояти бештар аз сӯи ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳастанд.

Барномаи минтақаӣ барои расидагӣ ба Афғонистон дар соли 2023 дархости 613 миллион доллар дорад, то афғонҳоеро, ки дар панҷ кишвари ҳамсоя -- Эрон Тоҷикистон, Покистон, Узбекистон ва Туркманистон зиндагӣ мекунанд, таҳти пӯшиш қарор диҳад. Бисёре аз ин паноҳҷӯён чандин даҳа дар кишварҳои минтақа зиндагӣ кардаанд.

Пас аз ишғоли Кобул аз сӯи "Толибон" дар моҳи августи соли 2021, ҳазорҳо шаҳрванди Афғонистон ба кишварҳои дигар, аз ҷумла Тоҷикистон, фирор карданд.

Шумораи онҳо дар Тоҷикистон зиёда аз 15 ҳазор нафар гуфта мешавад ва онҳо асосан дар шаҳри Ваҳдат, ноҳияҳои Рӯдакӣ, Ёвон ва Ҷаббор Расулов зиндагӣ мекунанд. Соли гузашта даҳҳо нафар аз ин паноҳандагон ба далелҳои то ҳанӯз номаълум аз Тоҷикистон ба Афғонистон ихроҷ шуданд.

Дар гузориши Комиссариати олии Созмони Милал дар умури паноҳандагон омадааст, панҷ кишвари ҳамсояи Афғонистон дар ҳоли ҳозир мизбони 8,2 миллион паноҳҷӯи афғон ҳастанд. Танҳо ҳудуди 2 миллиони онҳо дорои санад ҳастанд. Ба гуфтаи СММ, беш аз 70 дарсади паноҳҷӯёни афғон дар кишварҳои ҳамсоя, занон ва кӯдакон ҳастанд.

СММ дар соли 2022 низ хоҳони кумаки 623-миллиондолларӣ барои паноҳандагони афғон дар кишварҳои ҳамсоя шуда буд, аммо акнун мегӯяд, ки танҳо 52 дарсад аз пули дархостшударо дарёфт кардааст.

Душвориҳо дар Афғонистон ва баррасӣ нашудани парвандаҳои паноҳандагӣ, афғонҳоро водор мекунад, ки ба ҳадафи рафтан ба кишварҳои аврупоӣ ва амрикоӣ, хатарҳои зиёдеро таҳаммул кунанд. Ахиран як киштии муҳоҷирони афғон дар обҳои Италия ғарқ шуд ва даҳҳо нафар ҷон бохтанд.

Дархост барои ёрӣ ба паноҳандагони афғон дар кишварҳои ҳамсояи Афғонистон дар ҳоле сурат мегирад, ки созмони Дидбони ҳуқуқи башар ахиран гуфт, 2700 паноҳҷӯи афғон дар Абузабӣ дар Имороти Муттаҳидаи Араб дар шароити боздошт нигаҳдорӣ мешаванд. Ба гуфтаи созмон, бисёре аз ин паноҳандагон пас аз сипарӣ кардани беш аз 15 моҳ дар бесарнавиштӣ ба сар мебаранд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG