Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Толибон иддао кардаанд, ки волии Балхро шаҳрвандони Тоҷикистон куштанд


Мавлавӣ Муҳаммаддовуд Муззаммил, волиии Толибон дар вилояти Балх
Мавлавӣ Муҳаммаддовуд Муззаммил, волиии Толибон дар вилояти Балх

Толибон иддао кардаанд, ки дар қатли волиии дастнишондаи онҳо дар вилояти Балх тоҷикистониҳои узви ДОИШ низ даст доштаанд.

Мавлавӣ Муҳаммаддовуд Муззаммил, волиии Толибон дар вилояти Балх рӯзи 9-уми март дар назди идорааш дар маркази вилояти Балх кушта шуд. Дар ин ҳамла 2 нафари дигар кушта ва ба гуфтаи расонаҳои маҳаллӣ бештар аз 30 каси дигар маҷруҳ шудаанд.

Раёсати иктишофии ҳукумати Толибон рӯзи 26-уми март дар саҳифааш дар Твитер хабар дод, ки дар робита ба қатли Мавлавӣ Муҳаммаддовуд дар амалиёте дар Балх се узви муҳими ДОИШ-ро куштанд. Толибон аз онҳо “Мавлавӣ Зиёвиддин, нафари дуюми ДОИШ, Абу Умар Афридӣ, як узви Шӯрои шохаи хуросонии ДОИШ ва Устод Салмони Тоҷикистонӣ, яке аз масъулони омӯзишҳои низомии ДОИШ” ном бурдаанд.

Дурустии иддаои Толибон аз манобеи дигар ҳанӯз дастрас нест ва маълум нест, ки онҳо то куҷо рост мегӯянд. Дар гузашта Толибон гузоришҳои беасос низ пахш кардаанд.

Хабаргузории русии ТАСС аз қавли мақомоти Толибон хабар додааст, ки ин гурӯҳ дар амалиёте дар вилояти Форёб чанд узви дигари ДОИШ-ро боздошт кардаанд, ки дар миёнашон шаҳрвандони Тоҷикистон низ ҳастанд. Толибон онҳоро низ дар қатли волии худ гумонбар донистаанд. Ба иддаои Толибон, “шаҳрвандони Тоҷикистон барои анҷоми қатл тоза вориди Афғонистон шуда будаанд.”

Назари мақомоти Тоҷикистон ба боздошти шаҳрвандонаш маълум нест, вале дар гузашта мақомоти тоҷик борҳо боздошти тоҷикон барои узвият дар ДОИШ дар Афғонистонро тасдиқ карда буданд.

ДОИШ дар гузашта масъулияти куштани фармондеҳи амниятии Толибон дар Бадахшонро низ бар уҳда гирифта буд.

  • Акси 16x9

    Радиои Озодӣ

    Радиои Озодӣ ахбореро нашр ва масъалаҳоеро инъикос мекунад, ки дар расонаҳои давлатии Тоҷикистон намебинед ва ё расонаҳои дигар аз инъикоси онҳо худдорӣ меварзанд. Мо ба мардум хабарҳои саривақтӣ ва санҷидашударо мерасонем ва гузоришҳои таҳлилӣ, мусоҳибаҳои ҷолибро бо сиёсатмадорон ва афроди хабарсоз пешкаш мекунем.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG