Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Фаъоли зиндонии тоҷикро “карантин” кардаанд  


Маҳмурод Одинаев, муовини маҳкумшудаи раиси ҲСДТ
Маҳмурод Одинаев, муовини маҳкумшудаи раиси ҲСДТ

Маҳмурод Одинаев, муовини маҳкумшудаи раиси Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистонро дар шифохонаи зиндони шаҳри Ваҳдат “карантин” кардаанд, то беморияш ба дигарон нагузарад.

Пайвандонаш рӯзи 29-уми март ба Радиои Озодӣ хабар доданд, ки ӯ бемори зардпарвин ё варами ҷигар аст.

Ҳабибулло Ризоев, писари Маҳмурод Одинаев, гуфт, “то поёни карантин чанд рӯзи дигар мондааст. Масъулони маҳбас тасмим гирифтанд, барои муолиҷаи фишори хуну бемории дилаш дар шифохона нигоҳ доранд. Барояш дору медиҳанд."

Ба нақли наздиконаш, пойҳои фаъоли зиндонии сиёсӣ аз кор монда, "аз фишори хун, бемории дилу дарди пешобдон (аденома) низ азият мекашад".

Зубайда Ҳакимова, ҳамсари Маҳмурод Одинаев, ки дар аввали моҳи феврали имсол шавҳарашро дида буд, гуфт, "ҳеч беҳбудӣ дар саломатии ӯ дида намешуд. Ду сол пеш, вақте аз ҳолаш хабар мегирифтам, роҳ гашта наметавонист ва аз бемори дилу фишор шикоят мекард. То ҳол беҳбудӣ нест."

Маҳмурод Одинаевро ба гуноҳи “авбошӣ" ва "даъват ба сарнагунии ҳокимият” дар моҳи январи соли 2021-ум 14 сол зиндонӣ карданд.

Қазияи боздошт ва ҳукми зиндони Маҳмурод Одинаев аз ҷалби маҷбурии писараш ба сафи нерӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон дар тирамоҳи соли 2020 сар шуд.

Наздиконаш мегӯянд, ӯ дар назди комиссариати ҳарбии шаҳри Ҳисор эътироз ва намояндагони давлатро танқид карду "мақомот аз ӯ қасос гирифтанд".

Созмонҳои байнулмилалӣ Тоҷикистонро барои боздошту зиндонӣ кардани Маҳмурод Одинаев сахт танқид карда, озодии ӯро хостанд.

Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсии Тоҷикистон Маҳмурод Одинаевро аз ҷумлаи 200 “маҳбуси сиёсӣ”-и тоҷик ном мебарад. Мақомот будани маҳбусони сиёсиро дар зиндонҳои кишвар инкор мекунанд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG