Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Заминларзаи дигар дар Тоҷикистон, марказаш дар Суғд


Соати яку ҳафт дақиқаи 23-юми март дар Тоҷикистон заминларза рӯй дод.

Ба иттилои хабарнигорони мо дар Душанбе, баъзе аз сокинони биноҳои баландошёна дигарбора ба берун баромаданд.

Созмонҳои зилзиланигории ҷаҳон зуд навиштанд, ки маркази заминҷунбӣ дар Тоҷикистон буд ва нерӯяш ба зиёда аз панҷ дараҷа мерасид.

Пажӯҳишгоҳи геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмологияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон тасдиқ кард, ки маркази заминларза "дар километри 95-уми самти ҷанубу шарқии шаҳри Хуҷанд, дар умқи 20 километр буд".

Ба иттилои манбаъ, нерӯи заминларза дар марказ ба 5.9 дараҷа ва дар шаҳри Душанбе ба 4 дараҷаи Рихтер баробар буд.

Заминҷунбиро дар Қирғизистону Узбекистон ҳам эҳсос кардаанд.

Шаби 21-уми март низ дар Тоҷикистон замин такон хӯрд. Шиддаташро 5 дараҷаи Рихтер гуфтанд. Марказаш дар Афғонистон буд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG